Рубоб
Рубоб (порсӣ: رباب, ҳиндӣ: रुबाब) — сози тории мусиқӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна ва аз он ҷумла дар Тоҷикистон мебошад. Дар Тоҷикистон ва Афғонистон рубоб ҳамчун сози мусиқии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Рубоб, рубоб сози торӣ – мизробии мусиқиест, маъмул дар байни халқҳои шарқ, алалхусус тоҷикон. Бино ба маъхазҳои адабӣ рубоб шакли муарраби қадимаи паҳлавии «Равода» буда. Маънои «Овози ҳазин бароваранда»-ро доштааст. Дар шарқ ва Европаи ғарбӣ бо шаклҳои рабоб, ребаб, ребак ва ғ. интишор шудааст.
Таърих
вироишСарчашмаҳои адабӣ рубобро дар шаклҳои гуногун тасвир менамоянд. Аввали асрҳои миёна дар сарзамини Эрон ва кишварҳои атрофи он рубобро бо камонча менавохтанд. Он косаи секунҷа (як кунҷ аз тарафи даста) иборат буда, яктора ё 2-3 тора мешудааст. Аз рубоби яктора бештар шоирону гӯяндагони халқӣ, аз рубоби 2-3 тора ромишгарон ва муғанниёни касбӣ барои рақсу тарона ва мусиқии ансамблӣ истифода мебурданд. Ба рӯи косаи рубоб пӯсти оҳу кашида, торҳояшро аз рӯдаи гӯсфанд ва абрешим таҳия мекарданд. Махсусан рубоби тораш абрешимӣ муътабар будааст. Дарозии умумии чунин рубоб 60-80 см буда. Мувофиқи миқдори торҳо дар нӯги даста гӯшакҳо доштааст.
Баъд аз истилои араб рубоб чун сози камонӣ бо унвони ребаб дар Миср, мамлакатҳои шимол Ғарби Америка ва Андалусия маъмул гардид. Асрҳои минбаъда тавассути тиҷорат дар Ҳиндустон ва ҷазираҳои Малайя пайдо шуд. Дар садаи XII дар Европаи Ғарбӣ бо номи «Ребек»интишор ёфта чоряки садаи XVIII асоси созҳои скрипкавӣ гардид. Низомии Ганҷавӣ дар «Хусрав ва Ширин» ки рубоб (рубоби камонӣ) аксаран бо борбат ва чанг якҷоя навохта мешавад. (Ӯ замони Сосониёнро дар назар дорад) ва оҳанги хуше дорад Вале дар асрҳои (10-12) рубоб дар Эрон ва Мовароуннаҳр шакли худро тадриҷан тағйир дод. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо рубоби ин давра ба танбӯр шабоҳат дошта, косааш хеле бузургтар будааст ва ба рӯи ӯ низ пӯсти оҳу мекашидаанд. Дастааш аз дастаи танбӯр кӯтоҳтар буда, торҳояшро (2-3тор) аз абрешим ва пардаҳоро аз рӯдаи ҳайвонот тайёр мекардаанд, ки овози басе дилкаш доштааст. Онро бо мизроб ва баъзан бо камонча менавохтаанд. Ин соз тадриҷан дар Осиёи Миёна, вилояти Қошғар (ҳозира синтсзияни Хитой) ва балоди Ҳинд интишор ёфт. Рубоб тахминан дар асрҳои 17-18 дар вилояти Қошғар бо шакли каме тағирёфта маъмул гардид. Дар гарданаи байни коса ва даст ду шохи камоншакл ба тарафи коса хамида илова карданд ва он бо номҳои лавибо (Хитой) равад ва рабоб (қашғарӣ) машҳур гардид. Баъдтар бо ин намуди ташаккулёфтаи зебояш дар Осиёи Миёна ва Ҳиндустон шуҳрат ёфт. Рубоби пештара аз байн рафта ҷои онро рубоби шохдори қошғарӣ (ё қашқарӣ) гирифт ва он дар байни тоҷикон ва ӯзбекҳо то ҳол машҳӯр аст. Дар маъхазҳои то садаи XX маҳфуз буда, дар хусуси диапазон (фосилаи мобайни садои аз ҳама паст ва аз ҳама боло) ва ҷиҳатҳои техникӣ, тарзи услуби навохтани рубоб маълумоти аниқ дида намешавад. Ҳамчунин сабти нотавиаш низ вуҷуд надошт. Танҳо дар нимаи авали садаи XX дар китоби В. Беляев («Музыкальные инструменты Узбекистан» М, 1933, саҳ. 76) тарзи соз (ҷӯр) ва диапазони рубоби қошғарӣ чунин маълумот дода шудааст: тори якум ҷуфт ля-бемолиоктаваи хурд, тори дуюм ҷуфт ми-бемоли октаваи хурд ва тори сеюм (иборат аз ду тор) ля- бемоли октаваи калон, диапазони он аз нотаи ля- бемоли октаваи калон то нотаи фа-и октаван якумро дарбар мегирад.
Баъди солҳои 40-ум дар назди Консерваторияи давлатии шаҳри Тошкент устохонаи илми таҷрибавӣ ташкил ёфт ва як гурӯҳ устоҳо бо роҳбарии А.И Петросян ба таъмиру комилсозии созҳои халқӣ камари ҳикмат бастанд. Дар асоси созӣ рубоби қашғарӣ оилаи онҳо:
- рубоби прима,
- рубоби метсосопранӣ,
- рубоби алт,
- рубоби бадахшӣ (аз рубоби бадахшонӣ) нав сохта ихтироъ карда шудаанд.
Навозандагони рубоб дар Тоҷикистон
вироишБаъди солҳои 60-уми асри ХХ як зумра соҳибкорони соҳибкасб ва навозандагони касбии бо маҳорат, аз ҷумла: Муҳаммадҷон Мирзоев, Сулаймон Тахалов, Қобилҷон Усмонов, Тоҳирҷон Раҷабӣ, (Ўзбекистон) Одилҷон Назаров, Ҳикмат Нарзуллоев, Ҷӯрахон Обидпур (Обидов), Мустафоқул Муртазоев, Маҷнун Баротов, Абдуразоқ Муҳамадов, Ворис Абдураҳмонов, Абдураҳмон Матхолов (Тоҷикистон) дар сози нодир шогирд тайёр намуда, рубобро ҳамчун сози якканавозӣ ташвиқу тарғиб кардаанд.
Профессор Ҷӯрахон Обидпур бори аввал дар ҷумҳурӣ соли 1975 дар рубоби қошғарӣ барномае дар ҳаҷми як шуъба (45-50 дақ) тайёр намуда, консерт дод ва шогирдонаш низ кори ӯро идома доданд. Рубобнавозон дар озмунҳои навозандагони созҳои халқӣ байни ҷумҳуриявӣ минтақавӣ иштирок варзида, ғолиби озмунҳо гардидаанд: Хушвақт Улмасов (Боку, соли 1986), Фатҳулло Файзуллоев (Бишкек, соли 1975), Абдураззоқ Нормуҳаммадов (Душанбе, соли 1986), Абдураҳмон Матхолов (Душанбе, соли 2000) ва дигарон ҳама шогирдони профессор Обидпур мебошанд.
Аз солҳои 60-ум и асри ХХ сар карда, барои рубоби қошғарӣ як силсила китобу дастурҳои таълимӣ ва асарҳои ҷудогона дар Тоҷикистону Ўзбекистон таълиф шуданд, ки репертуари таълимиву консертии сози мазкурро ғанӣ гардонидаанд. Инҳо: Ф.Васильев «Школа игры на рубабе» (Ташкент 1963, 1978), Ҷ. Обидпур «Дарси рубоб», (Душанбе-1969,1982), «Чаманоро»(1986), “Савтҳои Борбадӣ» (1990), «Этюдҳои хушоҳанг» (1996), «Гулбонги рубоб» (2005) ва ду маҷмӯа бо унвони «Гулбоғи рубоб» (кит 1, 2002, кит.2 2006) Маҷмӯаи «Асарҳо барои рубоб ва фортепиано»-и М. Атоев (Душанбе 2009) , консерт барои рубоб ва оркестри симфонии Д. Дӯстмуҳаммадов, консерт барои созҳои миллии А. Атоев, достон барои рубоб ва оркестри созҳои халқии М. Бафоев «Хотирот»-пейса барои рубоб ва оркестри созҳои халқии А. Мусоев фантазия барои рубоб ва оркестри созҳои халқии Х.Абдуллоев. Ду фантазия барои рубоб ва фортепианои Ҷӯрахон Обидпур (дар ҳамкорӣ бо К.Тущинок) ва ғайра мебошанд.
“Санъати сохту навохтани рубоб” дар феҳристи ЮНЕСКО
вироиш4 декабри соли 2024 дар ҷаласаи 19-уми Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Асунсйони Парагвай номинаи якҷояи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Ӯзбекистон “Санъати сохту навохтани рубоб” расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд[1].[2].
Адабиёт
вироиш- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик Ҷ.3. - Душанбе,2004
- Вьзго Т.С. Музыкальные инструменты средней Азии // Исторические очерки.-М, «Музыка», 1980;
- Петросян А.И Инструментоведение // Узбекские народные инструменты.-Ташкент, 1980;
- Ҷӯрахон Обидпур. Дарси рубоб. - Душанбе - 1969,1982
Адабиёт
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
Пайвандҳо
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ “Ҷашни Меҳргон” расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид. АМИТ "Ховар" (4 Декабри 2024). 4 Декабри 2024 санҷида шуд.
- ↑ “Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб” ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд. АМИТ "Ховар" (4 Декабри 2024). 5 Декабри 2024 санҷида шуд.