Аъузу биллоҳ
Аýзу биллóҳ (ар. أعوذ بالله) — истиъоза, вожа ва таъбири Қуръонист ба маънои паноҳ бурдан ба Худованд аз ҳар гуна шарру бадӣ ва васвасаҳои шайтон.
Аъузу биллоҳ дар фарҳанги исломӣ
вироишИн таъбир дар фарҳанги исломӣ, бахусус омӯзаҳои қуръонӣ дуоест, ки инсон ба воситаи он худро дар паноҳи амни Худованд қарор медиҳад ва ҳар гуна зиён ва васвасаҳои аёну ноаёнро аз худ дур месозад. Гуфтани «Аъузу биллоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим» (ар. أَعُوذُ بالله مِنَ الشَّيْطَانِ الرَّجِيمِ ) дар ибтидои тиловати Қуръон, дар ибтидои намоз ва дар ҳар кор ва ҷое, ки инсон ба гунае дар зери таъсири васвасаҳо қарор мегирад, аз тавсияҳои Қуръон ва яке аз суннатҳои ислом мебошад. Худованд мефармояд: «Вақте Қуръон хондӣ, аз шайтони рондашуда ба Худо паноҳ биҷӯй!» (16:98). Дар ҷои дигар мефармояд: «Агар ба ту аз сӯи шайтон васваса, газанд ва ё таъсире расад, (аз вай) ба Худо паноҳ биҷӯй, ки Ӯ дар воқеъ, шунавову доно аст!» (7: 200. 41: 36).
Қуръони карим дар се маврид: (7:199, 200), (23:96–98) ва (41:34–36) дар муқобили душман ва газанду васвасаи шайтон инсонро барои паноҳ ҷустан ба Худованд амр менамояд, зеро онҳо ҳеч гуна бархӯрди нек ва созишеро намепазиранд. «Хубию бадӣ бо ҳам баробар нестанд, бо равише, ки аз ҳама беҳтар аст, бозгардон, пас ба ногоҳ он шахсе, ки дар байни ту ва вай адовате вуҷуд дорад, ба дӯсти наздике табдил мешавад ва ин дода намешавад, магар ба касоне, ки сабр намудаанд ва дода намешавад, магар ба соҳиббаҳраи бузург. Ва агар аз ҷониби шайтон газанд ва васвасае ба ту расад, пас, ба Худо паноҳ бибар, ки Ӯ воқеан ҳам шунавову доно аст!». (41:34–36).
Аъузу биллоҳ дар суннати Паёмбар (ﷺ)
вироишДар ривоятҳои суннат омадааст, ки Пайғамбар (ﷺ) вақте ба намози шаб бармехест, пас аз дуои истифтоҳ: «Аъузу биллоҳи-с-самиъи-л-ъалим мина-ш-шайтони-р-раҷим мин ҳамзиҳи ва нафхиҳи ва нафсиҳи» (Ба Худои шунавову доно аз шарри шайтони рондашуда: аз васвасаву ҷунун, такаббур ва бероҳсозиҳои вай паноҳ мебарам) мегуфт. Ба ривояти Ибни Масъуд Пайғамбар (ﷺ) пеш аз қироат «Аъузу биллоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим» мегуфт.
Истиъоза ба маънои васеаш аз як амри ғаризӣ ва асли фитрие дар вуҷуди инсон бархостааст. Инсон ҳангоми рӯёрӯӣ бо хатарҳо ва дар лаҳзаҳои заъф ва осебпазирии худ мекӯшад, то бо паноҳ ҷустан ба як нерӯи бартар ба оромиш даст ёбад. Қуръони Карим бо нузули аввалин сураҳои маккӣ – Нос ва Фалақ ба баёни истиъозаи ҳақиқӣ ва паноҳ бурдан ба Худованд пардохт ва тафаккури даврони ҷоҳилиро, ки паноҳ бурдан ба ҷинну шайтон ва таслимпазирӣ дар баробари нерӯҳои бадиро ривоҷ медод, аз миён бурд.
Тавсияи Ислом ба корбурди Аъузу биллоҳ
вироишИслом бо тавсия ба корбурди Аъузу биллоҳ дар ибтидои ҳар коре мехоҳад, пеш аз ҳама, нафс ва замири инсонро аз пасмондаҳои манфии равонӣ, сифатҳои номутаодили мизоҷӣ ва изтироботи ботинӣ пок ва эмин гардонад ва бо ҳидояти ӯ ба паноҳи амни Худованд заминаи боэътимоди иқдоми амалиро барояш фароҳам оварад. Дар ин олам мавҷудоте низ вуҷуд доранд, ки бо чашми одамӣ дида намешаванд ва баъзе аз онҳо, ба монанди ҷинҳо, шайтонҳо, микробҳо, аносири дигари номаълуми кайҳонӣ, ки дар кураи Замин равуо доранд ва ғайра ба ӯ зарар мерасонанд. Инсон, вақте онҳоро намебинад, наметавонад худро аз осебашон эмин нигаҳ дорад ва дар баробари онҳо ба танҳоӣ муқовимат намояд. Бинобар ин, Қуръони Карим ӯро ба ёрӣ хостан ва паноҳ бурдан ба ҳимояи Худованд амр менамояд. Дар ҷомеа одамоне низ вуҷуд доранд, ки саъйу талоши худро ба зиёни башарият равона карда, бо истифода аз сеҳру ҷоду, ҳар гуна рамзҳо ва формулаҳои тилисмӣ, шуъбадаҳо (фокусҳо) ва дигарон василаҳо ба одамон зарар ва осеб мерасонанд.
Аз ин рӯ, бар асоси таълимоти ислом, вақте инсонро хашм, буҳрони равонӣ ва ё вазъи беҷое фаро мегирад, ба паноҳ ҷустан ба Худо амр шудааст, вақте ба бистари хоб меравад, ҳангоме аз газанди ҷинну шайтон ва дигарон мавҷудоти аён ва ноаён эҳсоси хатар мекунад ва ё аз таъсири чашми баде метарсад, ба хондани сураҳои «Муаввизатайн» ва дигарон дуоҳо тавсия мешавад. Ин ду сура – Фалақ ва Нос ҷомеътарин омӯзаҳоро дар бораи моҳияти истиъоза ва паноҳ ҷустан ба Худо фаро гирифта ва ба сабаби мазмуни таъвизии худ бо номи муаввизатайн – ду паноҳдиҳанда номгузорӣ шудаанд.
Аъузу биллоҳ ва дигарон муштаққоти он дар Қуръони Карим
вироишАъузу биллоҳ ва дигарон муштаққоти он дар ҳабдаҳ маврид дар Қуръони Карим ба кор рафтаанд. Ин маъно ва ё барномаи равонӣ дар мавридҳое бо таъбироти дигари қуръонӣ, ба монанди истиҷора – паноҳ хостан, истиғоса – мадад талабидан, истионат ва ғайра ифода ёфта, бо омӯзаҳои боғановати суннати набавӣ дар ин замина такмил шудааст. Дар он тавсия ба истиъоза тамоми паҳнои зиндагии инсон ва аз шарру бадии ҳама чизро дар бар гирифтааст.
Истиъоза ва паноҳ бурдан ба Худо дар омӯзаҳои исломӣ корбурди васеъ дорад. Он аз ҷанбаи эътиқодӣ яке аз шохаҳои рукни истионат аст, ки дар сураи Фотиҳа баён мегардад ва аз назари корбурди амалӣ асли амнияти равонӣ ба шумор меравад. Дар ояти 98-уми сураи Наҳл гуфтани Аъузу биллоҳ ба унвони нахустин одоби тиловати Қуръон мавриди таъкид қарор гирифтааст ва аз назари уламои ислом гуфтани Аъузу биллоҳ пеш аз тиловати Қуръон, ҳам дар намоз ва ҳам дар ғайри он, мустаҳаб дониста шудааст. Машҳуртарин ибораи истиъоза «Аъузу биллоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим» аст, ки бо назми ибораи қуръонӣ дар ояти 98-уми сураи Наҳл ҳамсозии комил дорад. Бинобар ин, уламо дар тааввуз ҳамин лафзро ихтиёр кардаанд. Ин ибора ҳарчанд бо назми ибораи қуръонӣ ҳамсозӣ дорад, вале ҷузъи оятҳои Қуръон ба шумор намеравад.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.85-86 / А. Боқизода.
- А. Боқизода. Тафсири навини Қуръони карим. Лоҳур, 2011.
- الدکتوروهبهالزحیلی. تفسیروسیط. جلد۳. دمشق،۲۰۰۰؛
- المصباحالمنيرفیتهذيبتفسيرابنکثير. الریاض،۲۰۰۲؛
- نضرةالنعیمفیمکاریماخلاقالرسولالکریم. جدهّ،۲۰۰۴؛
- دائرةالمعارفبزرگاسلامی. تهران،۲۰۰۶؛
- صحیحالبخاری. بیروت،۲۰۰۷؛
- مصطفیخرمدل. تفسیرنور. تهران،۲۰۱۱