Ворӯ
Ворӯ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ворӯи ноҳияи Панҷакент. Аз Ворӯ то маркази ноҳия 85 км; роҳи автомобилгард. Аҳолиаш 1347 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Панҷакент |
Ҷамоат | Деҳоти Ворӯ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1347 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонон, ҳанафиҳо |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3475 |
Нишонаи почта | 735500 |
Ҷуғрофиё
вироишВорӯ дар қисмати ҷанубу шарқии ноҳияи Панҷакент, дар нишебии кӯҳи Ӯлғар (аз суғдии абарғар — кӯҳи баланд) ва қисмати ғарбии қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар соҳили чапи дарёи Ворӯ, дар баландии 2300-3000 м аз с. б. ҷойгир аст. Баъди солҳои 60-уми асри ХХ баъзе оилаҳои Ворӯ ба водӣ, ба деҳаи навтаъсиси Шӯрча, ки айни замон номи Рукнободро дорад, кӯчида омаданд.
Иқтисод
вироишМактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 нуқтаи савдои хусусӣ, масҷид, маркази саломатӣ, осиёби хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, ғаллакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз чашмаҳои Масоғар, Алистон, Арчамайдон, Сармад ва Хучикрӯд обёрӣ мешаванд.
Ҳоло дар Ворӯ хоҷагии деҳқонии «Ворӯ» ва 10 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва оилавӣ мавҷуд аст.
Таърих
вироишТибқи бозёфтҳои бостоншиносӣ дар Ворӯ одамон 4-5 ҳазор сол пеш аз м. маскун шудаанд. Сафолпораҳо, зарфҳои гилӣ, сафоливу филиззӣ ва дигар санадҳои бостоншиносӣ гувоҳи онанд, ки Ворӯ дар даврони Искандари Мақдунӣ мавҷуд буда, ба сифати паноҳгоҳ ва истеҳкоми дифоӣ — низомӣ хидмат мекардааст. Ҳамчунин, дар ҳудуди Ворӯ тангаҳое ёфт шудаанд, ки дар тақлиди тангаҳои юнонӣ зарб зада шуда, аз тангаҳои сӯрохдори суғдӣ қадимтаранд. Дар болои яке аз чунин тангаҳо, сурати шоҳи бетоҷу дайҳим тасвир ёфта, дар зери он бо ҳарфҳои хонои суғдӣ «PNZ» навишта шудааст, ки «Панҷ» хонда мешавад ва замоне, пас аз истилои Искандар шоҳе бо номи Панҷ дар болооби Зарафшон истиқлол ба даст оварда, ба номи худ тангаҳоро зарб задааст. Ин танга дар шарҳи этимологии вожаҳои «Панҷ»-у «Панҷакент» саҳми калидӣ хоҳад гузошт. Мутобиқи маълумоти маъхазҳо аҳолии таҳҷоӣ то садаи XVIII ба суғдӣ (лаҳҷаи маҳаллӣ) ҳарф мезадаанд. Инчунин, тангаҳои давраи интишори ислом дар Осиёи Марказӣ ёфт шудаанд, ки баъди вуруди оилаҳои нави забонҳо омезиш ёфта, оҳиста-оҳиста забони суғдӣ маҳдуд шудан гирифтааст. То садаи XVII дар Ворӯ ҷамъиятҳои пайрави ойинҳои қадимии меҳрпарастӣ ва зардуштӣ зиндагӣ мекардаанд. Аҷдодашон алайҳи истилогарони аҷнабӣ муборизаи шадид мебурданд.
Дар ибтидои истилои араб яке аз марказҳои омодагии ҷангӣ бар зидди истилогарон дар мавзеи Сармад қарор дошта, сипаҳсолорони суғдӣ аз ин ҷо шӯришҳоро сарварӣ мекарданд. Дар ибтидои садаи XVII, баъди боридани барфи бисёре («барфи сурх») хонаҳо зери барф монда, қисми зиёди аҳолии Ворӯ нобуд мегарданд, қисми ками зиндамондагон низ ҷониби шарқии қ-кӯҳи Ҳисор (дараи Киштӯди имрӯза) ва ноҳияи Сариосиё паноҳ мебаранд ва муддате дар он ҷойҳо маскун мешаванду Ворӯ беодам мемонад. Дертар ворӯиҳои дар Ҳисор паноҳбурда дар замини аҷдодонашон маскун шудани оилаҳои бегонаро фаҳмида, ба зодгоҳи худ бармегарданд ва ба қозии Киштӯд исбот мекунанд, ки онҳо аз қавмҳои таҳҷоии Ворӯ буда, васиқаи заминҳои он ҷоро доранд. Мардуми аслии Ворӯ бо аҳолии деҳаҳои атроф, ш.-ҳои Панҷакент ва Самарқанд пайвандӣ доранд.
Замоне деҳаи Ворӯро Бухорои кӯчак ё Бухорои сонӣ меномиданд. Сабаби «Бухорои кӯчак» ном гирифтани Ворӯ дар зебоиву паҳноварӣ набуда, балки системаи таълимӣ ва хоҷагидорииаш онро шабеҳи Бухоро карда ва бо шарофати фориғутаҳсилони макотибу мадориси Самарқанду Бухоро унвони «Бухорои кӯчак»-ро ба худ гирифтааст. Фориғутаҳсилони деҳа нисбат ба дигар хатмкардагони деҳаҳовy финои Бухорои онвақта бисёр буданд ва инчунин аз донишу заковат ва бинишу малакаи фавқулодае бархурдор буданд.
Қабл аз вуруди сарбозони Шӯрави ба хоки ин сарзамин бошандагони Ворӯ машғули чорводорӣ ва деҳқонӣ буданд ва бо заҳмату талошҳои шабонарӯзиашон қути лоямут ба даст меоварданд.
Донишмандони диёр
вироиш- Аълохон Афсаҳзод — доктори илмҳои филологӣ, профессор,
- Ансор Афсаҳов — номзади илмҳои филологӣ, профессор.
- Абдуваҳҳоб Бобоҷонов — доктори илмҳои биологӣ, профессор.
- Нофеъ (Муқим) Умаров — доктори илмҳои биологӣ, профессор.
- Мунир Калемуллоев — доктори илмҳои иқтисодӣ,профессор.
- Аббос Афсаҳзод — номзади илмҳои филологӣ, дотсент.
- Аббос (Нуралӣ) Собиров — номзади илмҳои таърих, дотсент.
- Абӯбакр Зубайдов — номзади илмҳои таърих, дотсент.
- Дӯстмурод (Сайидсалом) Бобоев — номзади илмҳои филологӣ, дотсент,
- Ҳабиб Исматов — номзади илмҳои физика ва математика, дотсент,
- Ҳофиз Ҳофизов — номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.
- Сайфулло (Сафеюллоҳ) Исматов — номзади илмҳои физика ва математика, дотсент,
- Шедфар Самадов — номзади илмҳои тибб.
- Бегмурод Амондуллоев — номзади илмҳои фалсафа, дотсент,
- Қамарулҳақ Нурулҳаққов — номзади илмҳои фалсафа, дотсент,
- Иршод Атоӣ — номзади илмҳои биологӣ, дотсент,
- Меҳрдод Субҳонӣ — номзади илмҳои физика ва метаматика, дотсент.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ҷумъаев Р. Баъзе расму одатҳои тоҷикони болооби Зарафшон. Д., 2012;
- Арандаренко Г. Зимняя экспедиция г-м Абрамова в Верховье Зеравшана. ТВ., 1876;
- Семенов А. Материалы для изучения наречия горных таджиков Центральной Азии.// Грамматический очерк и памятники народного творчества и словарь. М., 1900;
- Семенов А. Этногра-фические очерки Зеравшанских гор, Каратегина и Дарваза. М., 1903;
- Липский В. И. Горная Бухара. Результаты трех путешествий в Среднюю Азию в 1896, 1897 и 1899 годах. СПб., 1905;
- Андреев М. С. Краткое сведение об этнографической экспедиции. Ташкент. 1924;
- Панков А. В. Положение, границы состав и админстративное деление Таджикистана. Ташкент, 1925. Федченко А. П. Путешествие в Туркестан. М., 1959;
- Хорошкин А. Сборник статей, касающихся до Туркестанского края. СПб., 1976.
Сарчашма
вироиш- Ворӯ / Д. Бобоев, Ш. Тошева // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5