Бадри Ҷоҷармӣ
Бадрии Ҷоҷармӣ (форсӣ: بدرئ جاجرمی, Бадруддин ибни Умар; ?, қасабаи Ҷоҷарми Хуросон — 1287, Исфаҳон) — шоири форс-тоҷик.
Зодгоҳ: | |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 11 август 1287[1] |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома Вироиш
Дар зодгоҳаш илмҳои мутадовили даврашро омӯхта, дар синни камолот рӯ ба Исфаҳон овард. Ба хидмати ҳокими Исфаҳон ва Ироқи Аҷам Муҳаммади Ҷувайнӣ (вафот 1279) даромад ва ба унвони маликушшуаро соҳиб гардид. Аз Бадрии Ҷоҷармӣ девоне мондааст шомили тақр. 4 ҳазор байт қасоид, ғазалиёт, рубоиёт ва ғайра. Дар мавзӯъҳои анъанавии адабиёти классикии форс-тоҷик, махсусан ишқ ба сабки ироқӣ шеър гуфтааст. Ба шаклбозӣ ва такаллуф майл доштааст. Намунае аз ашъори ӯ:
Фидои оташи ишқат кунам тани чун шамъ,
Аз он ки оташи сӯзанда шамъро ҷон аст.
Маро ту ҷонию аз васли туст зиндагиям,
Аз он зи рӯзи ҷудоӣ дилам ҳаросон аст.
Эзоҳ Вироиш
Адабиёт Вироиш
- Давлатшоҳи Самарқандӣ. Тазкирату-ш-шуаро. Д., 1999
Сарчашма Вироиш
- Бадри Ҷоҷармӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.