Аҳмадбеки Гурҷӣ (мутхаллис ба Ахтáр форсӣ: أختر‎ ? — 1816, Исфаҳон) — шоир ва тазкиранависи эронӣ.

Аҳмадбеки Гурҷӣ
форсӣ: احمد بیک گرجی
Тахаллусҳо: Ахтар
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1816
Маҳалли даргузашт: Исфаҳон
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, тазкиранавис
Забони осор: форсӣ

Зиндагинома

вироиш

Ахтар дар оилаи Фаромурзбек ном шахсе, ки аҷдодаш гурҷӣ буданд, таваллуд ёфтааст. Дар ҷавонӣ илмҳои гуногуни замонашро аз худ кард. Ба хаттотӣ низ шуғл меварзид. Пас аз касби камол ба хидмати дарбори Каримхони Занд ва баъд ба дарбори Қоҷориён (ҳукмронӣ 1796—1925) омад. Дар ин ҷо дар шеъру шоирӣ шуҳрат ёфт. Ба сабаби бадгӯиҳои ҳосидон ба хашми ҳоким гирифтор шуд ва аз Шероз ба Исфаҳон ба анҷумани адабие, ки Нишоти Исфаҳонӣ сарварӣ мекард, дохил шуд ва бо шоирони шаҳр шиносоӣ пайдо кард. Соли 1807 Ахтар ба тартиб додани тазкирае дар бораи шоирони муосири худ бо унвони «Анҷуманоро» шурӯъ намуд. Ахтар аз худ девони ашъоре гузоштааст, ки аз қасоид, ғазалиёт, рубоиёт, қитъаот ва соқинома иборат аст.

Намунаи ашъор

вироиш

Абёти зерин намунаи шеъри ӯст:

Туро, ки ғайри ҷафо расми ошноӣ нест,Аҷаб, ки бахт туро бо ман ошно бикунад.
Дилам мурғи гирифторе, ки аз ин оҳу фарёдамБа доми ҳар кӣ меафтад ҳама дам созад озодам.
  • Тазкире Ахмада Горджи Ахтара «Анджоманара» // Публи­кация факсимиле текста и исследование Л. Г. Ахмедзяновой, М., 1986.

Сарчашма

вироиш