Шероз (порсӣ: شیراز ) — шаҳр дар ҷануби Эрон ҷой гирифта, маркази маъмурии Устони Форс мебошад. Аз ҷиҳати аҳолӣ, дар ҷойи 6-ум дар байни шаҳрҳои Эрон қарор дорад, ва аҳолиаш ба ҳисоби соли 2011 1 460 665 нафар расидааст. Шероз дар водии дарёи Хушк дар кӯҳсори Загрос дар баландии зиёда аз 1500 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дар қисми ғарбии шаҳр кӯҳи Дерак, дар қисми шимолиаш бошад кӯҳҳои Баму, Сабзпушон, Чехел Магам ва Бобокӯҳӣ қарор гирифтаанд. Шаҳр ва гирду атрофи он, аз рӯи тақсимоти маъмурӣ ба 9 ноҳия тақсим мешавад. Масоҳати умумиашон 1286 км²-ро ташкил медиҳад.

Шаҳр
Шероз
форсӣ: شیراز
29°36′00″ с. ш. 52°31′00″ в. д.HGЯO
Кишвар  Эрон
[[устон]] [[устони Форс]]
[[шаҳристон]] [[шаҳристони Шероз]]
Роҳбар Haidar Eskandarpour[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 2000 сол пеш аз милод
Аввалин номбарӣ ҳазорсолаи 2 то м.
Номҳои пешина Тиразис
Масоҳат 340 км²
Баландии марказ 1 500 м
Минтақаи замонӣ UTC+3:30
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1 460 665 тан (2011)
Зичӣ 4296 тан/км²
Агломератсия 1 700 687
Миллият форсҳо, озарбойҷонҳо ва диг.
Эътиқодот мусалмонон
Номи қавмӣ шерозиҳо
Забони расмӣ порсӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +98 711
eshiraz.ir
(форсӣ)(англ.)
Шероз дар харитаи
Шероз
Шероз
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бори нахуст, дар дастхатҳои хаттии таърихӣ, шаҳри Шероз ҳамчун (Тиразис) ёдовард шудааст, ки ин ба аввали ҳазораи дувуми пеш аз милод рост меояд. 60 км дуртар аз Шероз, харобаҳои пойтахти бостонии давлати Шоҳаншоҳии ҲахоманишиёнПересепол. Шероз дар солҳои 1750—1794 пойтахти Эрон дар вақти ҳукмронии Саффориён Буиҳо ва Зандҳо ба шумор мерафт.

Шероз ҳамчун шаҳри шоирон, гул ва май машҳӯр аст. Чунин шоирони барҷаста: Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон дар ҳамин шаҳр ба дунё омадаанд. То инқилоби соли 1979 — маркази бузурги истеҳсоли май буд. Айни замон — маркази коркарди нафт ва маҳсулоти электронӣ мебошад, ин чунин, сайёҳӣ (туризмъ. Шероз бо иқлими фурӯтанӣ ва бо фаровонии кӯчаҳои кабудизор карда машҳӯр аст.

Осорхонаҳо

вироиш
  • осорхонаи Форс — коллексияи асарҳои санъат ва пешаҳои бостонӣ.
  • осорхонаи Матбуоти Эрон — сарахбори бузурги сулолаи Занд.
  • осорхонаи Нареҷистон-Гавам — комёбиҳои археологӣ.
  • осорхонаи Пара — муқаддасоти сулолаи Занд.
  • осорхонаи ҳарбӣ
  • боғи Афиф-Обод, ё боғи Гулистон
  • осорхонаи Анатомия
  • осорхонаи Таърихи табиат дар Донишгоҳи Шероз
  • осорхонаи Ҳафт-Танан — таърихи сулолаи Занд.
Ҷойҳои асосии шоёни диққат
  • Мақбараи Саид Мир Муҳаммад
  • Мақбараи Ҳофиз
  • Мақбараи Саъдӣ
  • Мақбараи Ҳоҷии Кирмонӣ
  • Мақбараи Шоҳ-Чероҳ
  • Масҷид Отиғи Ҷомӣ асри IX
  • Масҷид Носир-ул Мулк
  • Мақбараи Шоҳи Шой
  • Бозори Вакил
  • Масҷиди Вакил
  • Дарвозаи Қуръон
  • Боғи Афиф Обод ва осорхонаи силоҳ
  • Боғи Ирам
  • Мақбараи Бобо-Кӯҳӣ
  • Мақбараи Каримхон ва осорхонаи устони Форс
Дар гирду атрофи Шероз харобаҳои шаҳрҳои бостонӣ мавҷуд дорад

Мақбараи Саъдӣ - Гузаргоҳи Саъдия

вироиш

Мақбараи Саъдии Шерзӣ машҳур ба سعدیه (Sadia) [1] — ёдгории меъмори болои турбати Саъди Шерозӣ. Оромгоҳ дар шимолу шарқи шаҳри Шероз, ки замини хонаи шоир буд, аз қадим боғе ва чашмае дорад. Он бидуни санги турбат бо мурури замон хароб гардида, танҳо дар аҳди Каримхони Занд (1707/5 — 1779) — пешвои сулолаи зандиёни Эрон таҷдид шуд. Вале он низ пас аз чанде рӯ ба харобй овард ва солҳои охир Анҷумани осори миллӣ оромгоҳи зебое бино кард. Оромгоҳ болои асоси зинагии на он қадар баланде аз мармар ҷой гиифтааст, ки гунбазӣ буда, ба пешайвони баланде шабоҳат дорад. Дар тарафи рости мақбара даҳлези токдори сояафкан ва истироҳатӣ бино кардаанд, ки ниҳоят муҷаллалу хушҳавост. Намои кошикории оромгоҳ бо намоишҳои гул, бутта ва акси паррандаҳои зебои сабки зандия музайян аст. Ба дари даромадгоҳи оромгоҳ байти зер ба хати зебои настаълиқ сабт шудааст:

Нигористони Гузаргоҳи Саъдия

вироиш

Нигаред

вироиш

Иқлим

вироиш

Ба шаҳри Шероз, тобистони бениҳоят гарм ва зимистони хунуки боэътидол хос аст.

Иқлими Шероз
Нишондод Янв. Фев. Март Апр. Май Июн Июл Авг. Сен. Окт. Нояб. Дек. Сол
Максимуми миёна, °C 11 13 17 24 30 35 37 36 32 27 18 13 24
Ҳарорати миёна, °C 6 8 11 18 23 28 30 30 25 20 12 8 18
Минимуми миёна, °C 1 3 6 11 16 20 23 22 17 12 6 3 12
Сарчашма: Боду ҳаво ва иқлим

Шаҳрҳои бародаршаҳр

вироиш

Сарчашма

вироиш

Пайвандҳо

вироиш
 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
  1. Аз википедияи форсӣ Гузаргоҳи Саъдия
  2. 2.0 2.1 2.2 شهرهای خواهرخوانده. 5 май 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 апрели 2012.
  3. нусхаи бойгонӣ. 5 май 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 май 2009.
  4. اخبار :: شيراز با وايمار آلمان خواهرخوانده شد. 5 май 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 июли 2018.
  5. پايگاه اطلاع رساني استانداري فارس. 10 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 май 2011.