Муиззуддин Абуҳорис Аҳмад Санҷар ибни Маликшоҳ (форсӣ: معز الدنیا و الدین عدودالدوله ابوالحارث احمد سنجر بن ملکشاه‎; 1084 ё 1086, Sinjar[d]8 май 1157, Марв) — султони ҳаштумини сулолаи Салҷуқиён (1118—1157), ҳокими Хуросон (1097—1118).

Аҳмади Санҷар
форсӣ: احمد سنجر
Таваллуд 1084 ё 1086
Даргузашт 8 май 1157
Мадфан
Дудмон Салҷуқиён
Падар Malik-Shah I[d]
Модар Taj Safariyya Khatun[d]
Ҳамсар Turna Khatun[d] ва Rusudan, daughter of Demetrius I of Georgia[d][1]
Эътиқод ислом ва суннӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳукмронӣ

вироиш

Баъди вафоти Султон Маликшоҳ ва кушта шудани Низомулмулк дар дохили давлати ягонаи Салҷуқиён барои тахту тоҷ мубориза сар шуд, ки ин боиси ба қисмҳо ҷудо шудани давлат гардид. Дар итоати Санҷар фақат вилоятҳои шарқӣ — Хуросон, Систон, Хоразм, инчунин Мовароуннаҳр монд. Соли 1118 Санҷар ба муқобили бародарзодаи худ Султон Маҳмуд, ки аз корҳои давлатӣ дур гашта, ба сарпарастию уқоббозӣ шуғл меварзид, бархоста, ҳокимиятро ба даст овард ва Марвро пойтахти худ қарор дод. Санҷар ҳанӯз вақти ҳокими Хуросон буданаш мекӯшид, ки мулкҳои аз даст додаашро боз гардонад. Соли 1102 ӯ дар назди Тирмиз ба Қодирхони Қарохонӣ зарба зад, соли 1109 дар наздикии Нахшаб исёни Соғрибекро фурӯ нишонд. Баъди ба сари давлат омадани Санҷар ҳам дар мамлакат нооромиҳои дохилӣ ва берунӣ давом кард. Бинобар ин Санҷар дар сиёсати дохилӣ роҳи пахш кардани саркашию ошӯбҳои саркардагон, зиёд намудани имтиёзоти ашрофи феодал, дар сиёсати хориҷӣ бошад, роҳи муҳофизат ва васеъ намудани ҳудуди мамлакатро пеш гирифт. Соли 1130 Санҷар барои пахш намудани сӯиқасди рӯҳониёни Самарқанд ба ёрии Арслонхони Қарохонӣ шитофта, шаҳрро ишғол кард. Дар ин вақт Отсиз барои аз зери тасарруфи Санҷар баровардани Хоразм ва давлати мустақил кардани он мекӯшид. Ин ҳолат сабаби ба Хоразм лашкар кашидани Санҷар гардид. Санҷар солҳои 1138, 1144 ва 1147—48 се маротиба ба Хоразм юриш карда, Отсизро маҷбур сохт ба ӯ итоат кунад. Соли 1141 Санҷар бар зидди қаракидониён, ки ба Осиёи Миёна ҳуҷум оварда бу- данд, лашкар кашид. Вале дар дашти Қатвони назди Самарқанд шикаст хӯрда, аз вилоятҳои шарқии Мовароуннаҳр маҳрум гашт. Соли 1153 ғузҳо аз сиёсату бетартибиҳои Санҷар ба дод омада, дар Балх шӯриш бардоштанд, ки дар натиҷаи он султон шикаст хӯрд ва асир афтод. Санҷар соли 1156 аз асирӣ гурехта ба Тирмиз омад ва аз ин ҷо ба Марв рафта, вафот кард.

  1. English Wikipedia community Wikipedia (ингл.) — 2001.

Адабиёт

вироиш
  • Санҷар / Н. Қосимов // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).
  • Ғафуров Б. Ғ., Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна, ҷилди 1, Д., 1983;
  • Бартолд В. В., Туркестан в эпоху монгольского нашествия, Сочинения, том 1, М., 1963;
  • Строева Л. В., Государство исмаилитов в Иране в XI—XIII ввеков, М., 1978.