Бадалшавӣ (забоншиносӣ)
Бадалшавӣ — ҳодисаи фонетикӣ (савтист) дар забон, ки дар табдил ёфтани овозҳои нутқ дар таркиби як морфема сурат мегирад.
Бадалшавӣ ба шароити гуногуни фонетикӣ – ҳамнишинии садонокҳо, ҳамсадоҳо ва ғ. вобаста аст.
Бадалшавӣ дар забоншиносии тоҷик
вироишДар забоншиносии тоҷик ду навъи бадалшавӣ – а) бадалшавии анъанавӣ ё таърихӣ ва б) бадалшавии зинда ё фонетикӣ вуҷуд дорад. Сабаби бадалшавии таърихиро танҳо аз ҷиҳати таърихӣ метавон муайян намуд. Фарқи бадалшавии таърихӣ аз фонетикӣ дар он аст, ки бадалшавии фонетикӣ вазифаи морфологӣ надорад. Аммо бадалшавии таърихӣ вазифаи морфологӣ доштан метавонад. Ин ҳодиса дар асосҳои феъл ба назар мерасад: паз – пухт, соз – сохт, хӯр – хӯрд ва ғ.
Баъзе ҳодисаҳои бадалшавӣ бад-ин қароранд:
- бадалшавии садонокҳо: ӯ (а: бар // бурд, паз // пухт, шав // шуд; ӯ /о: супор // супурд, шумор // шумурд, бош // буд; ӯ / у: шӯй // шуст, гӯй // гуфт ва ғ.
- бадалшавии ҳамсадоҳо з / хт: дӯз // духт, паз // пухт, сӯз // сӯхт; в/фт: ков // кофт, рав // рафт; б/ фт: кӯб //кӯфт, рӯб // рӯфт; й / ст: ҷӯй // ҷуст; рӯй // руст; ҳ / ст: хоҳ // хост, ҷаҳ // ҷаст, раҳ // раст ва ғ.
Дар забони тоҷикӣ ду навъи бадалшавии зинда ё фонетикӣ ба назар мерасад:
- бадалшавии ҳамнишинӣ, ки дар натиҷаи мутобиқату мувофиқати фонемаҳои ҳамнишин ба вуҷуд меояд: зудтар (зуттар), бодпо (ботпо) ва ғайра;
- бадалшавии мавқеӣ ба мавқеи ҳамсадо ва баъзе омилҳои диг. талаффуз вобаста аст: касб (касп), кабуд (кабут), лағад (лағат) ва ғ.
Бадалшавии зинда ё фонетикӣ хоси забони гуфтугӯӣ аст. Дар нутқи хаттӣ навиштани калимаҳои адабии бадалшуда ғалати имлоӣ ба шумор меравад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Расторгуева В. С. Краткий очерк фонетики таджикского языка. Сталинабад, 1955;
- Хаскашев Т., Фонетикаи забони адабии тоҷик. Д., 1989.
Сарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.