Аҳмади Румӣ (хаттот)

Аҳмади Румӣ (форсӣ: احمد رومی‎; зод. 1360) — хаттоти форс-тоҷик ва аз устодони номдори хушнависӣ[1].

Аҳмади Румӣ (хаттот)
Таърихи таваллуд: 1360
Навъи фаъолият: хушнавис

Қариб тамоми умр дар Ҳирот зистааст. Бино ба маълумоти Қозӣ Аҳмад («Гулистони ҳунар») Аҳмади Румӣ дар ҳунари хушнависӣ нодири замон ва муъҷизаи даврон буда, дар навиштани анвои хатти арабӣ, бахусус хатти муҳаққақ, райҳон, насх, риқоӣ ва тавқӣ маҳорати баланд доштааст. Аҳмади Румӣ ба шогирдон, аз ҷумла фарзандаш Мавлоно Ҷамшед низ ҳунари хаттотиро омӯзондааст. Мутаассифона, аз осори хаттотии Аҳмади Румӣ то замони мо чизе маълум нест.

Адабиёт

вироиш
  • Кази Ахмед. Трактат о калиграфах и художниках. М.-Л., 1947;
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988