Ӯрунбой Ашӯров
Ӯрунбой Ашӯрович Ашӯров (Ashurov Urunboy; 1903, Марғелони нав, вилояти Фарғона[1] — 1938, Сталинобод[2]) — ходими ҳизбӣ ва давлатии шӯравӣ, котиби якуми КМ ҲК(б) Тоҷикистон (1937).
Раиси Шӯрои Комиссарони ҶШС Тоҷикистон
|
|
---|---|
феврал — 16 сентябри 1937 | |
Пешгузашта | Абдулло Раҳимбоев |
Ҷонишин | Маҳмадалӣ Қурбонов |
16 январ — 4 октябри 1937 | |
Пешгузашта | Сурен Константинович Шадунс |
Ҷонишин | Дмитрий Захарович Протопопов |
3 январи 1935 — 20 августи 1936 | |
Пешгузашта | Иброҳим Исмоилов |
Ҷонишин | Сайфулло Абдуллоев |
Комиссари халқии молоияи ҶШС Ӯзбекистон
|
|
май — июни 1929 | |
Таваллуд |
1903 |
Даргузашт |
1938 |
Ҳизб | |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишСоли 1903 дар оилаи ӯзбек,[3] деҳқони камбағал, ки дар ҷустуҷӯи кор бар Марғелони нав аз Хуҷанд кӯчида буд, ба дунё омадааст. Соли 1915 мактаби руссии маҳаллиро хатм намуда, баъдан дар Омӯзишгоҳи шаҳрии Фарғона таҳсил кардааст (1915—1916).
Ҳуруфчини матбааи вилояти Фарғона (1918-1920), корманди Комиссияи фавқулода оид ба мубориза бо аксулинқилобиён дар вилояти Фарғона, корманди масъули Ҳизби коммунистӣ ва муовини раиси Кумитаи инқилобии уезди Марғелон, раиси комиҷроияи уезди Фарғонаи Ҷумҳурии Мухтори Шӯроии Сотсиалистии Туркистон (1920-25), котиби масъули Кумитаи Ҳизби коммунистии шаҳри Фарғона, котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунистии округи Андиҷон (1925-1929). Шунавандаи Академияи коммунистии шаҳри Маскав (1929-30), раиси Марказ оид ба колхозҳои Осиёи Миёна, ҷонишини мудири шуъбаи Бюрои Осиёимиёнагии КМ ВКП (б) (1931-1934). Котиби дуюми КМ ҲК(б) Тоҷикистон, корманди масъули КМ ВКП(б), котиби якуми КМ ҲК(б) Тоҷикистон (1934-1936).
Ҷоизаҳо
вироишПайвандҳо
вироиш- Ашуров Урунбай(рус.). Справочник по истории Коммунистической партии и Советского Союза 1898—1991. 24 июни 2015 санҷида шуд.
- Ашуров Урумбай Ашурович(рус.). ЦентрАзия. 24 июни 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 октябри 2014.
- Ашуров Урумбай Ашурович(рус.). Люди и Книги. 24 июни 2015 санҷида шуд.
- Ашуров Урумбай Ашурович(рус.). Биографический словарь. Архив Александра Н. Яковлева. 24 июни 2015 санҷида шуд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Ҳозира — Фарғона, Ӯзбекистон.
- ↑ Ҳозира — Душанбе, столица Тоҷикистон.
- ↑ По другим Бойгонӣ шудааст 13 октябри 2014 сол. данным — в узбекской семье.
- ↑ Справочник по истории….
- ↑ ЦентрАзия.