Аҳрор ибни Султонхон

Аҳрор ибни Султонхон (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (асри 19).

Аҳрор ибни Султонхон
Навъи фаъолият: шоир

ЗИндагинома

вироиш

Дар Истаравшан дар оилаи шоири маъруф Султонхони Адо ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар назди падар гирифт. Баъдан илми шеъру шоириро низ аз ӯ омӯхт. Дар замони ба Хӯқанд кӯчидани доираи адабии Истаравшан Аҳрор низ муддате бо аҳли оилааш ба он ҷо кӯчида, дар дарбори Умархон (ҳукмр. 1809–22) хидмат мекард. Дар мадрасаи хони Хӯқанд таҳсилро идома дода, илмҳои расмии замонашро ба хубӣ омӯхт. Ба тоҷикӣ ва ӯзбекӣ шеър мегуфт. Соҳибдевон будааст, вале девонаш дастрас нагардидааст. Дар тазкираҳо, махсусан «Маҷмӯат-уш-шуаро»-и Фазлии Намангонӣ, намунаҳои ашъораш дарҷ гардидаанд.

Абёти зерин аз ӯянд:

Пардаи чашмам чу барги гул шуд аз хуноб сурх,
Баски аз кӯҳи дилам меояд ин селоб сурх.
Хастагиҳоям зи ҳаҷри рӯйи оташноки кист?
Набзам ангушти ҳакимон кард чун унноб сурх.
Бе тақозо меравад дар ҳасрати майгунлабе
Ашкҳо аз дидаи Аҳрор чун хуноб сурх.

Сарчашма

вироиш