Гелос, гелоси ширин, гелоси худрӯ (лот. Prúnus avíum) — як навъ дарахти мевадор.
Гелос |
---|
|
Триба: | Amygdaleae Juss., 1789 |
|
Prunus avium (L.) L., 1755 |
- Cerasus avium (L.) Moench
- Prunus cerasus var. avium L.[2]
|
|
Маълумоти аввалин оид ба гелос дар осори олими юнонӣ Варрон (охири садаи I то м.) мавҷуд аст. Чанде баъд лашкаркаши юнонӣ Лукулл гелосро аз Киразоси шоҳигарии Понтий ба Рум бурдааст, ки номи лотинии ҷинси он (Сеrаsуs) низ аз ҳамин ҷост. Гелосро дар Қрим, Қафқоз, Украина, Молдова, Закавказия, Аврупои Ғарбӣ, Осиёи Марказӣ, ҷамоҳири Балтика, Белоруссия мепарваранд.
Дарахти гелос калон буда, 12–20 м қад мекашад, ғафсии танааш 60–90 см; 80–100 сол умр мебинад. Шохсораш каме парешон, аҳромшакл. Пӯстлохи шоху навдааш ҳамвор, дорчинӣ, баъзан сурхча. Баргаш калон, дарозрӯя (то 18 см), байзашакл, пушташ пашмакдор. Гулаш сафед (баъдтар гулобӣ мешавад), калон (қутраш то 3 см). Мевааш мудаввар, баъзан дилшакл ё байзамонанд (вазнаш 3,5–5,3 г, дарозиаш 11–15 мм, бараш 9–12 мм), сурхи баланд, сиёҳтоб, зард. Дар таркиби меваи гелос 18,0% қанд, 0,32–1,29% ҷавҳар, 0,19–0,26% клетчатка, 0,03–0,21% моддаҳои даббоғӣ, 0,46–0,71% моддаҳои пектинӣ, витамини С, провитамини А мавҷуд аст. Донакаш (0,25–0,95 г) тақр. 8,5–9 дарсади меваро ташкил медиҳад.
Гелоси худрӯй дар нишебиҳои серрутубати кӯҳсори Эрон, Осиёи Хурд, Европаи Ғарбӣ, Кавказ, Қрим, Украина, Молдавия мерӯяд[3].
Он дарахти рӯшноиву гармипарвар аст. Дарахташ аз сармои –30°С, гулмуғҷаҳо аз хунукии –24°С зарар мебинад. Ниҳоли гелосро дар заминҳои ҳосилхези намнок бо тартиби 7–6 х 6–5 мешинонанд. Дар хоки ҳавонорас, шӯразамин ва заминҳои заҳ шоху танааш шилм баста, зуд мехушкад. Гелосро, асосан, аз бехҷаст ва бо роҳи муғҷапайванду исканапайванд зиёд мекунанд. Ба ҳар га замини гелосзори навбунёд 30–45 кг нурии нитрогендор, 30–45 кг нурии фосфордор, 30 кг нурии калийдор меандозанд. Ба дарахтон дар мавсим 3–5 бор об мондан лозим аст.
Парвариши гелос дар Тоҷикистон
вироиш
Гелос дар ҳамаи ноҳияҳои Тоҷикистон парвариш карда мешавад. Дар Тоҷикистон асосан навъҳои «Гулобии зард», «Дроганаи зард», «Багратион», «Негритианка», «Дейбераи сиёҳ» парвариш карда мешавад. Аксари навъҳои гелос ҳангоми худгардолудӣ ҳосили кам медиҳанд. Аз ин рӯ, ниҳоли онро бояд якҷо бо дигар навъҳо шинонд (4–6 қатор навъи асосӣ ва 1–2 қатор навъи гардолудкунанда). Ниҳоли гелос баъди 4 сол бор меорад. Нисбат ба олуболуву себ зудтар ва нисбат ба зардолуву шафтолу дертар гул мекунад. Гелос дарахти серҳосил аст. Дар Тоҷикистон аз ҳар га 60–140 сентнер ҳосил мегиранд. Баъзе дарахтони гелос то 250–300 кг самар медиҳанд.
Меваи гелосро барои тархӯрӣ, тайёр кардани хушоб, шарбат, нӯшоба, мураббо истифода мебаранд. Аз тухми гелос равғани эфир мекашанд.
Муаллифи китоби «Муҳити аъзам» Муҳаммад Аъзамхон қайд кардааст, ки
«Гелос ғизои андак бидиҳад ва ба сабаби рутубат ва лузуҷате, ки дорад, зудгузаранда аз меъда аст. Ҷиҳати дуруштии ҳалқ, шуш ва сурфа нафъ дорад. Ва зарар дорад ба ҳазми меъда агар бисёр хӯранд. Ва ба хилте, ки ғолиб аст, мубаддал мегардад, барои ин гелосро баъд аз таом набояд хӯрд».
Дар тибби халқӣ шарбат ва ҷӯшоби гелосро барои иштиҳо ва ҳазми хӯрок истифода мекунанд. Ҷӯшоб ё компоти он чун давои балғамрон ҳангоми бронхит ва трахеит нофеъ аст; табро паст карда ба ҷисм неру ато мекунад. Гелос таъсири исҳоловар дорад. Кӯфтаи гулу барги тарашро ба ҷароҳат, ҳафтпӯст, думбал ва доғи кунҷидак гузошта мебанданд.
Бино ба ақидаи табибони мардумӣ агар гелосро бихӯранд, дарунро меронад, шикамро мулоим мекунад (хусусан агар бо донакаш хӯрда шавад), олати мардиро ба ҳаракат меорад; хушкашро бихӯранд, дарунро мебандад. Шилми гелос хусусияти поксозӣ дорад, часпак буда, ахлоти часпакро меканад; барои дағалии роҳи нафас, неку гардонидани ранги рухсор ва ангехтани иштиҳо даво мебошад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Миқдори як бор хӯрдан аз шилми гелос дар як рӯз 4 грам аст. Агар он шилмро маҳин соида, чун сурма ба чашм кашанд, нури чашмро тез мекунад.
Табибони мардумии афғон бо думчаи гелос дарди санги гурдаро табобат менамоянд: 2 қошуқ думчамеваи хушкро ба 2 истакон оби ҷӯш андохта, 15 дақиқа рӯи оташи паст мегузоранд. Баъди таҳшин шудан, онро полуда ҳангоми дарди санги гурда рӯзе 3 — 4 маротиба 0,5 истакон менӯшанд.
Дар тибби илмӣ меваи гелосро дар мавриди камхунӣ, газаку захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, заъфи рӯда, дарди рӯдаи ғафс ва ғайра тавсия медиҳанд.