Open main menu

Аҳмадшоҳ Улфатшоев

Аҳмадшоҳ Улфатшоев (30 сентябри 1945, деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамо, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1994), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2001).

Аҳмадшоҳ Улфатшоев
Санаи таваллуд:

30 сентябр 1945(1945-09-30) (74 сол)

Зодгоҳ:

деҳаи Кеврон, ноҳияи Дарвоз, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон

Шаҳрвандӣ:

 Тоҷикистон

Касб:

ҳунарпеша

Карера:

1961 — то ҳол

Мукофотҳо:

Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон

ЗиндагиномаВироиш

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (1954) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1980).

Баъди хидмат дар сафи Артиши Шӯравӣ (1964—1967) ба сифати роҳбари мусиқии дастаи ҳаваскорони ноҳияи Орҷоникидеобод (1961—1971) заҳмат кашидааст. Аз соли 1975 дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ ба кор омада, то ҳол дар ин ҷо фаъолият дорад.

НақшҳоВироиш

ТеатрВироиш

Дар саҳна бо маҳорати хосси ҳунарпешагӣ нақшҳои Дохунда («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ), Рӯдакӣ («Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода), Рустам («Рустам ва Суҳроб»-и Ғ. Абдулло), Баҳроми Чӯбина («Баҳроми Чӯбина»-и Т. Аҳмадхонов), Сомонхудот («Сомонхудот»-и С. Айюбӣ), шоҳ Парвиз («Борбад»-и Ҷ. Қуддус), амир Абдулаҳад («Алломаи Адҳам ва дигарон»-и С. Улуғзода), шоҳ Егей («Медея»-и Софокл) ва ғайраро офаридааст.

СинамоВироиш

Аҳмадшоҳ Улфатшоев ҳунарпешаи кино ҳам мебошад (нақши Остонақул дар филми «Восеъ», Кумир дар филми «Кумир»-и Е. Аролев ва ғайра).

ЭзоҳВироиш

АдабиётВироиш

СарчашмаВироиш

  Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.