Аҳмадулло Абдуллоев

Аҳмадулло Абдулло́ев (1910, деҳаи Каттатоҷики вилояти Андиҷон, Ӯзбекистон13 сентябри 1966, Душанбе) — сарояндаи тоҷик, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1947).

Аҳмадулло Абдуллоев
Таърихи таваллуд 1910(1910)
Зодгоҳ вилояти Андиҷон
Таърихи даргузашт 13 сентябр 1966(1966-09-13)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Пеша(ҳо) сароянда
Ҷоизаҳо Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1947)

Зиндагинома

вироиш

Санъати навозандагӣ ва сарояндагиро аз ҳунарманди номии Андиҷон Қорӣ Камол омӯхтааст. Соли 1930 ба Тоҷикистон кӯчида омад ва то соли 1937 дар собиқ ноҳияи Куйбишев колхозчӣ шуда кор кард. Соли 1937 сароянда ва навозандаи Театри мусиқии шаҳри Сталинобод (ҳозира Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ) ва аз соли 1938 то охири умр ҳофизи Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд.

Суруду оҳангҳо

вироиш

Суруду оҳангҳои Абдуллоев ба мавзӯъҳои гуногун бахшида шудаанд. Истеъдоди баланд ва маҳорати хуби сарояндагии Абдуллоев махсусан дар иҷрои сурудҳои «Духтари озоди Ватан» (шеъри М. Аминзода), «Баҳори зиндагӣ» (шеъри Р. Озод), «Ба ғайрам» (шеъри Сайидо), «Парвона медонад» (шеъри А. Лоҳутӣ) зоҳир гаштааст. Аҳмадулло Абдуллоев чанд суруд аз «Шашмақом» низ иҷро кардааст, ки дар Радиои тоҷик ва грампластинка сабт шудаанд. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Адабиёт

вироиш

Сарчашма

вироиш