Аҳмад ибни Ҷаъфар Ҳаддоди Мадоинӣ
Аҳмад ибни Ҷаъфар Ҳаддоди Мадоинӣ (1359/60, Мадоин — 1430/31) — мусиқидон, оҳангсоз, шоир ва орифи форс-тоҷик, муаллифи «Лавозиму-л-мусиқӣ».
Зиндагинома
вироишЗиндагӣ ва фаъолияти Мадоинӣ дар ҳавзаҳои илмӣ, адабӣ ва ҳунарии Эрон, Хуросони давраи ҷалоириён ва Темуриён сурат гирифта, дар шеър, фалсафа, мусиқӣ (таҳқиқ ва амалия) дониши баланд дошта «зикри тароиқ (таснифсозӣ) суханони бисёр гуфта ва баёни куллу-л-зуруб ва куллу-л-нағам карда ва бар абёту ашъори арабӣ тасонифи асобеи ситтаро дар адвори иқоъ доир гардонида ва дар ин тасониф онҳоро ба атвору анвоъ сохта ҳам ба тариқи қудамо ва онҳоро дар китоби „Канзу-л-алҳон“ муфассал зикр кардаам». Мадоинӣ дар шаклу анвои шеърию мусиқии «навбат», «қавл», «амал», «савт» таснифоти зиёд сохта, Хоҷа Абдуқодир дар таълифоташ аз корҳои ҳунарии ӯ тавсиф намудааст. Мадоинӣ дар назарияи мусиқӣ китобе бо номи «Лавозиму-л-мусиқӣ» нигошта ва дар доираҳои ҳунарӣ шуҳрати зиёд доштааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Донишномаи Шашмақом / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 122. — ISBN 978-99947-49-13-3