Забон (хати ниёгон: زبان) — воситаи муҳимтарини муомилоти инсоният. Туфайли забон мардум бо ҳамдигар иртибот барқарор мекунанд, афкору эҳсосоту хостаҳои худро ба дигарон инти­қол медиҳанд.

Пайдоиш ва инкишофи забонҳо

вироиш

Ҷомеа бидуни забон ва забон бидуни ҷомеа вуҷуд надо­рад. Аз ин рӯ, баробари рушду пешрафти ҷомеа забон низ такомулу тағйир меёбад ва дигаргуниҳои ҷомеа низ дар забон бозтоб мешаванд. Ҳоло (дар даҳсолаи дуввуми ас­ри 21) дар олам шумораи забонҳо тақр. ба 6000 расидааст. Ҷо­меа ва забон дар ҳамбастагӣ бо ҳам баробар пайдо шуда, пай­доиши ҳар ду ба кору машғулияти инсонҳо вобаста аст. Забон хосси инсон ва яке аз нишонаҳои асосии ҳар миллат буда, бевосита ба тафаккур алоқаманд аст. Инкишофи тафаккур ба инкишофи мағзи сар ва узвҳои тобеи он ба пешрафти кору муносибатҳои иҷтимоӣ, ба тарақ­қиёти забон вобастагӣ дорад. Тафаккур ва забон ба якдигар таъсир мерасонанд, аз ин рӯ забонро воситаи тафаккур низ меноманд.

Вазифаҳои забон

вироиш

Инсон фикри худро бо роҳҳои гуногун (бо имову ишора, рафтор, бо истифода аз рангҳо, садо ё формулаҳо ва ғайра) ифода карда метавонад. Аммо воситаи умдаи ифодаи фикр забон мебошад. Тафаккур ва забонро ба ҳам омехтан ва ё якеро маз­муну дигареро шакл пиндоштан мумкин нест, ҳар кадоме аз инҳо шаклу мазмуни хос доранд. Шакли дигари мав­ҷудияти забон ва тафаккур нутқи инсон аст, ки ин ду аз ҳам ҷудонашавандаанд. Масалан, забони адиб, забони омӯз­гор ва ғ. гуфтан нодуруст аст, зеро забон ба мардум та­аллуқ дорад, на ба афроди алоҳида. Дар ин маврид бояд нутқ гуфт. Фақ­ру костаии нутқи ягон кас, мас., нависанда, аз заъфи забон на­буда, балки сатҳи донишу савияи забондонии ҳамон касро бозгӯ мекунад. Нутқ дар рушду такомули забон ёрии ама­лӣ мерасонад; робитаи диалектикии забон ва нутқ дар ҳамин раванд ба таври барҷаста зоҳир мешавад. Гу­рӯҳ ё оилаи забонҳоро вобаста ба ҳаёт ва таърихи мушаххаси халқҳо муайян кардан мумкин аст. Ҳар як забони зинда ҳо­милони хеш­ро дорад. Мабдаи ҳар як забон ба ташаккули халқият ва гузаштагони он — қабилаву авлод мансуб аст. Авлод нахус­тин ҷамъия­ти инсонӣ мебошад, ки забони худро дошт. Инки­шофи баъдии гурӯҳҳои авлодӣ боиси пайдоиши итти­ҳо­дияҳои қабилавӣ мегардад, ки вобаста ба ин забони авлодӣ то ба дараҷаи забони қабилавӣ, инкишоф меёбад. Ҳамин тавр, вобаста ба рушди ҷомеа забонҳо низ инкишоф ёфта, забонҳои авлодӣ ба забонҳои қабилавӣ, забонҳои қабилавӣ ба забонҳои уму­мимардумӣ ва забонҳои умумимар­думӣ то дараҷаи забонҳои миллӣ ташаккул меёбанд. Дар забонҳои ташаккулёфта (аз ҷумла забони тоҷикӣ) забони адабии гуфтугӯӣ ба ҳайси забони муомилаи байни одамон хидмат мекунад, зеро забони адабии гуфтугӯӣ аз забонҳо (шеваҳо)-и ма­ҳаллӣ ва минтақавӣ бартарӣ дорад ва барои ҳамаи соҳи­бони забон қо­би­ли дарк ва муштарак буда, унсур­ҳои забон фонетикию лу­ға­вӣ ва грамматикӣ дар он ташаккулёфтаву эътирофшуда мебошанд. Ҳамаи забонҳои ҷаҳон ин давраҳои инкишофро тай накардаанд. Ҳоло, ки ҷомеаи авлодӣ ву­ҷуд надорад, забони авлодӣ ҳам нест, вале забонҳои қабилавӣ ва шеваҳо хеле зиёданд. Дар қитъаҳои Амрико, Африқо, Осиё метавон ин падидаро мушоҳида кард. Дар Доғистон (қа­ламрави Русия) қабилаҳое ҳастанд, ки забони хосси худро доранд (агу­лӣ, сахурӣ, рутулӣ, дидоӣ ва ғ., ки забонҳои қабилавии до­ғистонианд).

Ниёзҳои мардум ба муоширату мубодилаи афкор, дуруст пешниҳод шудани маълумот, саҳеҳ фаҳмидани ҳам­дигар, ки яке аз ҷанбаҳои асосии фаъолияти ҷомеаи ба­шарӣ аст, забони муоширатро ба вуҷуд овард. Ин аст, ки забон хусусияти ҷамъиятӣ (вазифаи ҷамъиятӣ) дорад ва барои ҷомеа хидмат мекунад. Ҳамон забон воситаи муомилот шуда метавонад, ки таркиби луғавӣ ва сохти грамматикии мукаммал дошта, нуфузу эътибори он дар байни дигар за­бонҳо эҳсосшаванда бошад ва онро ҷамъият эътироф кунад. Ин ба омилҳои иҷтимоию таърихӣ, аз қаби­ли ҳам­чун миллат ташаккул ёфтани қавму ҳалқиятҳо, инкишофи забон ва пайдоиши хат (нигар. Хат ва пайдоиши он), маориф, адабиёт, сиёсат, касбу ҳанар, таъриху маданият ва муносибатҳои ҳамзистию ҳамҷавории миллатҳо робитаи ногусастанӣ дорад. Аз ин нуқтаи назар забоне воситаи му­ошарати байни одамон мешавад, ки дорои чунин ху­су­сият­ҳои иловагӣ бошад:

  1. Забони равону сайқалёфта ва дорои таркиби луғавии ғанию меъёр (нигар. Меъёрҳои забон ва забони меъёр), сабку силки бар­ҷастаи нигориш ва меъё­ри ягона дар талаффуз, истифодаи лексемаҳо, ка­ли­ма­со­зӣ, ибо­раороӣ, ҷумласозию мат­нороӣ бошад.
  2. Ин забон дар ҷомеа эъ­тирофшуда бошад ва қавму халқият­ҳое, ки дар он ҷамъият зиндагӣ мекунанд, онро чун забони ягонаву муштараки гуф­ту­гӯӣ эътироф карда, пос доранд. Инкишофу густариши забони муоширату муомила ба худи ҷомеа ва таърихи он забон (нигар. Таърихи забон) марбут аст. Чунин вижагиро забони тоҷикӣ (форсӣ) дар давра­ҳои гуногуни таърих дар як қаламрави бузурги ҷуғро­фиёӣ ба уҳда доштааст, зеро тар­киби луғавӣ ва иқтидору тавонмандии он дар бозтоби аф­кори умум, чи илмиву чи фарҳангию иҷтимоӣ ҷавоб­гӯи ниёз­ҳои ҳар қишри ҷомеа буда, ҳамчунин дар со­ҳа­ҳои гуногуни ҳаёт аз имконоти фаровон бархурдор будааст ва имрӯз ҳам бархурдор аст.

Забон ҳамчун воситаи муомила шакли муомилаи хаттӣ ва ё шакли муомилаю муоширати шифоҳӣ (нигар. Забони гуф­тугӯӣ)-ро дорост. Аввалӣ дар нигориши жанрҳои гуногуни адабӣ, номанигорӣ, муносибатҳои гуногуни дав­латӣ, му­но­сибатҳои ташкилоту муассисаҳои хусусӣ, маорифу мат­буот, мукотиботи дипломатӣ, ва ғ. дуввумӣ дар ни­шаст­ҳои ҳукуматӣ, мулоқоти расмию ғайри­расмии сиёсӣ, конф­ронс ва симпозиумҳо, ҷаласаҳои мухталифи илмӣ, муҳокима ва баррасии масъалаҳои гуногуни марбут ба илму адабу фар­ҳанг, барномаҳои телевизионию ра­диоӣ, суҳбатҳои ҳама­рӯ­заи одамон ва ғ. истифода мешавад. Аммо муносибати забон ва шеваҳо вобаста ба шароити гуногуни таърихӣ сурат мегирад, яъне, дар як шароити таърихӣ агар ба шеваҳои гу­ногун тақсим шудани забон ба вуқӯъ ояд, дар шароити дигар барҳам хӯрдани шеваҳо сурат мегирад. Дар забон тафовути иҷтимоӣ аз тафовути ше­вагӣ фарқ мекунад. Гурӯҳ­ҳои махсуси иҷтимоӣ ба вижа­гиҳои гуфторие низ моликанд, ки ин вижагиҳо дар истифодаи истилоҳоти хосси соҳавӣ ва калимаҳои умумӣ зоҳир мегардад. Ба ин мақсад шеваи иҷтимоӣ — жаргон ва арго истифода мешаванд. Аммо тафовути иҷти­моӣ дар забон нисбат ба тафовути шевагӣ хеле маҳ­дуд аст ва танҳо ба як қисми таркиби луғавии забон мансуб буда, ба системаи фонетикӣ ва грамматикии забон роҳ на­ме­ёбад. Шакл­ҳои мавҷудияти забон — забони гуфтугӯӣ, забони адабӣ, забони миллӣ ва забони умумихалқӣ. Воҳи­ди асосии забон калима аст. Маҷмӯи калимаҳо таркиби луға­вии забонро ташкил ме­диҳанд. Калимаҳо дар алоҳидагӣ мафҳуми аш­ё­ву ҳо­ди­саҳо, ё ки хусусияти онҳоро ифода мекунанд. Му­носибати ашёву ҳодисаҳо ва хусусияти онҳо тавассути воҳид­ҳои грамматикӣ дар нутқ зоҳир мегардад.

Таркиби луғавӣ ва сохти грамматикӣ

вироиш

Таркиби луғавӣ ва сохти грамматикӣ ҷузъҳои асосӣ ва ба якдигар алоқаманди забон мебошанд. Системаи овозии забон — фо­нетика ҳам дар луғат ва ҳам дар грамматика истифода ме­ша­вад. Воҳидҳои луғавӣ ва грамматикии забон аз воҳид­ҳои фонетикӣ бо он фарқ мекунанд, ки онҳо маънои луғавӣ ё грамматикиро дар шаклҳои махсус ифода мекунанд. Масалан фонемаи «ш» дар калимаҳои «шаб», «шуд», «дӯш» маъноеро ифода намекунад, вале дар калимаи «гуфтамаш» морфемаи «ш» маънои матлуб: шахси севвуми танҳо ва объек­ти амалро ифода мекунад. Забон вобаста ба пешрафти ҳаёти ҷамъиятӣ тағйир меёбад. Ба тақозои зиндагӣ дар забон ка­ли­ма­ҳои нав пайдо мешаванд ё калима­ҳои мавҷуда маънои нав мегиранд. Тағйироти грам­матикӣ низ ба дигар шудани ҳаёти ҷамъиятӣ, ба инкишофи ҳаёти мадании халқ ва муносибати забонҳо вобаста аст. Масалан бо таъсири забони гуф­тугӯӣ ба забони адабии тоҷик унсурҳои грамматикии «-ино», «-гӣ», «барин» ва ғайра бо таъсири забони русӣ суффиксҳои насабсоз ва аббревиатура пайдо шудаанд. Тағйироти фо­не­тикӣ тадриҷан ва нисбатан дертар ба вуҷуд меояд. Та­ғйироти маъноӣ ҳам ноаён ба амал омада, асосан ба сермаъноии калимаҳо дахл дорад. Масалан калимаҳои мав­ҷу­даи забон маънои маҷозӣ гирифта, бо калимаҳои дигар муродиф мегарданд, яъне муносибати синонимӣ (муродифӣ) пайдо мекунанд: дар забони тоҷикӣ калимаи «ховар» ба ғайр аз маънои аслиаш (шарқ) Офтобро ҳам ифода мекунад, ки маънои дуввум маҷозист.

Аммо ҳамаи забонҳо барои қавму миллатҳои ҳоми­ли забон чун воситаи муомилот боқӣ мемонанд. Ин чунин маъ­но дорад, ки новобаста ба теъдоди соҳибони забон, сох­ти грамматикӣ ва таркиби луғавии забон воситаи муомила буданашро аз даст намедаҳад. Забони расмии давлатӣ (нигаред ба Забони давлатӣ) будани ин ё он забон имконоти онро ба­рои воситаи муомилаи байни одамон будан зиёд менамояд ва ин дар навбати худ масъулияти бузургеро ба дӯ­ши забон бор мекунад. Масалан, пас аз истилои арабҳо дар аср­ҳои 9-10 забони форсии дарӣ дар Осиёи Марказиву Хуросон ба унвони забони расмии давлатӣ шинохта шуда, ҳам­чун забони муомилаи ақвоми гуногуни тоҷику турк дар тӯли беш аз ҳазор сол хидмат кардааст ва ин рисолати таърихиро то кунун идома медиҳад.

Инҷоро ҳам бингаред

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Сосюр Ф. де, Курс общей лингвистики. М., 1933;
  • Мышление и язык, М., 1957;
  • Фозилов М., Ҳусейнов Х., Пайдоиши забон ва инкишофи он. Д., 1963;
  • Леонтев А. Н. Култура, поведение и мозг человека // Вопросы философии, 1968, № 7;
  • Общее языкознание. М., 1970;
  • Базиев А. Т., Исаев М. И., Язык и нация, М., 1973;
  • Ҳусейнов Х., Шу­курова К. Луғати истилоҳоти забоншиносӣ. Д., 1983;
  • Лингвис­тический энциклопедический словарь. М., 1990;
  • Мухторов забон Таърихи забони тоҷикӣ. Д., 2003;
  • Маҷидов Ҳ. Забони адабии муосири тоҷик. Д., 2007;
  • Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо. Д., 2007;
  • Новая российская энциклопедия. Т. VII (1). М., 2008;
  • Бобомуродов Ш., Мух­торов З. Фарҳанги истилоҳоти забоншиносӣ. Д., 2016;
  • Эмомалӣ Раҳ­мон. Забони миллат — ҳастии миллат. Кит. 1. Ба суйи зиндагӣ. Д., 2016.
 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:

Сарчашма

вироиш