Аҳлии Шерозӣ
Мавлоно Муҳаммад Аҳлии Шерозӣ (форсӣ: اهلی شیرازی; 1454, Шероз — 1535, Шероз ) — шоир ва машшоқи форс-тоҷик.
форсӣ: اهلی شیرازی | |
Номи пурра | Мавлоно Муҳаммад Аҳлии Шерозӣ |
Таърихи таваллуд: | тақрибан 1454 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | тақрибан 1535 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, машшоқ |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишДар ҷавонӣ ба Ҳирот омада, ба хидмати дарбори Ҳусайни Бойқаро (ҳукмронӣ 1469–1506) дохил шуд. Пас аз муддате ба зодгоҳаш баргашт. Алишери Навоӣ дар «Маҷолис-ун-нафоис» ва Соммирзои Сафавӣ дар «Туҳфаи Сомӣ» аз истеъдоду ҳунари шоирии Аҳлии Шерозӣ дарак додаанд. Аз эҷодиёти Аҳлии Шерозӣ девони ашъор (6 ҳазор байт) боқӣ мондааст, ки дар он ғазалҳо, қасидаҳо, қитъаҳо, таркиббандҳову тарҷеъбандҳои ӯ фароҳам омадаанд.
Ба қалами Аҳлии Шерозӣ инчунин маснавии «Шамъу Парвона», маҷмӯаи рубоиҳои ахлоқӣ бо номи «Зубдат-ул-ахлоқ», соқиномаи рубоӣ (иборат аз 120 рубоӣ) ва як қасидаи маснӯъ дар мадҳи Навоӣ тааллуқ доранд. Аҳлии Шерозӣ мусаннифи чанд асари мусиқӣ, аз ҷумла «Рости панҷгоҳ» мебошад. Аз ӯ инчунин нақшҳо ва савтҳои бисёре низ мондааст.
Намунаи ашъор
вироиш- Абёти зерин намунае аз шеъри ӯянд
- Гар дар пайи қавлу феъл санҷида шавӣ,
- Дар дидаи халқ мардуми дида шавӣ.
- Бо халқ чунон макун, ки гар феъли туро
- Ҳам бо ту амал кунанд, ранҷида шавӣ.
- Гар кашад хасм ба зӯр аз кафи ман домани дӯст,
- Чӣ кунад бо кашиши дил, ки миёни ману ӯст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.