Аҳрор Ботуров (т. 1968, ш. Конибодом, вил. Суғд), мутриб (танбӯрӣ, рубобӣ), оҳангсоз намояндаи ҳавзаи иҷроии Конибодом-Фарғона,устоди факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров (аз соли 1993 то имрӯз), мудири кафедраи мусиқии анъанавии ДДХ (аз соли 1996). Фориғултаҳсили омӯзишгоҳи санъати ба номи Содирхон (1987), шуъбаи мусиқии анъанавии Инситути давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода(1987-1993) буда, фаъолияти эҷодию омӯзишиашро дар факултаи санъати ДДХ (1993) оғоз намуда,ба тадрис ва омӯзиши мусиқии мардумию устодона машғул шудааст. Ботуров мусаннаифи чандин барнома ва раҳнамоҳои мусиқӣ роҷеъ ба созҳои танбӯру дутор, рубоб (қошғарӣ) дар заминаи фарогирии мусиқи мардумӣ, мақомҳо,силсилаи оҳангҳои такмилӣ аст. Зимни ин Ботуров ҷонишини маркази «Ҳунар» ва дастаи бачагонаи мусиқии «Чаман» буда, ба наврасон асосҳои мусиқии мардумӣ ва мақомҳоро тадрис намуда, роҷеъ ба масоили суннат ва меросбарии иҷроӣ мақолаҳои илмию омӯзишӣ нигоштааст. Дар заминаи оҳангсозӣ ҳам корҳои ҳунарӣ намуда ва мусаннифи зиёда аз 20 оҳанг барои созҳои дутору танбӯр ва рубоб бар пояи мусиқии мардумии тоҷик аст. Ботуров иштирокдори фестивал, озмунҳои мусиқии мақомӣ ва мардумӣ (Тошканд-1995, Бишкек-2003), симпозиум-фестивалҳои «Аржанг», мақомхонон (Исфара-2003, Душанбе-2006) ва ғ. буда, дар чандин конфронс ва ҳамоишҳои байналмилалии мусиқӣ, фарҳангӣ (Хуҷанд, Бишкек, Тошканд 2001, 2002, 2004, 2005) дар иртибот ба масоили мусиқӣ маърӯзаҳо намудааст. Ботуров сарварии дастаи мусиқии суннатии «Мерос»-ро ба уҳда дорад ва барои маҳорати хуби иҷроӣ, тарғибу омӯзиши мероси мусиқии тоҷикон сазовори ифтихорнома ва ҷоизаҳо гардидааст.

Аҳрор Ботуров
Аҳрор Ботуров
Таърихи таваллуд 1968(1968)
Зодгоҳ Конибодом
Пеша(ҳо) мутриб оҳангсоз

Адабиёт

вироиш

Ҳакимов Н. Шашмақом дар қарни ХХ,Хуҷанд,2006.[1]

Ҳамчунин нигаред

вироиш

Сарчашма

вироиш
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 47 ISBN 978-99947-49-13-3