Бадеҳа, бадеҳагӯӣ, бадеҳасароӣ — жанре дар фарҳанги шифоҳии мардуми тоҷик аст, ки аз муколамаи ҳазломез ва зарофатгӯии ду ё гоҳе чанд нафар сарчашма гирифта, ба сурати ашъоре идома пайдо мекунад, ки тарафҳо бо мазмуни ҳазлу шӯхӣ ба ҳамдигар мехонанд. Шарти бадеҳа дар он аст, ки ҷавоб бетаъхир, бо табъи зариф ва маъмулан, бо оҳанги мусиқӣ суруда шавад. Бадеҳасароӣ миёни ҷавонон аксар ба ҳазлу зарофатгӯӣ дар мавзӯи ишқ иртибот меёбад, аз ин рӯ, навъе аз сурудҳои ҳазломези ишқӣ низ дониста мешавад. Бадеҳа дар суннати шифоҳии тоҷикон аз навъҳои куҳани ҳунари сухандониву ҳазлпардозӣ буда, бештар тавассути зан ва мард ва ҳатман дар ҳузури тамошобинон суруда мешавад. Зимни иҷрои бадеҳа аз оҳангҳои мусиқии шодибахш ва ҳаракату ишораҳои маънидору шӯх, либосу ороиши рангин ва гӯёи мавзӯи ҳазл истифода мешавад. Ин ҷиҳат жанри мазкурро ба унвони лаҳза ё лавҳаи намоишӣ (драмавӣ) низ ҷилва медиҳад. Дар қарнҳои гузашта нақши занро мардони ширинкор иҷро мекарданд, ки бо либосу ороиши бонувон, бадоҳатан шеър мегуфтанду месуруданд. Аз ҷумлаи машҳуртарин бадеҳаҳои шифоҳии мардумӣ, ки боқӣ монда ва то ба имрӯз иҷро мешаванд, «Шоҳдухтар», «Гулпарӣ», «Эсунаки бом», «Бобопирак», «Секинак» ва ғ. мебошанд. Бадеҳаи муосир бештар дар маҳфилҳову ҷашнҳои гуногун (айёми Наврӯз, базмҳои арӯсӣ, сайрҳои мардумӣ, мусобиқаҳои деҳот ва ғайра) суруда шуда, мавзӯъҳои ишқӣ ва маишӣ (байни модару фарзанд, падару фарзанд, хоҳару бародар ва ғайра)-ро дар бар мегирад.[1]

Ҳамчунин нигаред

вироиш