Ашӯр Сафар
Ашӯр Сафар (1 майи 1928, деҳаи Руботинтак, ноҳияи Ҳамадонӣ — 10 январи 1997, Кӯлоб) — шоири тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон (1991), Аълочии маорифи халқи ИҶШС, Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1962), Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1967).
Ашӯр Сафар | |
Таърихи таваллуд: | 1 май 1928 |
Зодгоҳ: | деҳаи Руботинтак, ноҳияи Ҳамадонӣ |
Таърихи даргузашт: | 10 январ 1997 (68 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Кӯлоб |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | шоир |
Ҷоизаҳои адабӣ: | Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1967), Шоири халқии Тоҷикистон (1991), Аълочии маорифи халқи ИҶШС, Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1962). |
Зиндагинома
вироишАшӯр Сафар 1 майи 1928 дар деҳаи Руботинтак, ноҳияи Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Курси дусолаи муаллимтайёркуниишаҳри Кӯлоб (1953) ва факултети филологияи тоҷики Институти педагогии Кӯлоб (ҳозира ДДК)-ро хатм кардааст (1958). Омӯзгори мактаб (1951—1956; 1973—1975), нозири шуъбаи маорифи халқи Кӯлоб (1958—1959), ходими адабии рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб» (1959—1963), мухбири махсуси Радиои тоҷик дар собиқ вилояти Кӯлоб (1963—1969), инчунин дар вазифаҳои гуногуни соҳаи маорифи халқи шаҳри Кӯлоб (1969-73), директори стансияи табиатшиносони ҷавони собиқ вилояти Кӯлоб (1975—1980) кор кардааст. Аз соли 1980 омӯзгори мактаби миёна. Ӯ 10 январи 1997 дар шаҳри Кӯлоб вафот кардааст.
Эҷодиёт
вироишАввалин шеъраш соли 1951 ба табъ расидааст. Муаллифи маҷмӯаҳои «Ибтидои роҳ» (1964), «Илҳом» (1970), «Фарзанди аср» (1973), «Хандаи гулҳо» (1976), «Дастёри додо» (1979), «Самари умр» (1980), «Гули моҳтоб» (1983), «Базми садоқат» (1984), «Раиси Миралӣ» (1985), «Холи фатир» (1987), «Гулгардонӣ» (1989), «Гулбоғ» (1990), «Цветок луны» (1992), «Достони нотамом» (1997), «Гулчини ашъор» (1997), «Мунтахабот» (1998), «Гуфтори алифбо» (2005), «Борони ҳидоят» (2008) аст. Дар эҷодиёти Ашӯр Сафар ҳаҷв мавқеи муҳим дорад. Нахустин маҷмӯаи ашъори ҳаҷвиаш «Гапи падар» (1987) буда, шахсони муфтхӯр, фиребгару қаллобро зери танқид гирифтааст. Маҷмӯаи ашъораш «Плоды жизни» (ба забони русӣ, 1984), «Гулчини ашъор»-аш (ба хатти арабӣ, Т., 1997) ба табъ расидаанд. Ҳамчунин осори адибони гуногуни ҷаҳон Р. Ҳамзатов, П. Хузангай ва дигарон шоирони замони шӯравиро ба тоҷикӣ гардондааст. Ашъори ҷудогонааш ба забонҳои русӣ, ӯзбакӣ, арманӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва ғ. тарҷума шуда, тарҷумаи маҷмӯаҳои Семен Данилов «Офтоби зимистон» (1985), Қармис Дусанов «Табассуми офтоб» (1987) ва Захария Станку «Сатрҳои одӣ» (1990) ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Очерку мақолаҳояш дар матбуот нашр шудаанд.
Ҷоизаҳо
вироишНекдошт
вироишДар шаҳри Кӯлоб майдон, китобхона, мактаби миёнаи № 50 ва кӯчае ба ифтихори Ашӯр Сафар номгузорӣ шудаанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Ашӯр Сафар // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.