Аълохон Афсаҳзод
Аълохóн Афсаҳзóд (10 ноябри 1935, деҳаи Ворӯ, ноҳияи Панҷакент – 15 июли 1999, Душанбе) — адабиётшинос-шарқшинос, матншинос, мунаққиди тоҷик, доктори илмҳои филология (1983), Ходими шоистаи илми ҶТ (1995). Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1989.
Таърихи таваллуд | 10 ноябр 1935 |
---|---|
Зодгоҳ | деҳаи Ворӯ, ноҳияи Панҷакент |
Таърихи даргузашт | 15 июл 1999 (63 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар |
СССР Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | адабиётшиносӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Университети давлатии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи УДТ (1961). Хидмат дар сафҳои Артиши Шӯравӣ (1954–1955), омӯзгори мактаби миёна (1956–1960), тарҷумон дар Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1960–1961). Солҳои 1961–1962 лаборант, 1962–1968 ходими хурди илмӣ, 1968–1970 ходими калони илмии Шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ, 1971–1999 мудир буд. Нахустин мақолаҳояш дар нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ солҳои 60 асри XX таълиф шудаанд.
Пажуҳишот
вироишАълохон Афсаҳзод яке аз пуркортарин ва пурмаҳсултарин донишмандони тоҷик маҳсуб мешавад. Ба қалами ӯ беш аз 600 таълифот (монографияҳо, рисолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва ғайра) тааллуқ доранд. Доира ва самти пажӯҳишҳои илмии Афсаҳзод хеле васеъ буда, масъалаҳои таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик (рисолаҳои «Ҳофизнома», 1971; «Камоли Хуҷандӣ», 1976; «Абдураҳмони Ҷомӣ», 1978; «Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи дуввуми асри XV», 1985; «Одамушшуаро Рӯдакӣ», 2003 ва ғайра), адабиёти муосири тоҷик (мақолаҳои танқидӣ адабӣ, таҳқиқи масъалаҳои гуногуни эҷодиёти С. Айнӣ, М. Турсунзода – «Ифтихори Шарқ», Ғ. Абдулло, С. Улуғзода, Ф. Ансорӣ, Ҷ. Икромӣ, А. Сидқӣ ва дигарон), муаррифии шоирону нависандагон ва адибони Эрону Афғонистон (мураттиби маҷмӯаи ашъори шоирони Эрон – «Амвоҷи Корун», мақолаи «Назаре ба шеъри форсизабонон») ва ғайраро дар бар мегирифт. Омӯзиши ҳаёту эҷодиёт ва афкори Абдураҳмони Ҷомиро Афсаҳзод аз таҳқиқи «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ӯ шурӯъ кард ва баъдан омӯзиши кулли эҷодиёти ӯро фаро гирифта, яке аз ҷомишиносони маъруф дар доираҳои илмии Шарқу Ғарб шинохта шуд. Афсаҳзод дар бораи Ҷомӣ асарҳои таҳқиқии бисёре таълиф намудааст: «Рӯзгор ва осори Абдураҳмони Ҷомӣ» (1980), «Таҳаввули афкори Абдураҳмони Ҷомӣ» (1981), «Лирикаи Абдураҳмони Ҷомӣ» (ба забони русӣ М., 1985), «Ҷомӣ – адиб ва мутафаккир» (1989), «Ҷомӣ – шоири ғазалсаро», «Нақд ва баррасии осору шарҳи аҳволи Ҷомӣ» (Т., 1999) ва ғайра Солҳои 60 асри XX Афсаҳзод дар ҳамкорӣ бо донишмандони Институти шарқшиносӣ осори Ҷомиро дар Душанбе дар панҷ ҷилд ва дар Теҳрон дар ҳафт ҷилд (ба алифбои арабии тоҷикӣ; 1999–2001) ба табъ расонд. Ин кори ӯ дар Эрон бо Ҷоизаи байналмилалии «Китоби сол» (2000) ва дипломи ёдгории «Баҳори озодӣ» қадр карда шуд. Афсаҳзод ҳикоёти нависандагони русу кишварҳои Аврупо, осори драмавии Ж. Ж. Руссо «Пигмалион» (1962), Ж. Б. Молйер «Ашрофпараст» (1972), А. Н. Островский «Гирдоби бало» (1978), Тавфиқ Ҳаким «Султони ҳайрон» (1980). «Ҷойи сердаромад» (1981), Е. Шварс «Шоҳи урён» (1983), В. Кримко «Маҷрӯҳон» (1984) ва ғайраро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Кӯчаи Советии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба номи ӯ — кӯчаи Аълохон Афсаҳзод гузошта шуд.
Ҷоизаҳо
вироишРойзании фарҳангии Сафорати ҶИЭ ҷоизае ба номи Афсаҳзод таъсис кардааст, ки ба пажӯҳишгарони масоили адабиёти форс-тоҷик дода мешавад. Нахустин барандагони ин ҷоиза дар соли 2004 А. Афсаҳзод барои китоби «Одамушшуаро Рӯдакӣ», А. М. Хуросонӣ ва Ҷ. Назрӣ барои китоби «Нома ва номанигорӣ дар «Шоҳнома» буданд. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1985) сарфароз гардидааст[1].
Осор
вироиш- Академик Абдулғанӣ Мирзоев. Душанбе, 1984;
- Дар сафи бузургон. Душанбе, 1986;
- Пайванди қарнҳо. Душанбе, 1989;
- Корвони сухан. Душанбе, 1994.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.125-126
Адабиёт
вироиш- Осорномаи Аълохон Афсаҳзод. - Душанбе, 2005.