Соли 1991
(Тағйири масир аз 1991)
1991.
Соли 1991 (ҳазору нуҳсаду наваду якум) дар гоҳшумории мелодӣ — несоли кабиса, оғоз дар рӯзи сешанбе. Ин 1991 соли даврони ҳозир, 991 соли ҳазораи 2, 91 соли садаи XX, 1 соли даҳаи 10 садаи XX, 2 соли даҳаи 1990-ум.
РӯйдодҳоВироиш
феврал 1991Вироиш
- 21 феврал – дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи ғайридавлатӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ» қабул гардид.[1]
Март 1991Вироиш
- 17 март – аввалин раъйпурсии умумихалқӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба бақои ИҶШС. Дар он зиёда аз 70% ба тарафдории Иттиҳоди Шӯравӣ овоз доданд.
июн 2001Вироиш
- 28 июн – таъсиси Бонки Миллии Тоҷикистон.
август 1991Вироиш
- 29 август – дар иҷлосияи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Президенти ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамовро, барои дастгирии (КДВФ – ГКЧП), маҷбур намуданд, ки ба истеъфо равад. Иҷрои вазифаи Президентӣ ба уҳдаи Қадриддин Аслонов, ки раиси муваққатии Шӯрои Олӣ буд, гузошта шуд.
- 31 август – ҶШС Тоҷикистон минбаъд Ҷумҳурии Тоҷикистон ном гирифт.
сентябр 1991Вироиш
- 9 сентябр – дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии ҷумҳурӣ қабул гардидани Изҳорот «Дар бораи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
- 23 сентябр – дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон Қ.Аслонов аз вазифаи раиси Шӯрои Оли озод ва ба ин вазифа Раҳмон Набиев интихоб шуд. Раҳмон Набиев дар як вақт иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
октябр 1991Вироиш
- 26 октябр — ба фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иҷозат дода шуд.
ноябр 1991Вироиш
- 24 ноябр – рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар интихоботи умумихалқӣ ғолиб баромадани Раҳмон Набиев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани ӯ.[2]
декабр 1991Вироиш
- 8 декабр – ҷамъомад дар бешазори Беловежскийи Белорус, бо иштироки Президентон - Б. Н. Елсин (Федератсияи Русия), Л. Кравчук (Украина) ва С. Шушкевич (Беларусия). Беэътибор ва бекор намудани шартномаи 30 декабри соли 1922 барои таъсиси ИҶШС – СССР. Ба имзо расонидани шартномаи нав дар бораи таъсис намудани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ – СНГ) аз ҷониби Русия, Украина ва Белорусия.
ЗодрӯзҳоВироиш
Бознигаред: Гурӯҳ:Зодагони соли 1991
ДаргузаштҳоВироиш
Бознигаред: Гурӯҳ:Даргузаштагони соли 1991
АдабиётВироиш
- Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – С. 550-551.
ЭзоҳВироиш
Нигаред низВироиш
Соли 1991 дар Викианбор |