Байтулмуқаддас (ар. بیت المقدّس‎) — шаҳри бостонӣ дар сарзамини Фаластин, яке аз марказҳои муҳимми динҳои илоҳӣ.

Дар матнҳои динӣ

вироиш

Дар матнҳои динӣ зиёда аз 20 номи он ба назар мерасад. Дар Қуръон бо номҳои «Арзу-л-муборака», «Ас-соҳира» ва ғ., дар Таврот бо номҳои Уршалим (Иерусалим) ва ғ. чандин бор батакрор омадааст. Маълумоти нахустин роҷеъ ба Байтулмуқаддас ба ҳазораи дувуми то м. мансуб аст. Баъдан зери тасарруфи шоҳони яҳудӣ, таҳти ҳимояти салтанати Искандари Мақдунӣ, тасарруфи давлати Салҷуқиён, Руми Бостон, Рум ва хилофати усмонӣ қарор дошт. Байтулмуқаддас ҳамон шаҳрест, ки Иброҳими Халилуллоҳ (с) фарзанди худро ба он ҷо ба қурбонӣ оварда буд. Байтулмуқаддасро маҳалли нузули ваҳй ба Яъқуби набӣ медонанд. Ба юнонӣ онро HierosoiIyma меномиданд. Ин шаҳр барои мазҳабҳои мухталиф, хусусан, яҳудиён, масеҳиён ва мусулмонон, макони муқаддас маҳсуб мешавад. Сокинони қадимии Байтулмуқаддас арабҳо аз тоифаи Ябӯсиёни Канъонӣ буданд. Баъдан онҳо бо диг. халқу миллатҳо омезиш ёфтанд. Соли 1917 Байтулмуқаддасро англисҳо ишғол карданд. Баъди ҷанги арабу исроилиҳо (1948–49) ба ду қисмат ҷудо шуда, қисмати шарқиаш ба Урдун ва қисмати ғарбиаш ба Исроил ҳамроҳ гардид. Аз соли 1975 бузургтарин шаҳри Исроил ба шумор меравад. Дар 500-метрии Байтулмуқаддас Масҷиди Ақсо қарор дорад, ки сохтмони онро халифа Абдулмалик шурӯъ карда, писараш Валид ба анҷом расондааст.

Ҳамчунин нигаред

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • معین احمد، بیت المقدّس، بیروت، ۱۹۷۰؛
  • دائرة المعارف بزرگ اسلامی، ج.۱۳، تهران،۱۳۸۳

Сарчашма

вироиш