Николай Балакин
Николай Балакин (русӣ: Николай Пименович Балакин; 1922, деҳаи Самодуровка, ноҳияи Черкасс, Саратов —1953, Сталинобод, ҶШС Тоҷикистон) — лейтенанти калони горд (гвардия), иштирокчии Ҷанги бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1946).
Николай Балакин | |||||
---|---|---|---|---|---|
Николай Пименович Балакин | |||||
Зодрӯз | 20 август 1922 | ||||
Зодгоҳ | Самодуровка, Саратов, РСФСР | ||||
Таърихи даргузашт | 22 май 1953 | ||||
Мансубият | Иттиҳоди Шӯравӣ | ||||
Намуди лашкар | пиёданизом | ||||
Солҳои хидмат | пиёданизом[d] | ||||
Рутба | СССР, Капитан | ||||
Қисм | Полки мототирандози 120-ум гвардия | ||||
Фармондеҳ | ротой | ||||
Ҷоизаҳо |
|
||||
Равобит |
Зиндагинома
вироишНиколай Балакин 20-уми августи соли 1922 дар деҳаи Самодуровкаи ноҳияи Черкасси вилояти Саратов дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1932 ба ҶШС Тоҷикистон мекӯчанд. Аз соли 1932 дар ноҳияи Колхозободи ҶШС Тоҷикистон зиндагӣ мекард. Хатмкардаи мактаби миёнаи ба номи Горкий. Дар ноҳияи Ворошиловобод, баъдан дар МТС-и Ленингради ноҳияи Панҷ ба ҳайси муҳосиб кор кардааст. Соли 1942 ба сафи Артиши Сурх даъват шуда, ҳамчун командири ротаи дивизияи 39-уми тирандози гвардия зидди фашистон ҷангидааст. Апрели 1945, ҳангоми убури дарёи Шпрее, бо гурӯҳи худ аввалин шуда ба соҳили рост мегузарад ва гарнизони фашистонро, ки пулро посбонӣ мекарданд, торумор мекунад. Дар натиҷаи ин амалиёт қисмҳои Артиши Шӯравӣ ба канори Берлин мебароянд. Бо мақсади нест кардани сангарҳо ба ақибгоҳи душман гузашта, бо ҳамлаи ногаҳонӣ онҳоро маҳв мекунад. 30 гитлерӣ нест шуда, 68 нафар асир меафтанд. Баъди хидмат ҷонишини директори Заводи чармгарии Душанбе буд.
Ҷоизаҳо ва унвонҳо
вироишХотира
вироишҲайкал дар болои қабри Н. П. Балакин дар шаҳраки Колхозобод.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироишИгорь Сердюков. Николай Балакин. Сайти «Герои Страны». 5 феврали 2015 санҷида шуд.
- Сечкина Л. П. Фарзандони шарафманди Тоҷикистон. Д., 1968.
- Герои Советского Союза: Краткий биографический словарь / Пред. ред. коллегии И. Н. Шкадов. — М.: Воениздат, 1987. — Т. 1 /Абаев — Любичев/. — 911 с. — 100 000 экз. Шаблон:Книга:Герои Советского Союза
- Сечкина Л. П. Твои герои, Таджикистан. — Душанбе, 1985. — С. 64-65.
- Морозов А. В. 39-я Барвенковская. — М.: Воениздат, 1981.
Сарчашма
вироиш- Балакин, Николай Пименович // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.