Аҳмади Мушируссалтана
Мирзо Аҳмадхони Мушируссалтана (форсӣ: احمد مشير السلطنه; 6 июл 1844, Омул, Устони Мозандарон — 20 апрел 1918, Эрон) — давлатмард ва хушнависи эронӣ, нахуствазири Эрон (1907, 1908—1909).
Таърихи таваллуд: | 6 июл 1844 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 20 апрел 1918 (73 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | сиёсатмадор, хушнавис |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишАҳмади Мушируссалтана аз мардуми Мозандарон буда, дар дарбори Носируддиншоҳи Қоҷор то замони Аҳмадшоҳ ба вазифаҳои муҳимми давлатӣ машғул шудааст: муддате ҳокими Гелон, баъд сардори идораи биноҳои давлатӣ ва то соли 1902/03 хазинадор буд. Аҳмади Мушируссалтана ба кордонӣ ва амонат маъруф ва аз муставфиён ва муншиёни забардаст буда, ба ҷуз настаълиқ хатти шикастаро низ хуб менавишт. Аз хатти настаълиқи вай чанд қитъа дар Китобхонаи салтанатии Эрон ва қитъае дар китобхонаи Остони разавӣ (Мазори имом Ризо дар Машҳад) мавҷуд аст, ки мувофиқан дар соли 1883/84 ва 1905/06 бо хатти зебо китобат шудаанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Аҳмади Мушируссалтана // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.