Аҳмад Ҳасан ал-Бакр

Аҳмад Ҳасан ал-Бакр (1 июли 1914 - 4 октябри 1982) арбоби низомӣ, сиёсӣ ва давлатии Ироқ буд. Президенти Ироқ аз соли 1968 то 1979.

Аҳмад Ҳасан ал-Бакр
ар. أحمد حسن البكر
31 июл 1968 — 16 июл 1979
Пешгузашта Abd ar-Razzaq an-Naif[d]
Ҷонишин Саддом Ҳусайн
8 феврал 1963 — 18 ноябр 1963
17 июл 1968 — 16 июл 1979
Пешгузашта Абдулраҳмон Ориф
Ҷонишин Саддом Ҳусайн
11 ноябр 1974 — 15 октябр 1977
Ҷонишин Adnan Khayr Allah[d]
Таваллуд 1 июл 1914(1914-07-01)[1][2][3][…]
Даргузашт 4 октябр 1982(1982-10-04)[4][1][2][…] (68 сол)
Мадфан
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод суннӣ
Соядаст
Ҷоизаҳо
Collar of the Order of Isabella the Catholic‎ Grand Cross of the Order of Polonia Restituta
Навъи артиш Iraqi Army[d]
Рутба генерал
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Аҳмад Ҳасан ал-Бакр 1 июли соли 1914 дар Тикрит таваллуд шудааст. Баъди шаш соли муаллимй, соли 1938 ба омузишгохи харбй дохил шуд. Дар соли 1941, ал-Бакр дар исёни Рашид Ал-Гилонӣ ки бар зидди Бритониё баргузор шуда буд иштироки фаъол дошт. Баъди пахш кардани шуриш Ахмад Хасан аз сафхои куввахои мусаллах хорич карда шуд, вале соли 1957 ба ӯ муяссар шуд ки барқарор шавад. Соли дигар дар Ирок инқилоб ба амал омад.

Дар рафти табаддулоти мусаллахонаи 8 феврали соли 1963 Ал-Бакр вазифаи сарвазири Ирокро ишғол намуд, хамчун яке аз рохбарони табаддулот — намояндаи Ҳизби Баъс.

Ҳизби Баъс, ки ба сари хокимият омад, бо ёрии горди миллй ба муқобили коммунистон ва дигар қуввахои оппозиционй таъқибро пеш гирифт. Аз моҳи феврал то ноябри соли 1963 қариб 5 ҳазор нафар кушта шуд, бештар аз 10 хазор наврро ба зиндон андохтанд. Аммо дар баробари ҳамин зиддиятҳои байни Баъс, носирчиёни Ироқ ва ЧАН вусъат ёфтанд, ки онҳо дар бораи муносибати гуфтушуниди оид ба муттаҳид намудани Ироқ бо Миср розӣ набуданд, ки ин боиси пошхурии иттиҳоди сотсиалистӣ гардид.

Моҳи феврали соли 1964 роҳбарияти Баъси умумиарабӣ тасмим гирифт, ки роҳбарияти нави Баъси Ироқро иборат аз панҷ нафар таъсис диҳад, ки дар байни онҳо генерал Аҳмад Ҳасан ал-Бакр, ки дар ин кишвар машҳур буд ва Саддом Ҳусайн низ буданд. Аҳмад Ҳасан ал-Бакр котиби генералии роҳбарияти минтақавии Ҳизби Баъси Ироқ шуд.

17 июли соли 1968 Ҳизби Баъс дар Ирок дар натичаи табаддулоти бехун ба сари ҳокимият омад.

Президент Абдулраҳмон Ориф (бародари президенти фавтида Абдулсалом Ориф) ба Лондон бадарға карда шуд. Баъсчиён ба сари қудрат омада, фавран аз рақибони эҳтимолӣ халос шудан гирифтанд. Баъди 14 рузи табаддулот фитнагарон Наиф, Довуд ва Носир ал-Хони, ки дар хайати ҳаракати инқилобии араб буданд, аз сари хокимият дур карда шуданд. Ҳокимият дар дасти ал-Бакр мутамарказ шуда буд.

Баъди ба сари хокимият омадан дар кишвар Шӯрои фармондиҳии инқилобиро бо сардории Ал-Бакр ташкил намуданд. Дар рӯихати Шӯро Саддом Ҳусайни 31-сола рақами 5 буд; Саддом, муовини ал-Бакр дар самти ҳизбӣ ва давлатӣ, масъули амнияти дохилии кишвар буд, ба ибораи дигар, хадамоти иктишофии ҳизб ва давлатро назорат мекард. Назорати хадамоти иктишофӣ ба Саддом Ҳусейн имкон дод, ки минбаъд қудрати воқеиро дар дасти худ мутамарказ кунад.

16 июли соли 1979 президенти Ироқ ал-Бакр ба далели беморӣ истеъфо дод (гӯё ӯро дар ҳабси хонагӣ гирифта буданд ). Ҷонишини ӯ Саддом Ҳусайн эълон шуд, ки ҳамзамон раҳбарии минтақавии ҳизби Баъсро сарварӣ мекард. Воқеан, Саддом Ҳусайн ҳамин тавр қудратҳои диктаториро ба худ такаббур кард.

Адабиёт вироиш

  • Ахмед Хасан аль-Бакр (Люди и события) // Новое время. — М., 1968. — № 31. — С. 26.

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш