А... (AН… пеш аз садонокҳо) — пешвандест, ки ба решаи калима ҳамроҳ карда мешавад ва ба ин васила калима маънои инкорӣ мегирад. Ин пешванд мансуб ба забонҳои ҳиндуаврупоӣ аст ва аз рӯи вазифа ба пешвандҳои калимасози на-, но-, бе- баробар мебошад.

Забонҳои эронӣ вироиш

Калимаҳои зиёде дар забонҳои эронӣавестоӣ, форсии қадим, форсии миёна (паҳлавӣ) вомехӯранд, ки дар таркибашон ҳамин пешвандро доранд.

Масалан:

  • akarta – насохта
  • накарда, abarami – набурдан
  • акаrаnа(h) – беканор
  • анерон – ғайриэрон, ғайриэронӣ
  • anahita – ноолуда
  • adatih – бедодӣ
  • anhastih – нестӣ
  • анӯша – бемарг, безавол ва ғайра.

Забони тоҷикии муосир вироиш

Дар забони тоҷикии муосир ин навъ калимаҳо ба таври нодир мавриди истифода қарор гирифтаанд:

  • асағда – осӯхта – носӯхта, нимсӯз;
  • апеша – бекор, бепеша ва ғайра.

Калимаҳои иқтибосӣ вироиш

Бо чунин маъниву вазифа дар забони тоҷикӣ калимаҳои иқтибосие (асосан аз забони юнонӣ) вомехӯранд, ки дар таркибашон а-, ан- доранд:

  • аморфӣ – бешаклӣ;
  • авитаминоз – нарасидани витамин;
  • анемия – камхунӣ;
  • асимметрия – ғайримутавозӣ ва ғайра.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш