Бадеҳа
Бадеҳа (ар. بدیهه — сухани закитабъона) — сухан ё шеъри закитабъонаи шавқангез, ки бадоҳатан гуфта мешавад.
Фолклор
вироишДар фолклор яке аз навъҳои сурудҳои халқӣ мебошад, ки аз тарафи ду нафар дар ҳузури тамошобинон иҷро карда мешавад. Иҷрокунандагон бояд зану мард бошанд, ки бо хондани суруди шӯх рақскунон лавҳае аз зиндагиро тасвир намуда, камбудҳои ҷомеаро бо ҳазлу танз интиқод мекунанд. Бадеҳа асари бадеии шавқангез, диққатҷалбкунанда ва қадимтарини халқи тоҷик буда, ба мисли анвои диг. фолклор воситаи муҳимми ифодакунандаи рӯҳ ва ҳиссиёти баланди инсонист. Бадеҳахонӣ шарту хусусиятҳои худро дорад, риояи онҳо дар саҳна боиси пуробуранг ва барҷаста ифода шудани нақш мебошад. Яке аз вижагиҳои асосии бадеҳагӯӣ дар он аст, ки матн бояд дар ягон мавзӯи мушаххас гуфта шуда, шахси дуюм бо гуфтору рафтор фикри шахси якумро тасдиқ ва ё рад менамояд. Инчунин, иҷрокунандагон вобаста ба мазмуни ҳар як бадеҳа сару либос мепӯшанд. Гӯяндаи бадеҳа бо ишораи даст, чашму абрӯ, сар, қадамгузорӣ ва ғ. мазмуни бадеҳаро бояд ифода карда тавонад. Агар ин шартҳо иҷро карда нашаванд, бадеҳа таровату назокати худро гум мекунад, ба тамошобин завқи бадеӣ бахшидан наметавонад. Ба воситаи бадеҳаҳо, аз як тараф, одобу ахлоқи ҳамида таблиғ гардад, аз тарафи диг. нуқсонҳои ашхоси алоҳидаву камбудҳои иҷтимоӣ ҳаҷв карда мешаванд.
Бадеҳаҳо дар вазнҳои ҳиҷоӣ ва арӯз гуфта шуда, аз 16 то 40 мисраъро дар бар мегиранд. Бадеҳа фарогири мавзӯъҳои иҷтимоӣ, маишӣ, ишқӣ-лирикӣ ва ҳаҷвӣ мебошад.
Бадеҳагӯӣ
вироишДар бадеҳа муколамаи байни иҷрокунандагон унсури муҳимми иҷро ҳисоб меёбад:
- Зан: Куҷо будӣ, секинак?
- Мард: Бозор будам, ширинҷон!
- Зан: Чиҳо-чиҳо овардӣ?
- Мард: Рӯймоли нав овардам!
Мавзӯи қисми зиёди бадеҳаҳо изҳори ишқи поку самимии дилбохтагон, рози дилҳои пуртуғён, тасвири нозу ишваи мафтункунандаи маъшуқа, ҳазлу шӯхиҳои ширину намакин, васфи вафодорию покдоманӣ аст. Аз ҷумла, бадеҳаҳои «Секинак», «Гулпарӣ», «Бозубанд», «Дилкоко», «Дари дарвоза», «Шоҳдухтар» ва чанде дигар намунаҳои маъмулу машҳури навъи бадеҳа ба шумор мераванд. Бадеҳагӯйӣ ва бадеҳахонӣ дар байни халқҳои ҳамсоя бо номҳои гуногун вуҷуд дорад. Он дар Афғонистон бо номи «Дугона», дар Ӯзбекистон бо номи «Лапар» маъмулу машҳур аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Асрорӣ В., Амонов Р. Эҷодиёти даҳанакии халқии тоҷик. Д., 1968;
- Бадеҳаҳои халқӣ. Мураттиб Ф. Муродов. Д., 1969;
- Нурджанов Н. Таджикский народный театр. М., 1966.
Сарчашма
вироиш- Бадеҳа // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.