Унсури холии Викидода

«Аҷоибу-л-арз» (ар. عجائب الارض‎) — асари нодири муаллифи номаълуми хуросонӣ, ки ба забони форсӣ тақрибан охири садаи XII – ибтидои садаи XIII навишта шудааст.

Сохтор вироиш

Ин рисола аз 56 варақ иборат буда, бо хатти настаълиқ китобат шудааст. Тавсифи таърихию ҷуғрофиёии кишварҳо, шаҳрҳо, қав­му халқиятҳои гуногун, махсусан «аҷоибот»-и онҳоро дар бар мегирад.

Мундариҷа вироиш

«Аҷоибу-л-арз» дорои сарсухан, ду мақола (боб)-и таърихӣ, ҷуғрофиёӣ, этнографӣ ва хотима аст. Дар сарсухан оид ба муҳити атроф, табиат, кураи замин, уқёнус, хатҳои истивову уфуқӣ, хусусиятҳои иқлим ва ҳайвоноти рубъи маскун сухан меравад. Боби аввали асар тавсифҳои ҷуғрофиёию этнографии ҳафт иқлими рубъи маскунро дар бар мегирад. Зимни тавсифи наводири шаҳрҳову қавмҳо муаллиф оид ба захираҳои табиии минтақаҳо (Мовароуннаҳр, Хуросон, Ҳиндустон, Миср, Сурия, Ироқ, Алҷазоир, Рум, Қафқоз, Поволжия ва ғайра) тавақкуф намудааст. Дар боби дуюм дастовардҳои ситорашиносӣ оид ба бурҷҳои дувоздаҳгона ва сайёраҳои Моҳ, Миррих, Зуҳра, Муштарӣ, Зуҳал ва «наводир»-и онҳо ҷамъбаст гардидаанд. Тавсифи «иқлими аввал» аз маълумот оид ба арзу тӯл ва ҳудуди самтҳои дунё – Шарқ, Ғарб, Шимол, Ҷануб ва тасвири «наводир»-и моддию маънавии шаҳрҳову минтақаҳо – аз Ҳабаш то ба ҷазираҳои Рамну Райҳи Баҳри Чин оғоз ёфтааст. Зимни тавсифи ҷуғрофиёии шаҳру минтақаҳои мазкур баъзан достону ривоятҳои ҳамосӣ ва мардумӣ оварда шудаанд, ки яке аз онҳо тасвири сафари баҳрии Искандари Мақдунӣ ба канори олам – Баҳр-ул-муҳит мебошад. Дар тавсифи «иқлими сонӣ» муаллиф наводири Ирам (ҷазирае дар Ҳиндустон) ва Таббатро овардааст, ки аҳолиашон ба шарофати «хусусияти махсуси хун» ҳамеша шодмону беғаманд. Сипас, тавсифи чанде аз ҷазираҳои уқёнусҳои Ҳинду Атлантик оварда, роҳҳои тиҷоратӣ нишон дода шудаанд. «Иқлими солис» наводири Форс – Абракӯҳу Аҳмила ва Арраҷонро дар бар мегирад. Муаллиф дар «Аҷоибу-л-арз» ҳангоми тавсифи шаҳрҳои Мовароуннаҳр – Бухорову Самарқанд, Шошу Хуҷанд ва ғайра тафсилоти аҷиби афсонавӣ ва таърихӣ-этнографӣ оварда, аз таърихи катибаҳои Арванду Бесутун ва Дамованди Эрон низ сухан рондааст. «Аҷоибу-л-арз», ки дар заминаи сарчашмаҳои юнонӣ, форсӣ ва арабӣ нигошта шудааст, аҳаммияти адабӣ-бадеӣ дорад.

Нусха вироиш

Нусхаи ягонаи «Аҷоибу-л-арз» дар китобхонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 17) маҳфуз аст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш