Муҳаммад ибни Бадри Ҷоҷармӣ (форсӣ: محمد بن بدر جاجرمی‎; қарни XIII — 1341) — шоир, ориф, нависанда ва тазкиранигори форс-тоҷик, писари Бадри Ҷоҷармӣ.

Муҳаммади Ҷоҷармӣ
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Дар бораи ҷараёни зиндагии ӯ маълумоте дастрас нест. Зод­гоҳаш Ҷоҷарм. Муҳаммади Ҷоҷармӣ ба Исфаҳону Ироқ сафар намуда, дар он ҷойҳо чанде умр ба сар бурдааст. Аз эҷодиёташ танҳо китобе бо номи «Мунису-л-аҳрор фӣ дақоиқу-л-ашъор» маълум аст, ки таснифаш соли 1341 анҷом ёфта, дар он ашъори як силсила шоирони бузурги то замони муаллиф гирдоварӣ шудаанд. Вале, бино ба гуфтаи Саид Нафисӣ («Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ) китоби мазкур соли 1303 аз тарафи Каломии Исфаҳонӣ таълиф шу­да буд. Муҳаммади Ҷоҷармӣ ба он ашъори худро дохил кардааст ва онро ҳамчун таъ­лифоти худ пешниҳод намудааст[1].

  1. Муҳаммади Ҷоҷармӣ / У. Яҳёев // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).