Аҳмáд (форсӣ: أحمد‎; Аҳмадхоҷа; ? — 1904) — шоири тоҷик.

Аҳмад
Аҳмадхоҷа
Таърихи даргузашт: 1904(1904)
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: тоҷикӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Пас аз хатми таҳсил мударрисӣ мекард. Дар анвои гуногуни адабӣ бо забони равону сода шеър мегуфтааст.

Намунаи ашъор

вироиш
Абёти зерин аз ӯст
Қарор аз дил рабуда шеваи он шӯхи бебокам,
Аҷаб ошуфта дорад ин дили зори тапишнокам.
Лаболаб ҷони шавқаш мерасад бар ҷон ба ҳар соат,
Ба заҳри фурқаташ афгораму ҷӯёи тарёкам.
Яқин дорам, ки раҳмат нест хубонро ба маҳҷурон,
Вале аз беқарорӣ дар талаб бас чусту чолокам.
Агар аз лутф бинвозӣ, ба ин бечора пардозӣ,
Чу Аҳмад шафқате созӣ, расонӣ сар ба афлокам.

Адабиёт

вироиш
  • Тазкират-уш-шуарои Муҳтарам. Д., 1975.