Аҳмадшоҳ Улфатшоев
Аҳмадшоҳ Улфатшоев (30 сентябри 1945, деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон — 9 октябри 2020[1], Душанбе, Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамо, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1994), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2001).
| |
Таърихи таваллуд: | 30 сентябр 1945 |
Зодгоҳ: | деҳаи Кеврон, ноҳияи Дарвоз, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 9 октябр 2020 (75 сол) |
Маҳалли марг: | Душанбе, Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Касб: | ҳунарпеша |
Корнома: | 1961—2020 |
Самт: | театр, синамо |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 1119905 |
Зиндагинома
вироишАҳмадшо Улфатшоев 30 сентябри соли 1945 дар ноҳияи Дарвоз ба дунё омадаст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (1954) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турс (1980).
Фаъолияти ҳунарӣ
вироишБаъди хидмат дар сафи Артиши Шӯравӣ (1964—1967) ба сифати роҳбари мусиқии дастаи ҳаваскорони ноҳияи Орҷоникидеобод (1961—1971) заҳматунзода кашидааст. Аз соли 1975 то охири умр дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият кардааст.
Нақшҳо
вироишТеатр
вироишДар саҳна бо маҳорати хосси ҳунарпешагӣ нақшҳои Дохунда («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ), Рӯдакӣ («Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода), Рустам («Рустам ва Суҳроб»-и Ғ. Абдулло), Баҳроми Чӯбина («Баҳроми Чӯбина»-и Т. Аҳмадхонов), Сомонхудот («Сомонхудот»-и С. Айюбӣ), шоҳ Парвиз («Борбад»-и Ҷ. Қуддус), амир Абдулаҳад («Алломаи Адҳам ва дигарон»-и С. Улуғзода), шоҳ Егей («Медея»-и Софокл) ва ғайраро офаридааст.
Синамо
вироишАҳмадшоҳ Улфатшоев ҳунарпешаи кино ҳам мебошад (нақши Остонақул дар филми «Восеъ», Кумир дар филми «Кумир»-и Е. Аролев ва ғайра).
Даргузашт
вироишАҳмадшо Улфатшоев баъди зуҳри рӯзи 9 октябри соли 2020 дар бемористони Қарияи болои шаҳри Душанбе дар синни 75 солагӣ даргузашт[1].
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Даргузашти Улфатшоев, ҳунарпешаи шинохтаи театру синамо-аксҳо(тоҷ.). Sputnik Tajik. 13 октябри 2020 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 620. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.
Сарчашма
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.