Аҷириқ
Аҷириқ, ажириқ, «алафи бермудӣ» (лот. Cýnodon dáctylon, синонимҳо — Panicum dactylon, Capriola dactylon) — гиёҳест бисёрсолаи худрӯй.
Аҷириқ | ||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||
ХАТО: Параметрҳои parent ва rangро бояд пур кунед.
|
||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||
Cynodon dactylon (L.) Pers. | ||||||||||||||
|
Тавсифоти гиёҳшиносӣ
вироишРешапояи аҷириқ сахт ва бандбанд буда, дар ҳар банди он решаҳои иловагӣ ва муғҷаҳо месабзанд. Решапояи нав сафеди сермағз ва кӯҳнааш зард (дарозиаш то 1 м) мешавад. Ҳар сол миқдори решапоя 25 маротиба афзун мегардад, қисми куҳнааш мемирад (минбаъд мепӯсад); қисми зиёди решапоя дар қабати то 10 см ҷойгир мешавад. Баҳорон дар замини бекорхобида 10-18%-и муғҷаҳо месабзанд, боқимонда (то 90 %) дар давраи нашв (давоми сол) нумӯ меёбанд. Дар сурати мусоидии шароит суръати рушди решапоя мумкин аст 18-40 маротиба (махсусан моҳҳои июн-августи) афзояд. Пояи аҷириқ банд-банд, сершох (10-80 см қад мекашад) — сербарг аст; баргаш нештаршакл, сахт. Хӯшагулаш панҷамонанд (ҳар кадом 3-8 шохчаи саракмонанд дорад); хӯшачаҳояш бедумчаи 1-2-гула (аз моҳи июн то тирамоҳ гул мекунад). Донааш майда (дарозиаш тақрибан 1,5 мм) — байзашакли сеқирра, сиёҳтоб, ҳар бехаш 1-2 ҳазор тухм мебандад. Тухми аҷириқ дар ҳарорати 25-30°С (дар умқи то 2 см) хуб месабзад. Аҷириқ дар шароити табиӣ асосан аз решапояаш зиёд мешавад. Аҷириқ монанди ғумой ба киштзор зарари калон мерасонад; дар тамоми ноҳияҳои пахтакор мерӯяд, заминро камқувват ва киштукорро душвор мегардонад.
Таҷрибаи кишоварзии Тоҷикистон нишон дод, ки шудгори тирамоҳӣ (35-40 см) дар давоми 2-3 сол аҷириқро нест мекунад; решапоя дар вақти бо плуг (П-5-35 М) чаппагардон кардани қабати хок ба зер афтода, дар давоми тобистону зимистон аз беҳавоӣ мепӯсад.
Хосияти шифоӣ
вироишАҷириқ гиёҳи доруист. Табибони мардумӣ ҷӯшоби решапояашро барои табобати дарди санги гурда, талхадон ва масона, инчунин чун доруи пешоброн ва исҳоловар истифода мебаранд.
Корбурд дар хоҷагӣ
вироишАҷириқ чун рустании хӯроки чорво («алафи бермудӣ») низ маъмул аст. Онро чорво (махсусан моли майда) ва паранда нағз мехӯрад. Аҷириқ алалхусус дар чарогоҳ алафи пурқимат аст. Аз 1 га аҷириқзор зиёда аз 2,25 т хошоки хушсифат мегиранд. Хошоки аҷириқ монанди арзанак серғизост. Решапояи аҷириқро ба асп медиҳанд. Аҷириқ гиёҳи ба беобӣ тобовар буда, дар ҳама ҷо (ҳатто дар шӯрзамин) мерӯяд. Бо решаҳои тӯрмонандаш регзору нишебҳоро мустаҳкам мекунад ва аз обшӯй шудан эмин медорад. Онро барои сабзапӯш кардани майдонҳои мухталиф низ истифода мебаранд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Сидоренко С. Т. Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1978;
- Гладкий М. Ф. Свинорой, его распространение, биология и меры борьбы. Л., 1938;
- Котт С. А. Сорные растении и борьба с ними. М., 1969;
- Энциклопедия хлопководства. Т. 2. Ташкент, 1985.
Сарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.