Унсури холии Викидода

«Аҷоибу-т-табақот» (ар. عجائب الطبقات‎) — асари Муҳаммад Тоҳир ибни Абулқосим оид ба космография ва ҷуғрофия. Тақрибан солҳои 1642-45 таълиф шудааст.

Муаллиф барои эҷоди ин асар аз «Масолик ва мамолик»-и Абуисҳоқи Истахрӣ ва «Аҷоибу-л-махлуқот ва ғароибу-л-мавҷудот»-и Қазвинӣ истифода бурдааст. «Аҷоиб-ут-табақот» асари таърихию ҷуғрофиёӣ ва мардумшиносӣ буда, оид ба шаҳру қасабаҳо, ҳаёту маишат, ҳунару тиҷорат ва урфу одатҳои қавмҳои Осиёи Миёна-мардумони Хоразм, Фарғона, Ӯш, Шош (Тошканд) — Самарқанд, Хуҷанд, Бухоро, Қубодиён, Тирмиз, Балх ва ғайра маълумоти ҷолиб додааст. «Аҷоиб-ут-табақот» дар феҳристи китобхонаҳои Душанбе, Санкт-Петербург, Тошканд ва ғайра номбар шудааст.

Сарчашма

вироиш