Ашёи тақсимнашаванда


Ашёи тақсимнашаванда - дар ҳаёт баъзан барои тақсим намудани ашё, амвол, молу мулк зарурат ба миён меояд. Одатан, дар бисёр ҳолатҳо масъалаи тақсим намудани ашё, амвол дар муносибати моликияти умумӣ, тақсими молу мулки ҳамсарон, тақсими молу мулки шахси юридикии барҳамдодашаванда ва ғайра ба миён меояд. Дар чунин ҳолатҳо суд бояд дар навбати аввал муайян намояд, ки ашё тақсимшаванда аст ё тақсимнашаванда аст. Агар ашё, амвол дар мавриди тақсим кардан моҳият, таъинот ва қимати худро гум кунад, он тақсимнашаванда аст. Масалан, китобхона, маҷмӯи лавозимоти таомхурӣ, маҷмӯи зарфҳои чинӣ, мебел ва ғайра.[1]

Нигаред низВироиш

Қонун

ЭзоҳВироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.74