Байҳақ
Байҳақ (форсӣ: بیهق) — шаҳру ноҳияе куҳан дар Хуросон, аз тавобеи Нишопур.
Маҳалли аҳолинишин | |
Кишвар | [[|]] |
---|---|
Таърих ва ҷуғрофиё |
Ном
вироишДар маъхазҳои асримиёнагӣ ба гунаи «Байҳ» ҳам омадааст. Номи Байҳақ, зоҳиран, муарраби вожаи форсист. Шаклу решаҳои беҳа (беҳин, баҳин, беҳтарин), ё номи бунёдгузори шаҳр дар асри Каёниён – Байҳаҷ (беҳа: ҷойи неку бад) ё пеҳа (қадам паймудан) шубҳаангез аст.
Таърих
вироишМуаллифони қаблазисломӣ аз Байҳақ ишорае накардаанд, аммо бо таваҷҷуҳ ба он ки тақсимоти кишвари Сосониён дар асрҳои нахустини исломӣ ҳамчунон боқӣ буд, метавон гуфт, ки ҷуғрофиёнависони садаи X аз Байҳақ ба унвони яке аз рустоҳову навоҳии ҳавзаи Нишопур ном бурдаанд, зеро дар замони Сосониён аз тавобеи Нишопур ба ҳисоб мерафтааст. Ибни Русто Байҳақро дар а. 3–9 яке аз рустоҳои сездаҳгонаи ҳавзаи Нишопур донистааст, ки марказаш Хусравгирд шаҳри кӯчаке дар наздикии Сабзвор будааст.
Куҳантарин ривояти таърихӣ дар бораи Байҳақ ба соли 649 мувофиқ меояд, ки Ибни Ҳавқал,ҳангоми зикри шаҳрҳои ҳавзаи Нишопур, аз шаҳрҳои Хусравгирд, Мазинон ва Сабзвор, ки шаҳрҳои умдаи рустоқи Байҳақ ба шумор мерафтаанд, ном бурдааст, аммо аз хусуси Байҳақ хомӯш мондааст. Муқаддасӣ дар садаи X Байҳақро ба ҳайси яке аз рустоҳои ҳавзаи Нишопур ёд карда, аз Байҳақ зикре ба миён наовардааст. Ибни Батута Байҳақро номи дигари ш. Сабзвор донистааст. Дар бархе луғатномаҳо низ ин матлаб такрор шудааст. Алии Байҳақӣ, машҳур ба «Ибни Финдиқ», дар садаи XII ба вайронаҳои Байҳақ ва ҳисори он, ки дар канори шарқии ноҳияи Байҳақ ва наздикии Амнобод қарор дошт, ишора кардааст. Байҳақ дар асари муҳорибаҳои пайваста ва офатҳои табиӣ борҳо хароб гардидааст. Байҳақ дорои 321 қаря будааст. Қасабаи Байҳақ дар ибтидо Хусравгирд ва баъдан, Сабзвор маҳсуб мешудааст. Дар даврони баъдӣ низ Байҳақ чанд маротиба ободу хароб гардидааст. Донишмандони бисёре аз ин ноҳия бархостаанд, ки муаррихон Заҳируддин Абулҳасан Алӣ ибни Зайди Байҳақӣ, Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайни Котиби Байҳақӣ, муҳаддису фақеҳи шиимазҳаб Абуалӣ Ҳусайн Аҳмади Байҳақӣ ва ғ. аз он ҷумлаанд.
Ҳамчунин нигаред
вироишЭзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Байҳақ / А.Ҳасанов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.