Аccотсиативият
саҳифаи маъноҳои Викимедиа
Ассотсиативият — қонун ё хусусияти амалҳои ҷамъ ва зарби ададҳо, ки бо айниятҳои (а + b) + c = a + (b + c) ва (ab)c = a(bc) ифода мешавад. Умуман, агар амали а×b ба қоидаи (а×b)×c = а×(b×с) сурат гирад, онро амали ассотсиативӣ меноманд. Зарби матритсаҳо амали ассотсиативӣ аст, гузоришот ва табдилот низ. Аммо зарби вектории векторҳо ин гуна амал нест, зеро [[ab]c]≠[a[bc]] мебошад.
Сарчашма
вироиш- Ассотсиативият // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.