Сабзавор

(Тағйири масир аз Сабзивор)

Сабзавор, Сабзивор (форсӣ: سبزوار‎) — шаҳре дар ғарби устони Хуросони разавӣ, шимоли шарқи Эрон аст, ки номи пешинаш Байҳақ аст. Сабзавор аз муҳимтарин марказҳои ҷамъиятӣ, донишгоҳӣ, фарҳангӣ, исломӣ ва таърихии шимоли шарқи Эрон ба шумор меояд ва ба унвони яке аз намодҳои таъриху илми Эрон матраҳ шудааст[4].

Шаҳр
Сабзавор
форсӣ: سبزوار
Fire-Temple 'Azarbarzin'
Historical MarketplaceKhosrovgerd Minaret
Hakim Sabzevari Mausoleum
Ebne Fandogh Mausoleum
Кишвар Эрон
Таърих ва ҷуғрофиё
Баландии марказ 974 м[1]
Минтақаи замонӣ UTC+03:30[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 051
sabzevar.ir
 Парвандаҳо дар Викианбор

марказҳои илмиву донишгоҳӣ ва ҳамчунин ҳавзаҳои илмияи ин шаҳр аз қидмате дерина бархурдоранд. Донишгоҳи улуми пизишкии Сабзивор, Донишгоҳи Ҳакими Сабзиворӣ ва Донишгоҳи озоди исломӣ донишгоҳҳои муҳимми ин шаҳр мебошанд. Ҳамакнун 14 донишгоҳу муассисаи омӯзиши олии бузург дар ин шаҳр машғул ба кор мебошанд.

Пас аз ҳамлаи муғул ба салтанати Хоразмшоҳ, ҳукумати Сарбадорон эҷод гардид, ки муддате бар қисматҳое аз Эрон ҳукумат карду пойтахти ин ҳукумат Сабзавор буд. Ҳукумати Сарбадорон аввалин ҳукумат бо гароиши шиъаи дувоздаҳимомӣ дар Эрон буд.

Номи Сабзавор

вироиш

Номи қадими Сабзавор, Байҳақ аст. Байҳақро пеш аз ислом, «беҳа» ё беҳин ё беҳаг (яънии ҷоии некӯ ё беҳтарин ноҳия дар ин минтақа аз машриқи Эрон дар асри сосонӣ) мегуфтаанд. «Беҳа», ки миёни Нишобур дар машриқ ва Қумис дар мағриб воқеъ будааст, бар сари Роҳи Абрешим (аз Чин то Баҳри миёназамин) қарор дошта ву ба унвони яке аз марказҳои тамаддунии эронии пеш аз ислом, махсусан дар асри Ашкониёну Сосониён обод будааст, ки баъдҳо онро Сабзавор хонданд[5].

Дар «Таърихи Байҳақ» омадааст:

Ва Сабзавор шаҳре бузург шуд бо анвоъи дарахти мевадору соябахш, пас мардумони онро Собзвор навиштанду гуфтанд «Сабзавор каҷаноти таҷрӣ мин таҳт‌а-л-анаҳор».[6]
  1. GeoNames (ингл.) — 2005.
  2. https://www.amar.org.ir/Portals/0/census/1395/results/abadi/CN95_HouseholdPopulationVillage_09.xlsx
  3. جمعیت به تفکیک تقسیمات کشوری (форс.)
  4. سبزوار؛ نماد تاریخ. www.ettelaat.com. 19 Январ 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 Январ 2021.
  5. Амин, Сайид Алинақӣ (1382). Торихи Сабзивор. Ба кӯшиши профессур Саййид Ҳасани Амин. Теҳрон: Доиратулмаъорифи Эрон‌шносӣ. — с. 41. — ISBN 964-93967-5-6.
  6. Байҳақӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Зайд (1361) [қарни шашуми ҳиҷрӣ]. Баҳманёр, Аҳмад, веростор. Торихи Байҳақ. Бо муқаддамаи Аллома Мирзо Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоби Қазвинӣ. с. 43.

Пайвандҳо

вироиш