Дин (ар. دِين‎ аз решаи ар. دَانَ يَدِينُ دِينًا‎ — ба маонии ҳисоб, ҷазо (подош), одат, тоат, ислом, тавҳид, мулк, тадбир, сират, ҳол ва тазаллул) — дар истилоҳ ба маънои кеш, ойин ва роҳу равиш.

Вожашиносӣ

вироиш

Дар санскриту «Готҳо» ва дигар бахшҳои «Авасто» мукаррари калимаи «даъно» омада, дин дар «Готҳо» ба маъонии мухталиф — кеш, хасоиси рӯҳӣ, ташаххуси маънавӣ ва виҷдон ба кор рафтааст ва ба маънии ахир, дин яке аз қувои панҷгонаи ботини инсон аст. Аммо дар арабӣ аз решаи дигар ва маъхуз аз забонҳои cамӣ аст ва тозиён ин калимаро маъалвосита аз забони акадӣ гирифтаанд ва дар забони ахир калимоти дану ва дину ба маънии қонун ва ҳаққу доварӣ аст ва дону ба маънии ҳукм кардан ва дияи нав ба маънии қозӣ аст. Дин ва даён аз оромӣ вориди забони арабӣ шуда. Уламои фиқҳуллуғаи исломӣ барои дин маонии мухталифе зикр кардаанд, ки асоси куллия онҳо дар се маънӣ хулоса мешавад:

  1. аз асли оромӣ-ибрӣ ба маънои ҳисоб, ки ба истиора аз он ахаз шуда;
  2. арабии холис ва маънои он одат ё «истеъмол» аст, ки ҳар ду аз як асланд;
  3. калимае аст форсӣ ба маънои диёнат ва калимаи дин ба маънои диёнат дар забони араби давраи ҷоҳилӣ мустаъмал буда ва «одат» ё истеъмол аз ин реша аст.

Маҷмӯаи ақоиди мавруси мақбул дар боби равобити инсон бо мабдои вуҷуди вай ва илтизом бар сулуку рафтор бар муқтазои он ақоид. Дин қатъи назар аз чигунагии маншаи он амре аст, ки ҷанбаи иҷтимоии он мусаллам аст ва агарчи фарзияи касоне, ки динро маншаи ҷамеи таҳаввулоти таърих ва мабдаи тамоми ҳаводиси олам мешумурдаанд, имрӯз лоақал комилан, мақбул ва мусаллам нест, лекин таъсир ва нуфузи авомили дин дар ҳаводиси таърих муҳаққақ аст. Таҳқиқи дар бораи дин ва моҳияту аҳволи он мавзӯи илми адён ва милалу наҳл аст, ки имрӯз шуъб ва фунуни муҳим дорад, аз онҷмла аст илмуладёни татбиқӣ, аммо ин мавзӯъ аз ҷиҳати равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ, мардумшиносӣ, бостоншиносӣ ва ахлоқ низ мавриди баҳси аҳли назар ҳаст ва аз ҷиҳати таърих, адёнро ба адёни мавҷуд ва адёни гузашта ва ҳамчунин адёни илоҳиву адёни ғайриилоҳӣ метавон тақсим кард. Мақсуд аз адёни илоҳӣ, динҳое ҳастанд, ки бинои онҳо бар эътиқод ба ягонагии Худост ва онро адёни осмонӣ низ гӯянд. Аҳкоми ин адён ба василаи паямбарон аз ҷониби Худо ба халқ иблоғ мешавад, асоси ин адён таслим аст ва дини ислом аз ҷумлаи адёни илоҳӣ ё осмонӣ ва ба амри Ҳақ аст. Мусулмонон динро иборат аз маҷмӯаи қавоид ва усуле медонанд, ки инсонро ба Парвардгор наздик мекунад. Дар тадовул ва истеъмоли омма дар баъзе маворид миллату мазҳаб дар радифи дин ба кор меравад. Аммо дар ҳақиқат дар миёни онҳо тафовуте аст. Дар Қуръон аз миллати Иброҳим ба ҳаниф таъбир рафтааст, ки дини ҳаниф ва дини фитрат хонда шудааст ва гоҳе дин дар маҷмӯъ дин ва мазҳаб ба кор рафтааст. Барои иттилои бештар аз ақволи луғатнависон ва муфассирон руҷӯъ ба тафсири «Кашшоф»-и Замахшарӣ ва «Байзовӣ» ва «Тибён»-и Тӯcӣ ва низ руҷӯъ ба зайли ислом, масеҳият, яҳуд ва руҷӯъ ба «Доирату-л-маъорифи адён» шавад

Решашинохтии исломӣ

вироиш

Ибни Форис маънои аслии динро фармонбардорӣ ва тоат медонад ва маонии дигарашро ба он бозмегардонад. Ба андешаи забоншиносон вожаи дин ба маънои ҷазо сиғаи ҷамъ надорад, зеро он масдар аст ва адён ҷамъи он танҳо ба маънои тоат, ойин ва кешаст. Роғиби Исфаҳонӣ дар «Муфрадоти алфози Қуръон» мегӯяд, ки дин ба маънои тоат ва ҷазо (подош) мебошад ва ба таври истиора ба маънои шариат ба кор рафтааст. Тамоми маонии луғавие, ки забоншиносон барои вожаи дин зикр кардаанд, дар корбурдҳои қуръонӣ ба чанд маънои аслӣ ба тартиби зер бозмегарданд: а) доварӣ, ҳисоб ва ҷазо, б) тавҳид, ибодат ва тоат, в) ойин ва кеш, г) ислом. Ин вожа дар оятҳои: «Ва чуз ба касе, ки аз дини шумо пайравӣ кунад, имон наёваред!» (Оли Имрон, 3: 73), «Ва ҳарки чуз ислом дине биҷӯяд, ҳаргиз аз вай пазируфта нашавад!»[1].

 وَمَنْ يَبْتَغِ غَيْرَ الْإِسْلَامِ دِينًا فَلَنْ يُقْبَلَ مِنْهُ وَهُوَ فِي الْآخِرَةِ مِنَ الْخَاسِرِينَ   ‎  

, «Ва чӣ касе дар диндорӣ беҳтар аз он касе бошад, ки худро ба Худо таслим намояд, дар ҳоле ки вай некӯкор бошад!?»[2]

 وَمَنْ أَحْسَنُ دِينًا مِمَّنْ أَسْلَمَ وَجْهَهُ لِلَّهِ وَهُوَ مُحْسِنٌ وَاتَّبَعَ مِلَّةَ إِبْرَاهِيمَ حَنِيفًا وَاتَّخَذَ اللَّهُ إِبْرَاهِيمَ خَلِيلًا   ‎  

, «Эй аҳли Китоб, дар дини худ ғулув(ифрот, тундравӣ ва ташаддуд) нанамоед!»[3]

 يَا أَهْلَ الْكِتَابِ لَا تَغْلُوا فِي دِينِكُمْ وَلَا تَقُولُوا عَلَى اللَّهِ إِلَّا الْحَقَّ إِنَّمَا الْمَسِيحُ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ رَسُولُ اللَّهِ وَكَلِمَتُهُ أَلْقَاهَا إِلَى مَرْيَمَ وَرُوحٌ مِنْهُ فَآمِنُوا بِاللَّهِ وَرُسُلِهِ وَلَا تَقُولُوا ثَلَاثَةٌ انْتَهُوا خَيْرًا لَكُمْ إِنَّمَا اللَّهُ إِلَهٌ وَاحِدٌ سُبْحَانَهُ أَنْ يَكُونَ لَهُ وَلَدٌ لَهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ وَكَفَى بِاللَّهِ وَكِيلًا   ‎  

ва «Дини шумо барои худатон ва дини ман барои худам»[4]

 لَكُمْ دِينُكُمْ وَلِيَ دِينِ   ‎  

бо сароҳат ва ё ба таври зимнӣ ба маънои Д, ойин ва диндорӣ ба кор рафтааст.

Дин аз назари ҷомеашиносӣ

вироиш

Дин аз назари ҷомеашиносӣ аз маҷмуи эътиқодот ва ҷаҳонбиние иборат аст, ки равобити инсонро бо мабдаи ҳастӣ ва ба ғайри он муайян месозад ва аксаран шомили арзишҳои муқаддас, аҳкоми иҷтимоӣ, асосҳои рафторӣ, масоили ҳалолу ҳаром ва мафоҳиме чун зиндагӣ, марг, рӯҳ, дунёи пас аз марг, ғайб, биҳишту дӯзах, ва ғайра мегардад ва аз назари диншиносӣ он барномаи ҳидояти илоҳӣ, усули кулли ҷаҳонбинии тавҳидӣ ва ойини зиндагоние аст, ки аз сӯи Худо ба паёмбаронаш ваҳй гардида, маҷмӯаи низоми эътиқодӣ, барномаи худопарастӣ (ибодатҳо), меъёрҳои ахлоқӣ ва тарҳи амалиеро барои ҳидояти мардум ба сӯи ҳаққу ростӣ, адолати иҷтимоӣ ва хайру саодати дорайн дар заминаҳои номбурда дар бар мегирад.

Маншаи дин

вироиш

Маншаи дин ҳарчи буда, он ҷанбаи иҷтимоӣ дорад. Гарчи имрӯз назарияи сарчашмаи тамоми ҳаводиси таърих ва муҳаррики аввали ҳамаи рӯйдодҳо дар ҳаёти башар будани он комилан мақбул ва мусаллам нест, вале таъсир ва нуфуз омили дин дар ҳаводиси таърих муҳаққақ аст. Баъзе соҳибназарони дорои гароиши моддӣ маншаи эътиқод ба динро ҳисси тардид ва заъфу нопойдории инсон дар баробари ҳаводиси табиат ва баъзе дигар ҳисси тарс аз маҷҳул ва надонистаҳо шумурдаанд, Солумун Ринак маншаи онро навъе васвоси виҷдонӣ, Шлойер Мохер ҳисси адами истиқлоли шахсият, Мюллер алоқа ба дарки умури донистанашаванда медонанд, Фон Шленк тасаввури ваҳдат байни инсон ва ҳастии мутлақро сарҷашмаи гароиш ва эътиқод ба дин хондааст. Ин гуфтаҳо ва фарзияҳо агар дар бораи баъзе динҳо рост оянд ҳам, вале дар мавриди ҳамаи динҳо, бахусус динҳои тавҳидӣ, дуруст набошанд. Маншаи гароиш ва эътиқод ба динро метавон маҷмуаи авомили иҷтимоӣ, ғароизи фитрӣ ва бофтаи ба ҳам тофтаи нафс — равони инсонӣ донист. Дар баъзе динҳои мавҷуд дар ҷаҳон, ба монанди дини Канфусиюс, фарзи вуҷуди Худо ҳатмӣ нест, дар баъзе фарзи вуҷуди Худоро зарур аст, вале дар баробари вай ба ширк ва ё ба ваҳдат, ҳулул ва пайвастагии вай бо махлуқ қоиланд, ба монанди кеши Монавӣ, баъзе дигар ба дугонапарастӣ ва ду сарчашма доштани олам ва қисме ҳам ба тавҳид ва ягонагии Худо муътақид ҳастанд.

Тавсияи тамоми динҳои тавҳидӣ

вироиш

Тавсияи тамоми динҳои тавҳидӣ як чиз: барпо доштани дин ва ҳадафи ҳамаи паёмбарон низ як чиз: дар масири камолоти инсонӣ қарор додани башарият ва ба сӯи Худо — сарчашмаи тамоми камолот ҳидоят намудани он аст: «Худо барои шумо ҳамон динеро ҷорӣ ва муқаррар намудааст, ки (қаблан) Нӯҳро ба он тавсия намуда буд ва он чизеро, ки ба ту ваҳй намудаем ва он чизе, ки Иброҳим, Мӯсо ва Исоро ба он тавсия додаем, ин аст, ки динро барпо доред ва дар он пароканда набошед!»[5].

 شَرَعَ لَكُمْ مِنَ الدِّينِ مَا وَصَّى بِهِ نُوحًا وَالَّذِي أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ وَمَا وَصَّيْنَا بِهِ إِبْرَاهِيمَ وَمُوسَى وَعِيسَى أَنْ أَقِيمُوا الدِّينَ وَلَا تَتَفَرَّقُوا فِيهِ كَبُرَ عَلَى الْمُشْرِكِينَ مَا تَدْعُوهُمْ إِلَيْهِ اللَّهُ يَجْتَبِي إِلَيْهِ مَنْ يَشَاءُ وَيَهْدِي إِلَيْهِ مَنْ يُنِيبُ   ‎  

Ҳамчунин тамоми динҳои илоҳӣ аз назари асосҳои даъват ва ваҳдати эътиқодӣ дар асл як буда ва аз ҷиҳати марҳалаҳои таърихӣ, замони нузул ва мавҷудияти амалии худ бешумор, мустақил ва аз ҳам мутафовит ҳастанд.

Зардуштия

вироиш

Зардуштия (Вахви Даэна Маздаясна — Эътиқоди Нек ки хирадмандиро пеша мегирад) — яке аз динҳои қадимтарин, ки аз тарафи Зардушт тақрибан дар ҳазорсолаҳои 1-2 то мелод ба вуҷуд омадааст, аввал дар Эрони Шарқи ва Осиёи Миёна паҳн шуда буд, баъдтар дар қисмҳои алоҳидаи Шарқи наздик ва Кавказ. Дини Зардушти дини расмии Форсҳо буд ва асосан дар давлати Сосониҳо, ки давлати диниро ташкил кардани буданд. Вале баъди истилои арабҳо ин дин аз байн рафта ба ҷои он дини ислом ба миен омад.

Адабиёт

вироиш
  • А. Боқизода, Тафсири навини Қуръони карим. Лоҳур, 2011
  • Боқизода, РисолаҳоиимомАбуҳанифадарбораиарзишҳоиэътиқодииислом. -Душанбе, 2013
  • دائرة المعارف فارسی. — تهران، 1387 ش
  • لغتنامۀ دهخدا. — تهران، روایت چهارم؛ فرهنگ جامع فارسی آنندراج. ج. 3. — تهران، 1363 ش
  • دانشنامه جهان اسلام (18)/ — تهران، 2013؛موجز دائرة المعارف الاسلامية. المجلد الساىس عشر. — الشارقة، 1418 هـ./1998 م
  • حسين بن محمد بن المفضل المعروف بالراغب الاصبهاني، مفردات الفاظ القرآن. — دمشق، 2004
  1. Оли Имрон, 3: 85
  2. Нисо, 4: 125
  3. Нисо, 4: 1171
  4. Кофирун, 109: 6
  5. Шӯро, 42: 13

Инҷоро ҳам бингаред

вироиш
 
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Дин дорад