Вилояти Андиҷон
Вилояти Андиҷон (ӯзбакӣ: Andijon viloyati) — шарқтарин вилояти Ӯзбекистон, дар қисми шарқии водии Фарғона ҷойгир аст. Санаи ташкилаш 6 марти 1941. Маркази маъмурӣ — шаҳри Андиҷон.
вилоят | |
ӯзбакӣ: Andijon viloyati | |
40°45′ с. ш. 72°10′ в. д.HGЯO | |
Кишвар |
![]() |
Шомили | 14 ноҳия |
Маркази маъмурӣ | Андиҷон |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 6 март 1941 |
Масоҳат | 4240 км² (13-ум ҷой) |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ |
|
Шиносаҳои ададӣ | |
Рамзи ISO 3166-2 | UZ-AN |
Вебгоҳи расмӣ | |
![]() |
|
![]() |
ҶуғрофиёВироиш
Масоҳаташ 4240 км². Сатҳи ҳудуди Андиҷон асосан аз ҳамворӣ, теппакӯҳи Қувва – Андиҷон ва адирҳо иборат аст. Ҳамворӣ аз Ғарб ба Шарқ тадриҷан баланд шуда меравад (то 400 – 650 м).
ИқлимВироиш
Иқлими Андиҷон ниҳоят континентӣ: тобистонаш гарми бардавом, ҳарор. миёнаи июл 27,3°С; зимистонаш сард, ҳарорати миёнаи январ – 3°С, боришоти миёнаи солона 200 – 250 мм. Захираҳои обии Андиҷон нисбат ба дигар вилоятҳо ғанитар аст, заминҳо аз Қародарё, Аравансой, дарёчаҳои Оқбура, Мойлисув, инчунин Канали Калони Фарғона ва Канали Ҷануби Фарғона обёрӣ мешаванд. Хоки ҳамвориҳо – хокистарранг, марғзорӣ, марғзорию ботлоқӣ.
НабототВироиш
Дар ҳамвориҳо шӯра, шувоғ, най, дар адирҳо рустаниҳои хоклес (эфемерӣ), дар нишебии кӯҳҳо писта, бодом мерӯяд.
ҲайвонотВироиш
Аз ҳайвонот гург, рӯбоҳ, гуроз, инчунин парандаҳои гуногун вомехӯранд.
Захираҳои табиӣВироиш
Дар Хӯҷаобод, Чалақудуқ ва Марҳамат конҳои газу нефт, ангишт, гаҷ, оҳаксанг мавҷуданд.
АҳолӣВироиш
Аҳолиаш 2 981 900 нафар (1 июли 2017), ӯзбекҳо, тоҷикон, русҳо, қирғизҳо, уйғурҳо ва дигар миллатҳо зиндагӣ мекунанд. Вилояти Андиҷон аз рӯи масоҳат хурдтарин, аммо аз ҳама сераҳолитарин, тақрибан 10 % аҳолии ҳамаи Ӯзбекистон, агарчӣ масоҳати он камтар аз 1 % ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Тақсимоти маъмурӣВироиш
Маркази маъмурии вилоят — шаҳри Андиҷон, калонтарин шаҳри вилоят 425 500 нафар (Агломерасия 676 ҳазор бошанда).
Дар қаламрави ноҳияи Қӯрғонтеппа анклави Қирғизистон — Барак ҷойгир аст.
Вилоят ба 14 ноҳияи маъмурӣ – туман, 11 шаҳр (Андиҷон, Асака, Марҳамат, Охунбобоев, Пахтаобод, Пойтуғ, Хонобод, Хӯҷаобод, Шаҳрихон, Қаросув, Қӯрғонтеппа), 5 шаҳрак (Андиҷон, Бӯз, Оламушуки Ҷанубӣ, Куйганёр, Полвонтош) ва 95 ҷамоати деҳот тақсим шудааст. Марказаш – шаҳри Андиҷон.
Шаҳрҳо ва туманҳоВироиш
Ноҳия (шаҳр) | Аҳолӣ (ҳамагӣ) наф. 1-01-2017[1] |
Аҳолии
шаҳр |
Аҳолии
деҳот |
---|---|---|---|
Андиҷон (шаҳр) | 416 243 | 416 243 | - |
Хонобод (шаҳр) | 40 124 | 33 234 | 6 890 |
Олтинкӯл | 163 230 | 86 147 | 77 083 |
Андиҷон | 250 500 | 189 837 | 60 663 |
Асака | 300 962 | 91 775 | 209 187 |
Балукча | 185 548 | 65 127 | 120 421 |
Боз | 66 621 | 22 995 | 43 626 |
Булакбошӣ | 132 903 | 65 111 | 67 792 |
Ҷалакудук | 173 543 | 72 218 | 101 325 |
Избаскан | 219 237 | 69 866 | 149 371 |
Қӯрғонтеппа | 200 136 | 86 590 | 113 546 |
Марҳамат | 160 412 | 126 545 | 33 867 |
Пахтаобод | 177 612 | 65 417 | 112 195 |
Улуғнор | 55 267 | 5 656 | 49 611 |
Хоҷаобод | 102 089 | 42 876 | 59 213 |
Шаҳрихон | 275 841 | 91 407 | 184 434 |
Ҳамагӣ вилояти Андиҷон: | 2 929 525 | 1 540 301 | 1 389 224 |
СаноатВироиш
Дар Андиҷон саноати энергетика, нефту газ, мошинсозӣ, химия, электротехникӣ, масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ ва саноати сабук (масалан, «АНТЕКС» – коргоҳи ресмонресию нассоҷӣ) тараққӣ кардааст. Байни Хӯҷаобод, Андиҷон, Асака қубури интиқоли газ гузаронида шудааст. Дар вилоят ҳанӯз аввали садаи XX заводи равғанкашӣ (1907, Андиҷон), заводҳои пахтатозакунии Андиҷон (1911), Асака (1912), Шаҳрихон (1915) сохта шуданд; ҳоло (соли 2010) шумораи заводҳои пахта ба 13 адад расидааст. Соли 1941 заводи моторсозӣ, 1954 – заводи равғану чарбу (собиқ заводи равғанкашӣ), солҳои 1960–70 корхонаҳои калони «Электродвигател», «Электроаппарат», «Электротехника» ба кор даромаданд. Дар даврони истиқлол аксари корхонаҳои бузургу миёна ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ мубаддал шуданд (зиёда аз 160), наздики 8,5 ҳазор корхонаҳои хурди хусусӣ таъсис ёфтанд. 79 корхонаи муштарак бо давлатҳои хориҷӣ: бузургтаринашон – «УзДЭУавто» – Заводи худрави Асака (якҷоя бо Корея), «ФАМ» (бо Италия), «Андиҷон – Прага», «Маск» (бо Русия ва Британия), «ӯздунробита» (бо ИМА) ва ғайра маҳсулоти ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мувофиқ истеҳсол мекунанд. Барномаҳои нави ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ роҳандозӣ мешаванд.
КишоварзӣВироиш
Соҳаҳои асосии кишоварзӣ ва хоҷагидорӣ: пахтакорӣ, кирмакдорӣ, шоликорӣ, боғдорӣ, токпарварӣ, чорводорӣ ва ғайра Соҳаи селексия, таъмин кардан бо нуриҳои минералию маҳаллӣ (тайёр кардани компост, истеҳсоли аммиак ва ғайра) хуб ба роҳ монда шудааст. Оид ба роҳҳои нави технологияи ҳосилрӯёнӣ, масалан, зери плёнка сабзондани чигити пахта, ба шароити маҳал мутобиқ кардани навъҳои дигари пахта (масалан, навъи «Оқдарё», «Армуғон», «Фарғона-5»), зудрасии ҳосил, баланд бардоштани ҳосил корҳои бисёре бурда мешаванд; дар соҳаи ғаллакорӣ бо истифода аз навъҳои «Элита», «Суперэлита», «Андиҷон-1», «Андиҷон-2», «Чиллакӣ» аз 1 га то 85 сентнер ҳосил мерӯёнанд. Ҷорӣ шудани соҳибкорӣ ба пешравии тамоми соҳаҳои кишоварзӣ мусоидат кард. Дар давоми сол 2 – 3 ҳосил мегиранд.
НақлиётВироиш
Дарозии роҳи оҳан дар дохили вилоят наздики 2500 км, роҳҳои асфалтпӯш – 6,2 ҳазор км; аэропорти дорои аҳамияти байналхалқӣ дорад.
ТандурустӣВироиш
Дар Андиҷон зиёда аз 70 муассисаи табобатӣ, 5 санатория, пойгоҳи ёрии таъҷилӣ, наздики 6,5 ҳазор духтур, 22 ҳазор мутахассисони дараҷаи миёнаи тиббӣ кор мекунанд.
ВАОВироиш
Дар Андиҷон 575 ташкилоти ғайридавлатӣ, 35 нашрия («Андиҷоннома», «Андижанская правда», «Андиҷон тонги», «Андиҷон ёшлари», «Давр садоси» ва ғайра), ширкати радио ва телевизиони вилоятӣ, ширкатҳои телевизион ва радиои ғайридавлатии «Тасвир», «Водий садоси», «Тараққиёт» фаъолият доранд.
Маориф ва фарҳангВироиш
Дар Андиҷон соли 2010-ум 585 мактаби таҳсилоти ибтидоӣ, 746 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 28 литсеи академӣ, 21 коллеҷи касбӣ, 24 гимназия, 28 мактаби мусиқӣ, 62 мактаби варзишӣ амал мекард. Дар Андиҷон 4 музей, 3 театр, 5 боғи маданияту истироҳат, амфитеатр, китобхонаи вилоятӣ, 508 китобхонаи маҳаллӣ, 183 клуб, 37 хонаи маданият, 966 дастаи ҳавасмандони бадеӣ фаъолият доранд. Дар ҷанубӣ шарқии маркази вилоят дар ҳудуди 300 га Боғи миллии Бобур (Боғи Бобур) ва Боғи Чӯлпон бунёд шудаанд. Зиёратгоҳҳои зиёд дорад (дар Лотконтеппа, теппакӯҳи Ширмонбулоқ, Чилустун).
Ёдгориҳои меъморӣВироиш
Аз ёдгориҳои меъморӣ Масҷиди ҷомеъ (охири садаи XIX, Андиҷон), Масҷиди Понсад (аввали садаи XIX, Шаҳрихон), мадрасаи Гунбаз (1827, Шаҳрихон), Хонаи Аҳмадбекҳоҷӣ бо шипанги мунаққаш (аввали садаи XX, Андиҷон), Мадрасаи Отақӯз бо 5 манорааш (аввали садаи XX, Пахтаобод) маҳфуз мондаанд.
ЭзоҳВироиш
- ↑ 1.0 1.1 1.2 Давлат классификаторлари(пайванди дастнорас)
СарчашмаВироиш
- Андиҷон / М. Шарифзода // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.