Аҳмади Машҳадӣ
Аҳмáди Машҳадӣ (форсӣ: أحمد مشهدی маъруф ба Аҳмад Ҳусайни Машҳадӣ; ? — 1608, Мозандарон) — хушнависи форс-тоҷик ва устоди хатти настаълиқ.
Зодгоҳ: | |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1578[1] |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | хушнавис |
Солҳои эҷод: | 1550[2] — 1574[2] |
Забони осор: | форсӣ |
Зинадгинома
вироишДавраи наврасӣ ва ҷавониаш дар зодгоҳаш Машҳад гузаштааст. Ҳунари хаттотиро аз Миралии Ҳиравӣ омӯхтааст. Дар зодгоҳаш Машҳад 15 сол ба таълими хаттотон машғул шудааст. Мавлоно Ҳасанлӣ, Мавлоно Алиризо ва Аҳмад ибни Мирмуншӣ аз ҷумлаи шогирдони беҳтарини ӯянд. Қисми зиёди умраш дар мусофират гузаштааст. Дар китобхонаҳои дарбори Абдулазизхон (Бухоро), шоҳ Таҳмосби Сафавӣ (Озарбойҷон), шоҳ Исмоили II (Қазвин), Мирмуродхон (Мозандарон) ба китобат машғул будааст.
Осор
вироишАсарҳои китобаткардаи Аҳмади Машҳадӣ — «Лавомеҳ»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Нузҳату-л-ошиқин» (Китобхонаи ба номи Салтиков-Шедрини шаҳри Санкт-Петербург), «Девони ғазалиёти»-и Амиршоҳии Сабзворӣ (Китобхонаи давлатии Эрон) чандин муқаттаот ва мураққаот (китобхонаи Истамбул) то замони мо омада расидаанд, ки бо хатти настаълиқи зебо китобат шудаанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Аҳмади Машҳадӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.