Байт (хона)
Байт (ар. بیت — хона) — маҳалли сукунат, ки баъдтар, дар аҳди ислом, маъноҳои истилоҳӣ ва маҷозӣ гирифт. Масалан, Каъбаро Байтуллоҳ (Байтулҳаром, Байтулатиқ), бутхонаро Байтуласном, масҷиди осмонии муқобили Каъбаро Байтулмаъмур меномиданд. Дар таълимоти ирфонӣ байт киноя аз қалби Инсони Комил аст, ки солик баъди камолоти ниҳонии ҷисмонӣ ва ақлию маънавӣ дар он ҳамчун ваҳдат тамоми касрати олами моддиро ҷой медиҳад.
Байтулмуқаддас (Уршалаим)-ро дар Фаластин шаҳри муқаддаси яҳудиёну масеҳиёну мусулмонон медонанд. Дар он, бар замми ҷойҳои муқаддаси яҳудиёну масеҳиён, Масҷиди Ақсо ва ҳарамулмуқаддаси мусулмонон воқеъ буда, баъди Байтуллоҳ дувумин ҷойи муқаддаси мусулмонон ба шумор мерафт. Таърихи бунёди Байтулмуқаддасро садаи XV то м. тахмин кардаанд. Байтулмол хизонаест, ки дар он моли дар ҷанг ғаниматгирифта ва амволи шахсони фавтида нигоҳ дошта мешуданд.
Халифаи дувуми рошидӣ аввалин шахсе буд, ки тақсими заминҳои забтшуда ва ғаниматҳои бадастомадаро нораво шумурда, онҳоро давлатӣ эълон кард ва Байтулмолро таъсис дод, ки имом ё ноибони ӯ, ҳамчун мутасаддии амволи давлатӣ, идора мекарданд. Хироҷу андози ситондашуда аз мардум, закот, ушр, хумс, мероси ҳашрия ва ғ. низ дар он ҷамъоварӣ мешуданд ва, мувофиқи муқаррароти махсус, ҳамаи мусулмонон ҳаққи истифодаи онро доштанд.
Ҳамчунин нигаред
вироишЭзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Байт / М. Ҳазратқулов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.