Аҳмад Алихон
Аҳмáд Алихóн (форсӣ: احمد علی خان; соли таваллуд ва вафот номаълум) — хаттот, хушнавис ва шоири форсизабони Ҳиндустон (асри XVIII).
Навъи фаъолият: | шоир |
---|---|
Забони осор: | тоҷикӣ |
Ба қавли муаллифи «Риёз-уш-шуаро» Аҳмад Алихон хоҳарзодаи волии Ҳиндустон Саодатхон Баҳодур Зулфиқори Ҷанг ва ба қавли муаллифи «Сафинаи ҳиндӣ» хоҳарзодаи Содотхон Зулфиқор аст, ки вайро ба фарзандӣ қабул карда буд. Хатти настаълиқ ва шикастаро покизаву хуб ва дуруст менавишт. Шахси бофазлу дониш буд. Табъи шоирӣ дошт ва бо тахаллусаш «Иззат» шеър мегуфт. Ҳангоми таълифи «Риёз-уш-шуаро» (1756/57) ҷавон буд ва Вола Ҳомидхоҷа ибни Раҳматуллоҳ бо вуҷуди ҷавонӣ ӯро ситоиш кардааст.
Нигаред
вироишАдабиёт
вироиш- مهدی بيانی. احوال و اثار خوشنويسان. تهران، ۱۳۴۵
Сарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.