Ақҳавон
Ақҳавон (лот. Matthióla), гули ақҳавон, уқҳувон — навъе аз рустаниҳои як ё бисёрсолаи ороишӣ.
Ақҳавон | ||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||
Matthiola W.T.Aiton (1812), nom. cons. | ||||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||||
Номенклатурный тип | ||||||||||||||
|
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
вироишПояаш рост, баргаш борики нештаршакл ё дарозрӯя (канораш ҳамвор ё паррадор). Гулҳои дуҷинсаи сода ё сербарги якранг ва ё гуногунранг (сафед, зардча, қаҳваранг, гулобинамо ва ғайра) дорад.
Гунаҳо
вироишДар Тоҷикистон 5 намудаш (М. bucharica. М. Chenopodiifolia, М. integrifolia, М. obovata, М. Czerniokovskae) мерӯяд.
Дар гулбоғу хиёбонҳои шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ 2 намуди ақҳавон — ақҳавони боғӣ (М. incana) ва шаббӯй (М. bicornis) чун гули ороишӣ парвариш карда мешавад. Ақҳавони боғӣ навъҳои зиёд дорад. Баъзе навъҳои ақҳавони боғӣ аҳромшакл буда, 35 — 160 см қад мекашанд. Олимон навъҳои нави ақҳавонро офаридаанд, ки сергулу зебо буда, аз аввали баҳор то сармои тирамоҳ, дар гулхонаҳо бошад, тамоми сол шукуфта тухм мебанданд.
Парвариш
вироишБарои интихоби навъи дилхоҳи ақҳавон тухми нешзадаи онро 2 −3 шаборӯз дар хонаи салқин (7 — 12°С) нигоҳ медоранд. Аз тухми нешзадаи тухмпаллааш зардча ниҳолҳое мерӯянд, ки гулбаргаш бисёр аст; аз тухмии нешзадаи тухмпаллааш сабз бошад, ниҳолҳои гулашон 4-гулбарга месабзанд. Барои нашъунамои мӯътадили ақҳавони боғии навруста гармхонаро тез-тез шамол дода, гоҳ-гоҳ об мондан лозим. Ниҳолҳои кӯчатбобро дар гармхона аз рӯи тартиби 3 x 3 см мешинонанд. Кӯчатҳои минбаъдаро ба тубакҳои қутрашон 7 — 9 см шинонда, дар гармхона мегузоранд. Ақҳавон дар замини офтобрӯяи намиаш мӯътадилу ҳосилхез хуб нашъунамо мекунад. Онро дар замини сернам ва нав поруандохта парвариш намекунанд, зеро ин боиси пайдоиши касалии фузариоз мегардад. Тухмии дар гармхона моҳи март нешзада тобистон, тухмии моҳи май кошта, тирамоҳ ва тухмии моҳҳои июл — август кошта баҳори соли оянда гул мекунад. Кӯчати ақҳавонро дар миёнаҳои моҳи апрел ва аввали май аз рӯи тартиби 20 x 30 см мешинонанд. Тухмии ақҳавонро 5 сол ва аз ин ҳам зиёд нигоҳ доштан мумкин.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Декоративные растения СССР, М., 1986.
Сарчашма
вироиш- Ақҳавон // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.