Бадруддини Табрезӣ
Бадруддини Табрезӣ (форсӣ: بدرالدین تبریزی; соли таваллуд ва вафот номаълум) — ҳунарманд, меъмор, ахтаршинос, риёзидон ва андешманди форс-тоҷик дар Анатолия, меъмори Мақбараи Ҷалолуддини Балхӣ.
Бадруддини Табрезӣ | |
---|---|
Иттилооти асосӣ |
Зиндагинома
вироишБадруддини Табрезӣ аз аҳли Қуния ва аз асҳоби Ҷалолуддини Румӣ ва эҳтимолан аз эрониёни аҳли илм ва санъат буда, ки пас аз ҳамлаи муғулҳо ба Эрон дар миёнаҳои садаи XIII ба Осиёи Хурд кӯч кардаанд. Маҷдуддин Фаридун ибни Аҳмади Сипаҳсолор ва Шамсуддин Аҳмади Афлокӣ ӯро дар нуҷум, рақам ва ҳандаса, симиё ва кимиё, сеҳриёт ва ҳалли хавоси найрангҳо аллома донистаанд. Пас аз даргузашти Ҷалолуддини Румӣ ва ба хок супоридани ӯ дар боғи султон дар канори падараш Илмуддини Қайсар (яке аз бузургони Қуния) тасмим гирифт, ки барои Ҷалолуддин мақбара ва боргоҳе бисозад. Бо ёрии Муинуддини Парвона, завҷаи ӯ Гурҷихотун, амир Алоуддини Қайсар ва Султон Валад, фарзанди Ҷалолуддини Румӣ, мақбара ва боргоҳ бо назорат ва меъмории Бадруддини Табрезӣ оғоз ёфт ва дар соли 1274/75 ба анҷом расид. Биное, ки Бадруддини Табрезӣ сохта буд, устувонашакл буда, ба ҷаҳор филпоя устувор буд ва дар болояш гунбаз дошт. Дар охири садаи XIV ва баъд дар аҳди Боязиди дувум мақбара таъмир ва ба он ҷузъиёти нав илова карда шуд. Ин мақбара бо номи «Мақбараи сабз» маъруф аст. Дар он тақрибан 50 тан ва авлоди Ҷалолуддини Румӣ низ дафн шудаанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бадруддини Табрезӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.