Бадоеъу-с-саноеъ фӣ тартиби-ш-шароеъ
«Бадоеъу-с-саноеъ фӣ тартиби-ш-шароеъ» (ар. بدایع الصنایع فی ترتیب الشرایع) — асари фиқҳии Абубакр ибни Масъуди Косонӣ (вафот 1191) дар шарҳи «Туҳфату-л-фуқаҳо»-и Алоуддин Муҳаммад ибни Аҳмади Самарқандӣ дар фиқҳи ҳанафӣ.
Нависанда | Масъуд ибни Аҳмади Косонӣ |
---|---|
Забони навиштаҷот ё осор/асар | арабӣ |
Сохтор
вироиш«Бадоеъу-с-саноеъ фӣ тартиби-ш-шароеъ» аз се ҷилд иборат буда, ба забони арабӣ иншо шудааст. Муаллиф дар муқаддимаи «Бадоеъу-с-саноеъ фӣ тартиби-ш-шароеъ» хотирнишон сохтааст, ки машоих ба ҷуз устодаш Алоуддини Самарқандӣ, барои мураттабсозии масоили шаръӣ чандон кӯшиш ба харҷ надодаанд, ҳол он ки ҳадафи асосии ҳар як фан осон гардонидани роҳи расидан ба матлаб аст, ки аз тариқи тартиби дурусти омӯзишашон ба даст хоҳад омад. Аз ин рӯ, Масъуди Косонӣ масоили фиқҳиро тавре мураттаб сохт, ки ҷавобгӯи талаботи ин илм мебошад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- حاجی خلیفة. کشف الظنون عن اسامی الکتب و الفنون. ج.۱. بیروت، ۲۰۰۷
Сарчашма
вироиш- Бадоеъу-с-саноеъ фӣ тартиби-ш-шароеъ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.