Сураи Баййина (араб. سورة البينةҲуҷҷати равшан) — наваду ҳаштум сураи Қуръон. Сура дар Мадина нозил шудааст ва иборат аз 8 оят аст. Ба тартиби нузул сураи 92 мебошад. Номи Баййина аз ояти 1 гирифта шудааст.

Сураи Баййина — سورة البينة
Sura98.pdf
Матни арабии сура
Маънои ном

Ҳуҷҷати равшан

Гурӯҳбандӣ

Маданӣ

Омор
Рақами сура

98

Шумораи оятҳо

8

Ҷузъ

30

Шумораи рукӯъ

1

Сураи гузашта

Сураи Қадр

Сураи раванд

Сураи Зилзол

Тарҷумаҳо

QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru


IslamSymbol.svg       Folder Hexagonal Icon.svg       Wiktionary-logo-ru.png       Wikiquote-logo.svg       Wikisource-logo.svg       Commons-logo.svg

МазмунВироиш

Мазмуни Баййина чунин аст: аҳволи аҳли Китоб (яҳудиёну насрониён) ва мушрикон (бутпарастон) пеш аз баъсати пайғамбар (с) ва баъди баъсат. Бархе аз ин гурӯҳҳо пайғамбарро (с) барҳақ шинохтанду имон оварданд ва онҳо «беҳтарини халқ» номида шуда, подошашон биҳишти ҷовидону хушнудии Худо аз онҳо ва хушнудии онҳо аз Худост. Баъзе нашинохтанду дар дини собиқи худ аз рӯйи нодорӣ монданд. Бархе дигар пайғамбар (с) ва таълимоти ӯро донистанд, вале аз рӯйи саркашию якравӣ аз ақидаи ботили худ даст бознадоштанд. Ин гурӯҳ кофир монданд ва «бадтарини халқ» номида шуда, ҷазои онҳо ба таври ҳамешагӣ дар оташи ҷаҳаннам мондан аст.

МундариҷаВироиш

  Кофирони аҳли китоб ва мушрикон даст барнадоранд (аз куфри худ), то барояшон хуҷҷате равшан биёяд -   паёмбаре аз ҷониби Худо, ки сахифаҳои покро мехонад,   дар онҳо навиштаҳоест росту дуруст.   Ва аҳли китоб пароканда шуданд, аз он пас, ки барояшон бурҳоне равшан омад.   Ва ононро фақат ин фармон доданд, ки Худоро бипарастанд, дар ҳоле ки дар дини Ӯ ихлос меварзанд. Ва намоз гузоранду закот диҳанд. Ин аст дини дурусту рост!
 

ТафсирВироиш

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш

Сураи қаблӣ: Ал Қадр Сура 98Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Аз Зилзол