Аҳмадхон Амрохонович Муродов (тав. 16.02.1968, деҳаи Рӯдакӣ, ноҳияи Восеъ) — муаррих, номзади илмҳои таърих (2004), дотсент (2010).

Аҳмадхон Муродов
Аҳмадхон Амрохонович Муродов
Таърихи таваллуд 16 феврал 1968(1968-02-16) (56 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Восеъ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Қ. Ш. Ҷӯраев
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2009)

Зиндагинома

вироиш

Соли 1992 факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Қ. Ш. Ҷӯраевро хатм намудааст. Солҳои 1990—1994 муаллими фанни таърихи мактаби таҳсилоти умумии № 62 шаҳри Душанбе, 1994—1995 ассистенти кафедраи таърихи сиёсӣ, 1995—1998 аспиранти кафедраи таърихи халқи тоҷик, 1999—2004 ассистент, муаллими калони кафедраи номбурдаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 2005 то ба имрӯз мудири кафедраи таърихи умумӣ ва ҳамзамон муовини декани факултети таърихи донишгоҳи омӯзгорӣ оид ба корҳои илмӣ аст. Муаллифи 30 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ мебошад. Оид ба инъикоси воқеаҳои сиёсӣ дар матбуоти даврии Тоҷикистон дар солҳои 1989—1997, ҳаёти халқи тоҷик дар асрҳои XIV—XV корҳои илмӣ бурдааст. Бо нишони сарисинаги «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2009) сарфароз карда шудааст.

  • Матбуоти тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Д., 1995;
  • Кошонаи маърифат аз таърихи факултаи таърих (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1998;
  • Инкишофи матбуоти даврӣ дар солҳои 1989—1995, Д., 2001;
  • Мир Саид Алии Ҳамадонӣ олим ва мутафаккири Шарқ // Дар кит. Хатлон дар масири таърих, Д., 2006;
  • Хатлон дар сарчашмаҳои таърихии давраи Темуриён // Дар кит. Хатлон дар масири таърих, Д., 2006;
  • Инъикоси ҷунбиши сарбадорони Самарқанд дар «Тоҷикон»-и Б.Ғафуров // Дар кит. Бобоҷон Ғафуров ва рушди таърихнигории миллӣ, Д., 2009.

Пайвандҳо

вироиш