Душанбе

пойтахти Тоҷикистон
(Тағйири масир аз Сталинобод)

Душанбе (солҳои 1929 — 1961 Сталинобод) — пойтахт, калонтарин шаҳр ва ягона воҳиди маъмурӣ бо мақоми шаҳр дар Тоҷикистон, ки аз ноҳияҳо иборат аст.

Шаҳр
Душанбе

русӣ: Душанбе
Dushanbe Presidential Palace 01.jpg
Нишон
Нишон
Кишвар Тоҷикистон
Минтақа Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Координатаҳо 38°34′23″ с. ш. 68°47′11″ в. д.HGЯO
Тақсимоти дохилӣ 4 ноҳия (Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ)
Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ (аз 2017)
Таъсис чоряки якуми асри XVII
Номҳои пешина Сталинобод (19291961)
Шаҳр аз 1925
Масоҳат 203 км²
Баландии марказ 706 м
Забони расмӣ тоҷикӣ
Аҳолӣ 1 201 800[1] нафар (2022)
Зичӣ 5914 наф./км²
Агломератсия 1 485 100 (2016)
Ҳайати миллӣ тоҷикон 89,5%,
ӯзбекҳо 6,7%, русҳо 2,6%
Ҳайати динӣ мусалмонон, насрониён
Номи қавмӣ душанбегӣ, душанбегиҳо
Вақти минтақавӣ UTC+5
Коди телефон +992 37
Нишонаи почта 734000
Коди мошин СБ, ДБ (19591991)
аз 1999-2009 01РТ
аз 2009-2014 01TJ
аз 2014 01TJ, 05TJ, 10TJ (аз 2023)[2]
Сайти расмӣ dushanbe.tj
(тоҷ.)(рус.)(англ.)
Душанбе дар харитаи
Душанбе
Душанбе

Аҳолӣ — 1 201 800 нафар (1 январи 2022)[3].

ТаърихВироиш

Сарзамине, ки ҳамакнун шаҳри Душанбе дар он ҷой дорад, дар садаҳои миёна «Шумон» (форсӣ: «شومان»‎) ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва таърихномаҳои қадим ба гунаи «Сумон» (форсӣ: «سومان»‎) низ навишта шудааст. Дар «Ҳудуду-л-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» омада:

«Шумон шаҳрест устувор ва бабаро кӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи обаст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр».

[4]

Шумон дар қисмати болооби рӯди Қубодиён ва шимоли Пули Сангин ва шаҳри Вошҷирд (Висагирд, акнун — Файзобод) воқеъ буд, ки ба гуфтаи Истахрӣ ба андозаи Тирмиз вусъат дошт ва ба масофати андаке дар ҷануби он қалъаи бузурги Шумон вокеъ буд. Муқаддасӣ дар «Аҳсан ал-тақосим» гӯяд:

«Шумон маконе пурҷамъият ва ободу неку аст». Шарафуддин Алии Яздӣ дар «Зафарномаи Темурӣ» аз ин қалъа ба номи «Ҳисори Шодмон» (форсӣ: «حصار شادمان»‎) ёд карда ва ғолибан онро ба сурати мухтасар «Ҳисор» (форсӣ: «حصار»‎) ё «Ҳисорак» (форсӣ: «حصارک»‎) навишта ва имрӯз ҳам «Ҳисор» маъруф аст.

[5]

Шоёни ёдоварист, ки вожаи «Ҳисор» арабӣ ва маънояш «диж» ва «қалъа» аст. Қалъае, ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV—XVII м. «Ҳисори Шодмон», яъне «Қалъаи Шодмон», номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз «Шодмон» аз он афтоду «Ҳисор» монд.

Дар оғози садаи XX ин қалъа тахтгоҳи беки Ҳисор Шоҳимардонқул буд ва дар заминларзаи 8 сентябри соли 1907 вайрон шуд ва аз он танҳо як дарвоза ва ду бурҷ дар миёни ду кӯҳ барҷой монда аст. Пас аз он заминларза Шоҳимардонқул ба қалъаи Душанбе кӯчид ки дар он замон маркази яке аз амлокдориҳояш буд ва аз он пас Душанбе тахтгоҳи беки Ҳисор шуд.

Аз ҷойноми «Душанбе» (форсӣ: «دوشنبه»‎) барои нахустин бор дар китоби донишманди балхӣ Маҳмуд ибни Валӣ «Баҳр ул-аъроф фи маноқиб ал-хайр» (оғози садаи XVII м.) ва номаи хони Балх Субҳонқул Баҳодур ба шоҳи давлати Рус Фёдор Алексеевич (декабри 1676) ёд шудааст. Дар санаде бозмонда аз соли 1826 ин шаҳр «Душанбе-Қӯрғон» (форсӣ: «دوشنبه قورغان»‎) номида шудааст. «Қурғон» вожаи туркӣ ва маънояш «қалъа» аст. Қалъаи Душанбе дар канораи чапи рӯди Варзоб ҷой дошта ва ҳар рӯзи душанбе дар назди он бозор баргузор мешудааст. Номи кунунии пойтахти Тоҷикистон ёдовари ҳамин бозор аст. Азбаски ин ҷойро «Душанбе-бозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки бо гузашти замон дар ҷои «Душанбебозор» пайдо шуд ва он Душанбе ном гирифт.

Дар нишебии Путовский (хиёбони И. Сомонӣ) боқимондаҳои шаҳракҳои салтанати Юнону Бохтар (охири асри 3 то милод), макони сукунати бостонии давраи Кушониён (асрҳои 7-8) дар соҳили чапи дарёи Душанбинка ёфта шуданд. Шаҳри замони Кушонӣ як ноҳияи муҳими деҳотӣ дошт, ки осори он ҳангоми кофтукови шаҳракҳои ибтидоии асримиёнагӣ пайдо шудааст: Арки Мир (ҳудуди боғи ботаникӣ), Испечактеппа (ҳоло маҳаллаи Испечак), Теппаи Искандарӣ (гузаргоҳи кӯчаҳои Миралӣ Маҳмадалӣ ва Коргар), шаҳркадаи Шиши Хона (маҳаллаи 83).

Душанбе-бозор дар қисмати чапи дарёи Варзоб ҷойгир буд. То инқилоб қаламрави Душанбе аз се деҳа — худи Душанбе, Сари Осиё (ҳоло маҳалла) ва Шоҳмансур (ҳоло ноҳия) иборат буд. Душанбе дар ҳайати аморати Бухоро буд. Соли 1920 охирин амири Бухоро Сайид Олимхон ба ин шаҳр фирор кард, вале дар мохи феврали соли дигар ба муносибати пешравии Артиши Сурх аз ин ҷо ҳам гурехт. Дар ибтидои соли 1922 шаҳрро аскарони босмачиён таҳти рохбарии Анвар-пошо ишғол карданд, вале 14 июли соли 1922 шаҳр боз баргардонида шуд.

Унвони пойтахтВироиш

Соли 1924, пас аз ташкил кардани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар таркиби Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, аз қисми ноҳияи Тоҷик-Лоқай (н. Рудакӣ) ҷудо шуда, Душанбе бо аҳолии камтар аз 500 нафар шаҳр ва пойтахти ҶМШС Тоҷикистон эълон гардид. Баҳсҳо барои пойтахти нав зиёд буданд, баъзеҳо Қаратоғро мегуфтанд, чун он калонтар ва сераҳолитар буд, чун Самарқанду Бухоро ба дасти ҷумҳурии ҳамсоя буданд ва Хуҷанди (Хоҷент) бостон ҳам ҳоло қисме аз ҷумҳурии тоҷикон набуд. Тоҷикистон ягона ҷумҳурие буд, ки пойтахти худро надошт. Интихоб байни Душанбе ва Қаратоғ ба Душанбе монд зеро зарурияти сохти шаҳри (пойтахти) нав бо услуби коммунистӣ ба миён омада буд[6]. Худи ҳамон сол дар он аввалин кӯча бо дарозии 3 км бо номи Советӣ (ҳоз. Афсаҳзода) ва дигаре худи Душанбе пайдо шуд, ки собиқ қишлоқи Душанберо ба ду қисм ҷудо мекард. Моҳи апрели соли 1927 Совети Комиссарони Халқии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи сохтмони шаҳри Душанбе» қарор қабул кард[7].

СталинободВироиш

 
Кӯпрук аз болои Душанбедарё (соли 1930)

16 октябри соли 1929 Душанбе ба Сталинобод (бахшида ба роҳбари ҳамонвақтаи ИҶШС Иосиф Сталин (1924—1953), номаш иваз гардид. Соли 1961 дубора Душанбе номида шуд. Чунин иваз кардани номҳои шаҳру маҳалҳои аҳолинишин дар натиҷаи тағйир ёфтани сохти ҷамъиятиву сиёсӣ дар Тоҷикистон ба вуқуъ омадааст (Ниг: Рӯйхати номгузориҳои навини шаҳрҳои Тоҷикистон). Номҳои ноҳияҳои шаҳр баъди қабули истиқлол тағйир дода шуда барои ёддошти бузургон (И. Сомонӣ, Сино, Шоҳ Мансур, Фирдавсӣ) гузошта шуданд. Соли 1929 аввалин роҳи оҳан сохта шуд, ки Душанберо бо Тошканд ва пойтахти СССР — Москва мепайвандад.  Ин ба тараққиёти саноати бофандагӣ, электротехникӣ ва хӯрокворӣ, мошинсозӣ дар шаҳр такони калон бахшид. 28 августи соли 1939 «Дар бораи бархам додани шӯрои деҳаҳои Шоҳмансур ва Сариосиё» қарор бароварда шуд; деҳкада ба ҳайати шаҳри Сталинобод (баъди соли 1961 — Душанбе) дохил шуд. Павел Лукнитский навишта буд: «Дар аввал шаҳр танҳо майдони деҳаи Душанберо ишғол мекард. Баъдан васеъ ва гул-гул шукуфта, дигар даҳаҳои пештара: дар ҷануб — Шоҳмансур, дар шимол — Сари Осиёро забт ва аз нав обод кард.

ҶуғрофияВироиш

Душанбе — маркази Агломератсияи Душанбе ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Душанбе дар баландии 600 м дар водии Ҳисор ҷойгир буда, аз он дарёи Варзоб (онро гӯё, ки ба 2 қисм тақсим мекунад) ва Кофарниҳон (дар қисми Ҷанубӣ) мегузаранд Шаҳри Душанбе то соли 2018 аз чор тараф бо ноҳияи Рӯдакӣ ҳамсарҳад буд. Пас аз васеъкунии шаҳр аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар шарқ — бо ноҳияи Ваҳдат, дар шимол — бо ноҳияи Варзоб, дар ғарб — бо ноҳияи Ҳисор, дар ҷануб — бо ноҳияи Рӯдакӣ ҳамсарҳад аст. Аз чаҳор ноҳия иборат аст: Сино, Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур.

Ҳудуди васеъшудаВироиш

Дар қарори Ҳукумат “Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе”, ки ҳанўз соли 2017 қабул шуда буд, гуфта мешуд, ки домани ҳудудҳои пойтахт ба 18 ҳазор гектар то соли 2025, ба 25 ҳазор гектар то соли 2040 ва ба 30 ҳазор гектар пас аз соли 2040 васеъ карда мешавад.

Дар ҷаласаи 22-юми даъвати панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи МММО Муҳаммадюсуф Имомзода ин масъаларо шарҳ дода қайд намуд, ки дар асоси санади пешкаш кардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси депутатҳои халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ оид ба тағйир додани сарҳадҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ” аз ҳисоби заминҳои деҳоти Чоряккорон, Чортеппа, Сарикиштӣ, Чимтеппа, Россия, Гулистон ва шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ ба қаламрави маъмурии шаҳри Душанбе беш аз 7659,25 гектар замин илова мешавад.[8]

Мувофиқи Нақшаи генералии пойтахт, васеъкунии маъмурӣ-ҳудудии асосӣ ба самти ҷануб ва қисман ба самтҳои шимол, шарқ ва ғарб пешбинӣ шудааст. Моҳи марти соли гузашта маъмурияти шаҳр барномаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанберо то соли 2025 тасдиқ намуд. Васеъ намудани қаламрави шаҳр яке аз бандҳои асосии ин барнома аст.

Ҳудуди Душанбе, бо назардошти заминҳои ҳамроҳшудаи ноҳияи Рӯдакӣ бо масоҳати 7 659,25 гектар, ҳамагӣ 20 318,25 гектарро ташкил дод (ноҳияи Сино – 6224,39, ноҳияи Фирдавсӣ – 5447,96, ноҳияи Шоҳмансур – 4888,90 ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ – 3759,00 га). Аз масоҳати муқарраршудаи шаҳри Душанбе 2091,75 га - заминҳои обӣ, 145,21 га боғ, 12,28 га - тутзор, 2,10 га - боғҳои ситрусӣ, 25,79 га - чарогоҳ, 6390,85 га - нуқтаҳои аҳолинишин, 5,7 га - заминҳои ёрирасони шаҳрвандон, 1372.0026 га - буттазорҳо, 3,7 га - ботлоқзорҳо, 1436,66 га—кӯлу дарёҳо, 310,2 га - гузаргоҳҳои зеризаминӣ, 7227,51 га - заминҳои сохтмон ва киштзор, 1235,03 га - заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашуда мебошанд.

Қаблан шаҳр аз ҳисоби ноҳияҳои гирду атроф, алалхусус аз ҳисоби як қисми ноҳияи Варзоб васеъ шуда буд. Ҳудуди пойтахт қаблан беш аз 12,6 ҳазор гектарро ташкил медод ва то соли 2019 шумораи аҳолии шаҳр ба беш аз 900 ҳазор нафар расид. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон, бо назардошти муҳоҷирати дохилӣ ва мизони баланди таваллуд, шумори ҷамъияти Душанбе кайҳо аз 1 миллион нафар гузаштааст.

Мувофиқи нақшаи генералӣ, шумораи аҳолии шаҳр дар марҳилаи аввал ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар ва баъд ба 2 миллион нафар мерасад. Душанбе дар байни шаҳрҳои кишвар аз ҷиҳати зичии аҳолӣ пешсаф аст: ба ҳар километри мураббаъ ба ҳисоби миёна 6400 сокин рост меояд. Дар рафти нишасти матбуотии моҳи январи соли 2019 раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода изҳор дошт, ки дар ҳудудҳои ба Душанбе ҳамроҳшуда бунёди 19 ҳазор иншоот дар нақша аст.

Мувофиқи маълумоти омор аз 1 январи соли 2021, ҳамагӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 602 740 нафар зиндагӣ мекунад, шумори хоҷагиҳо 95 872 аст. Аз ин миқдор ба пойтахт 35767 хоҷагӣ бо 218260 нафар аҳолӣ гузаронда шуданд. Ба Душанбе аз қаламрави ҷамоати Россия 9 нуқтаи аҳолинишин, аз Чимтеппа 12, Сарикиштӣ 8 деҳа ба пуррагӣ ва 5-то қисман, Чоряккорон 2 деҳа пурра ва 6 деҳа қисман, Гулистон 5 деҳа пурра ва 1 деҳа қисман, Чортеппа 2 деҳа пурра ва 2 деҳа қисман, аз шаҳраки Навобод 2 гектар замин пайваст карда шуданд.[8]

АҳолӣВироиш

Аҳолӣ — зиёда аз 948 800 нафар (01.10.2020)[9], дар соли 2022 — 1 201 800 нафар, дар ҳудуди агломератсияи Душанбе — 1,5 миллион нафар.

Мақолаи асосӣ: Аҳолии Душанбе
Сол Шумора
1875 10 000 [10]
1911 20 000
1920 3 140 [11]
1924 283 [12]
1926 5 600
1929 7 298 [13]
Сол Шумора
1933 35 818
1939 82 600
1949 150 000
1959 233 500
1970 376 200
1979 493 528 [14]
Сол Шумора
1989 595 820 [14]
2000 561 895 [14]
2009 709 600
2010 724 844 [15]
2011 747 600
2014 778 500
Сол Шумора
2015 852 000
2016 802 200
2020 863 400 [14]
2020 948 800 [16]
2021 1 185 400
2022 1 201 800 [17]

ИқлимВироиш

Иқлими Душанбе
Нишондод Янв. Фев. Март Апр. Май Июн Июл Авг. Сен. Окт. Нояб. Дек. Сол
Максимуми мутлақ, °C 21,6 23,1 29,6 33,8 38,8 42,8 49,0 42,8 38,9 36,8 29,7 24,3 49,0
Максимуми миёна, °C 9,4 10,6 15,6 20,6 26,1 32,8 35,6 34,4 30,0 23,3 15,6 10,6 22,1
Ҳарорати миёна, °C 1,7 4,0 8,8 15,1 19,7 24,8 27,4 25,4 20,3 14,2 8,6 4,0 14,5
Минимуми миёна, °C −0,6 1,7 5,6 9,4 13,3 17,8 19,4 17,2 12,8 7,8 3,3 0,6 9,0
Минимуми мутлақ, °C −26,6 −17,3 −13,4 −7,8 1,2 8,4 10,9 8,1 3,0 −4,4 −13,5 −19,5 −26,6
Андозаи бориш, мм 66 75 108 105 66 6 3 1 3 31 45 60 568
Сарчашма: Sistema de Clasificación Bioclimática Mundial Hong Kong Observatory

[1]

Тақсимоти маъмурӣВироиш

Мақолаи асосӣ: Ноҳияҳои Душанбе

СаноатВироиш

Душанбе ба калонтарин маркази саноатӣ табдил ёфтааст. Дар пойтахт ба миқдори 40 фисад (%) иқтидори саноатии кишвар ҷойгир буд, тақрибан 15 фисади (%) аҳолии ҷумҳурӣ зиндагӣ мекард ва чоряки маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро истеҳсол мекард.

Комплекси саноатии пойтахт ҳоло 230 корхонаи саноатии гуногуншаклро дар бар мегирад, ки дар он зиёда аз 19 ҳазор аҳолии пойтахт фаъолият доранд.[18] Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот 30 % молҳои сермасриф (аз ҷумла хурокворӣ) ташкил медиҳад. Маҳсулоти аз коргоҳҳои пойтахт ба фуруши беруна содиротшаванда: матоъҳои пахтагин, ресмони пахтагин, коркарди маҳсулоти ҷуроббарорӣ, маҳсулоти кабелбарорӣ, арматура ва маҳсулоти коркарди кишоварзӣ ва диг. ташкил медиҳад. Зиёда аз 10 корхонаҳои якҷоя бо ширкатҳои хориҷӣ дар Душанбе фаъолият доранд.

Тақсимоти корхонаҳои истеҳсолӣ аз нуқтаи назари соҳаҳои бартарӣ дошта.

    • Саноати сабук — соҳаи бештар тараққикардаи саноати комплексии пойтахт мебошад. Чунин ҳолат ба он маънидод мешавад, ки манбаи асосии ашёҳо (пахта, нахи маҳинах ва ғайра) дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд. На танҳои корхонаҳои шаҳр, балки корхонаҳои бузурги ҷумҳуриро ба мисли ташкилоти истеҳсолии ҶММ «Насоҷӣ» (корхонаи бофандагӣ ва ресандагӣ), ки бо қувваи истеҳсолӣ дар як сол коркарди пахтаи маҳинахро ба 25 ҳазор тонна мерасонад, дар бар мегирад. ҶС «Чевар» корхонаи барои истеҳсоли маҳсулоти дузандагии тайёр, ҶС «Нафиса» корхонаи коркарди маҳсулоти ҷуроббарорие, ки дар айни замон асосан маҳсулоти худро ки аз нахи пахта иборат аст, истеҳсол меамоянд.
    • Соҳаҳои барқӣ, мошинсозӣ ва металлургӣ — корхонаҳои азими ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд. ИИВД «Текстилмаш» (истеҳсоли дастгоҳҳо ва таҷҳизот барои саноати пахтатозакунӣ, хоҷагии қишлоқ, истеҳсоли ҳисобкунакҳои газӣ, неъругоҳҳои барқии хурд ва автономӣ, васл намудани техникаи хоҷагии қишлоқ) ҶС «Тоҷиккабел» — корхонаи истеҳсли маҳсулоти кабелӣ (зиёда 40 номгӯи ва намуд сар карда, аз кабелҳои телефонӣ то кабеҳои пуриқтидори электронӣ) ҶС «Сомон-таҷҳизот» корхонаи истеҳсоли техникаи электронӣ, молҳои электрикӣ маиши, ҶС «Торгмаш» — корхонаи истеҳсоли таҷҳизот барои муассисаҳои савдо, ҶС «Заводи арматурбарорӣ» — корхонаи истеҳсоли рехти чуян, арматура.
    • Саноати хурокворӣ ва коркардабарорӣ: Тамоми намуди маҳсулоти хуроквориро истеҳсол менамоянд, инчунин молҳои машруботиро. Яке аз соҳаҳои калонтарин ин комбинати ширбарорӣ ва гушту консерва, заводи машруботи шаҳри Душанбе, комбинати хуроквории Тоҷикистон, корхонаҳои маҳсулоти нон «Нонпаз», қанодӣ, фабрикаи «Ширин» мебошанд.
    • Саноати масолеҳи бинокорӣ — заводи сементбарории шаҳри Душанбе, заводи шифербарорӣ, заводи хишбарорӣ ва инчунин дигар корхонаҳоро, ки масолеҳи бинокорӣ конструксияи бетонӣ истеҳсол менамоянд, дар бар мегирад.
    • Соҳаи электроэнергетикӣ — корхонаҳои Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ва неругоҳҳоии барқии Варзоб — корхонаҳои коркарди электроэнергетикӣ ва гармиро дар бар мегиранд. 8 декабри соли 2016 Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 300 МВт ва 167 Гкал гармӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Боз ду агрегат ба кор дароварда шуд[19]. Иқтидори умумии нерӯгоҳи когенераторӣ ба 400 МВт расид.
    • Саноати кимиёвии пойтахт — аз корхонаҳои коркардбарории масолеҳи нефтӣ ва истеҳсоли ашёи пластмассагӣ иборат аст.
    • Саноати ҷангал, коркарди чӯб, қоғаз ва селюлоза — ба худ корхонаҳои истеҳсоли коркарди ҷангал, истеҳсоли ашё барои мебел, ки ба стандартҳои давлатӣ таносуб аст, дар бар мегирад.
    • Саноати полиграфӣ — зиёда аз 20 коргоҳҳро дар бар гирифта, ки китоб ва дигар намуди чопи полиграфиро истеҳсол менамоянд[20].
    • Саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ — декабри соли 2020 корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷилои ҶДММ «Асрори санг»[21] ва ҶДММ «Строй комплекс» корхонаи коркарди санги хоро ва мармари «СТОУН Сервис»-ро ба истифода додаанд.[22]

Маркази илмӣ-фарҳангӣВироиш

 
Қасри Миллат
 
Китобхонаи миллии Тоҷикистон
 
Хиёбони Саъдӣ Шерозӣ
 
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
 
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино
 
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ китобхонаи ба номи А. Фирдавсӣ
 
Маркази ақди никоҳ
 
Театри ҷавонон ба номи М. Воҳидов
 
Амфитеатр дар Душанбе
 
Ҳайкали нависандагон С. Айнӣ ва М. Горкий
 
Маҷмааи «Истиқлол»
 
Маҷмааи «Истиқлол» намо дар шом

Душанбе яке аз калонтарин маркази илмӣ-фарҳангӣ ба шумор меравад. Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки ба он 20 Пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ шомил буда, дар онҳо дар соҳаҳои физика, астрофизика, риёзиёт, зилзилашиносӣ, кимиё, геология, гастроэнтрология, зоология, ботаника, рустаниҳои физиологӣ, генетика, иқтисод, фалсафа, ҳуқуқ, таърих ва бостоншиносӣ, этнографӣ, забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ тадқиқотҳо бурда мешаванд. 23 донишгоҳҳу донишкадаҳои пойтахт ҳар сол ҳазорҳо мутахассисони соҳаи гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳуриро тайёр менамоянд.

Нақши Душанбе дар рушди фарҳанг бузург аст. Устодони барҷастаи назму насри муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Муъмин Қаноат, Боқӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Лоиқ Шералӣ ва дигарҳо дар рушди адабиёти муосири тоҷик на танҳо дар Ватани худ, балки дар дигар мамлакатҳои Шарқу Ғарб машҳур буда, саҳми беандозае гузоштаанд[23].

Соли 2011 дар Душанбе бузургтарин дар Осиёи Марказӣ Китобхонаи миллии Тоҷикистон бунёд карда шудааст, теъдоди хазинаи китобҳояш зиёда аз 6 000 000 нусхаро ташкил медиҳад.

МаорифВироиш

Тоҷикон яке аз мардумони қадими Осиёи Марказӣ мебошанд, ки фарҳанги бостонӣ ва муассисаҳои таълиму тарбияи дар замони қадим ва ибтидои асрҳои миёна ташаккулёфта (дабистон, дабиристон ва ғайра) доштанд. Дар асрҳои миёна ин низоми таълиму тарбия дар шакли мактабу мадрасаҳо, ки барои омӯзонидани шариати ислом ва дигар улуми мутадовилаи вақт роиҷ буд, амал менамуданд. Дар мактабҳо таълими ибтидоӣ ва дар мадрасаҳо таълими миёна ва олӣ марсум буд[24].

Даврони шӯравӣВироиш

Пас аз истиқрори Ҳокимияти Шӯравӣ масоили маориф, омӯзишу парвариш, сохтмони мактабҳо, муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар мадди аввал қарор гирифтанд. 15 марти 1921 дар Душанбе Нозироти вилоятӣ (Шуъбаи маорифи халқи Бухорои Шарқӣ) таъсис ёфт. Бо ташаббуси ин Шуъба июли 1921 Анҷумани вилоятии кормандони маориф давъат шуд. Дар ин Анҷуман камбудҳои кори мактабу маориф мавриди муҳокима қарор гирифтанд ва роҳҳои бартараф намудани онҳо муайян гардиданд[24].

Баъди таъсиси ҶМШС Тоҷикистон инкишофи маорифи халқ тибқи нақшаҳои муайян оғоз ёфт, шумораи мактабҳо ва шогирдон зиёд шуд[24]. 14 декабри 1924 дар Душанбе ба ҷойи Шуъбаи маорифи халқи Бухорои Шарқӣ Комиссариати маорифи халқ созмон дода шуд, ки сарварии онро Аббос Алиев ба уҳда дошт. Дар назди Комиссариат Шӯрои илмии давлатӣ бо сарварии шоири тавоно Абулқосим Лоҳутӣ амал мекард. Ташкили мактабҳои нави шӯравӣ, маҳви бесаводӣ, ба мактаб овардан ва бо таълим фаро гирифтани кӯдакони ятим вазифаҳои асосии Комиссариат гардиданд. Яке аз нахустин иқдомот дар кори маҳви бесаводӣ ҷорӣ намудани таълими ҳамагонии ҳатмӣ буд. Барои тайёр намудани муаллимон соли 1926 дар Душанбе техникуми омӯзгорӣ таъсис ёфт. Барои мактабҳо барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ мураттаб мегаштанд[24].

Соли 1926 дар Душанбе Анҷумани умумитоҷикии Шӯроҳо барпо шуд. Дар ин Анҷуман оид ба ҷорӣ намудани таҳсилоти ҳамагонии ҳатмӣ Декларатсия қабул карда шуд. Дар Декларатсияи мазкур оид ба фаро гирифтани меҳнаткашони ҶМШС Тоҷикистон ба таҳсилоти пурра, гуногунҷабҳа ва ройгон сухан мерафт. Кумитаҳои фавқулодаи маҳви бесаводӣ ва ҷамъияти ихтиёрии «Нест бод бесаводӣ» ташкил гардиданд. Аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ шиор-даъвати «Босавод, биомӯз бесаводро» дастгирӣ карданд. Чорабиниҳо бо номи «Ду ҳафта», «Моҳ»-и маорифи халқ, маъракаҳои маданӣ-маърифатӣ, ҷамъоварии маблағ барои маорифи халқ ва ғайра баргузор мешуданд. Сокинони Душанбе дар ҳашари сохтмони мактабҳо, синфхонаҳо, марказҳои маҳви бесаводӣ фаъолона ширкат мекарданд. Дар муддати кӯтоҳ гурӯҳҳои махсуси таълимӣ баҳри таълими меҳнаткашон ва маҳви бесаводӣ ба кор сар карданд. Пас аз ташкил ёфтани ҶШС Тоҷикистон дар рушду инкишофи маорифи халқ давраи нав оғоз ёфт[25].

Мактабҳои таҳсилоти умумӣВироиш

Соли хониши 1930-1931дар ҷумҳурӣ таҳсилоти умумии ибтидоӣ ҷорӣ карда шуд. Дар баробари ин шабакаи мактабҳои ҳафтсола ва миёна низ афзоиш ёфт. Ба кори сохтмон ва инкишофи мактабҳо қарорҳои Ҳизби коммунист ва Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи ҷорӣ намудани таълими умумии ҳатмии ибтидоии бачаҳои 8-9-10-сола» (25 июли 1930; 14 августи 1930), «Дар бораи рафти таълими ибтидоии умумӣ» (21 феврали 1931), «Дар бораи мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар ИҶШС» (16 майи 1934), «Дар бораи сохтмони мактаб дар шаҳрҳо» (28 феврали 1935) ва ғайра такони ҷиддие шуданд. Дар миёнаи солҳои 30 садаи XX масъалаи маҳви бесаводӣ дар шаҳрҳо ба таври умумӣ ҳал гардид[25].

Ба сохтмон ва рушду такомули мактабҳо Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) халал расонд.

Таҳсилоти миёнаи махсусВироиш

Солҳои 40 садаи XX дар Душанбе техникумҳои индустриалӣ, гидромелиоративӣ, тарбияи ҷисмонӣ, омӯзишгоҳи роҳи оҳан ва ғайра ифтитоҳ шуданд[26].

Муассисаҳои олии таълимӣВироиш

Нахустин мактаби олии Тоҷикистон Институти давлатии педагогии Душанбе мебошад, ки соли 1931 таъсис ёфтааст. Дар ибтидо он се шуъба — забон ва адабиёт, педагогӣ, агробиологӣ дошт. Баъдан, солҳои 1935—1940 факултетҳои нав таъсис ёфтанд[26].

Тарбияи томактабӣВироиш

Аз рӯзҳои аввали таъсиси ҶМШС Тоҷикистон ва баъдан ҶШС Тоҷикистон Ҳукумат ба масоили тарбияи томактабӣ таваҷҷуҳ менамуд. Нахустин боғча барои 25 нафар кӯдак ифтитоҳ шуд. Минбаъд шумораи муассисаҳои томактабӣ ва тарбиятгирандагони онҳо афзоиш ёфт. Аз соли 1955 бунёди боғчаҳои бачагон дар назди корхонаҳои шаҳри Душанбе оғоз гардид. Соли 1955 дар назди корхонаҳо 20 боғчаи бачагон фаъолият мекард[27].

Такмили ихтисосВироиш

Бо мақсади самарабахш гардидани ҷараёни таълиму тарбия, таъмини омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, дастурҳои илмию педагогӣ ва методӣ 21 августи 1930 дар Душанбе Институти илмӣ-таҳқиқотии илмҳои педагогӣ таъсис ёфт. 20 январи 1935 Институти такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи педагогика (омӯзгорӣ) ба кор шурӯъ кард. Соли 1962 он номи Институти марказии такмили ихтисоси муаллимонро гирифт. Ҳоло ин муассиса чун Институти марказии такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф фаъолият менамояд[27].

Омори кунунии маорифВироиш

  • Миқдори мактабҳои маълумоти олӣ — 23;

дар онҳо:

  • Донишҷӯён, ҳазор нафар — 103,6;
  • Мутахассисони хатмкунанда, ҳазор нафар — 17,7;
  • Миқдори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ  — 13;

дар онҳо:

  • Хонандагон, ҳазор нафар — 16,1;
  • Коргарони мутахассиси хаимкунанда, ҳазор нафар — 2,4;
  • Миқдори мактабҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва шабона) — 140;

дар онҳо:

  • Хонандагон, ҳазор нафар — 180,8;
  • Омӯзгорон, ҳазор нафар — 7,9;
  • Миқдори муассисаҳои бачагонаи томактабӣ — 124;
  • дар онҳо кӯдакон, ҳазор нафар — 27,4[28]

Ёдгориҳои меъморӣ-таърихӣВироиш

ОсорхонаҳоВироиш

Муассисаҳои театрӣВироиш

(ба ҳолати 01.07.2019)

Муассисаҳои консертӣВироиш

ФурӯшгоҳҳоВироиш

Дар шаҳр фурӯшгоҳҳои бузург ва марказҳои савдо зиёданд. Чун анъана дар Осиёи Миёна, ин ҷо бозор низ фаъоланд.

  • Бозори «Шоҳмансур» (ҳамч. Зелёний Базар; баста шуд)
  • Бозори «Баракат» ё «Путовский» (баста шуд)
  • Бозори «Деҳқон»;
  • «Бозори Саховат»;
  • Бозори «Сафариён» (қабл. Аҷинабозор);
  • Бозори «Султони Кабир» (баста шуд);
  • Бозори «Корвон»;
  • Бозори «Фаровон»;
  • Бозори «Меҳргон» (то 2017 — «Пойтахт-90»);
  • Бозори «Кӯшониён»;
  • Бозори «Ҷал-Ҷам» (баста шуд);
  • Ашан;
  • «Сиёма молл»;
  • «Душанбе молл».

Боғу гулгаштҳоВироиш

НашрияҳоВироиш

Миқдори рӯзнома ва маҷалаҳои ҷумҳуриявии дар шаҳр нашршаванда:

  • рӯзнома — 37;
  • маҷалла — 37.

аз ҷумла Маҷаллаи «Тоҷикистон», «Илм ва ҳаёт», Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», «Фарҳанг», «Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», Рӯзномаи «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Азия-плюс», «Паёми Душанбе», «Вечерний Душанбе», «Нидои ранҷбар» ва диг. нашр мешаванд.

Дар пойтахт 3 Оҷонсиҳои иттилоотии Тоҷикистон амал карда истодаанд: Оҷонсии иттилоотии «СИМОНЮС», Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс», АМИТ «ХОВАР».

ТандурустӣВироиш

 
Маҷмааи тандурустии Истиқлол, беморхонаи калонтарин дар Осиёи Марказӣ
  • Теъдоди беморхонаҳо — 43;
  • Кати беморони онҳо — 5447;
  • Теъдоди духтурони ҳамаи тахассусҳо, нафар — 6282;
  • Теъдоди муассисаҳои тиббии ёрии амбулаторӣ-дармонӣ диҳанда — 16.

Иншоотҳои варзишӣВироиш

  • Варзишгоҳҳо — 8;
  • Толорҳои варзишӣ — 138;
  • Ҳавзҳои шиноварӣ — 13;
  • Толорҳои теннисбозӣ — 4;
  • Майдонҳои футболбозӣ — 79;
  • Машқгоҳи тирандозӣ — 5;
  • Муҷтамаи майдонҳои варзишӣ — 158;
  • Теъдоди ҷой дар иншоотҳои асосии варзишӣ:
  • Варзишгоҳи Марказӣ — 24 ҳазор;
  • Варзишгоҳи Спитамен (Спартак) — 6 ҳазор;
  • Варзишгоҳи Авиатор — 2 ҳазор.[28]

Робитаҳои байналмилалӣВироиш

Миссияҳои дипломатӣ дар ДушанбеВироиш

БародаршаҳрӣВироиш

Душанбе бо шаҳрҳои зерини дунё бародаршаҳр мебошад:[29]

Душанбе бо Маскав дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ дорад.[30]

Душанбе аъзои Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ, Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо, Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо мебошад.

Дар Душанбе намояндаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Фонди байналхалқии асъор ва дигар институтҳои байналмилалии бонуфуз, корпуси дипломатии давлатҳои хориҷӣ мустақар мебошанд. Барои саҳми беандозаи Душанбе дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ, ҳамфикрӣ ва ҳамрайъӣ дар ҳайёти ҳамарӯза, 4 августи соли 2004 бо қарори ЮНЕСКО ба шаҳри Душанбе Ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ»-и ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором барои солҳои 2002—2003 дода шуд.[23]

ДонистаниҳоВироиш

  • 31 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе рекорди нави ҷаҳонӣ гузошта шуд. Ин рекорди нави ҷаҳонӣ, — ифтитоҳи парчами баландтарини дунё, ки баландии он 165 метрро ташкил мекунад, ба ҳисоб меравад.
  • 8 сентябри соли 2014 Ба ифтихори 90-умин солгарди шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе аз ҷониби Форуми байналмилалии «Мегаполис»-и асри XXI бо Дипломи VII-умин озмуни байналмилалии таҷрибаҳои шаҳрии шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё «Шаҳре, ки он ҷо зистан мефорад» — 2014 барои ободонӣ, рушди инфарасохтории муосири шаҳрӣ ва дар сатҳи олии ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳои байнидавлатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай сарфароз гардид.[31]
  • Душанбе соли 2017 аз ҷумлаи 20 шаҳри тамошобоби қитъаи Осиё дар маҷаллаи The Telegraph Бритониёи Кабир номбар карда шудааст.[32]
  • 8 сентябри соли 2022 дар маркази шаҳри Душанбе маҷмааи «Истиқлол» кушода шуд. Маҷмааи «Истиқлол» 121 метр баландӣ дорад, ки он рамзӣ аст, яъне қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991 асри XX ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд. Масоҳати умумии маҷмааи рамзи «Истиқлол» 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 ҳазору 761 метри мураббаъ мебошад.[33]

Аксҳои ДушанбеВироиш

Нигаред низВироиш

ЭзоҳВироиш

  1. Агенти омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АЊОЛИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 14 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  2. В Душанбе водителям начали выдавать госномера с новой серией 10 вместо 01 - Новости Таджикистана ASIA-Plus. asiaplustj.info. 18 январи 2023 санҷида шуд.
  3. Агенти омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АЊОЛИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 14 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  4. «Ҳудуду-л-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 хиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. Теҳрон: Китобхонаи Таҳурӣ, Ширкати офсети «Гулшан». 1983 — саҳ. 110
  5. ЛеСтренж, Ги. «Сарзаминҳои Хилофати шарқӣ». Тарҷумаи Маҳмуд Ирфон. Теҳрон: Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб. 1336 ҳ.ш. = 1958 м. — саҳ. 468
  6. Душанбе –столица таджиков Мовароуннахра(рус.). Радио Озоди. 12 августи 2022 санҷида шуд.
  7. Sputnik Таджикистан. История города Душанбе(рус.). Sputnik Таджикистан (20170414T1824+0500). 12 августи 2022 санҷида шуд.
  8. 8.0 8.1 РӮДАКӢ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД(тоҷ.). www.ichrptj.org (22 марти 2022). 7 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 октябри 2022.
  9. Sputnik Таджикистан. Мужчин больше: в Таджикистане подвели итоги переписи населения(рус.). Sputnik Таджикистан (20211012T1955+0500). 3 октябри 2022 санҷида шуд.
  10. http://tiroz.org/a-ab-sha-ri-diloro-dushanbe/
  11. https://www.jadidonline.com/story/07042010/dr/dushanbeh_cyr
  12. https://iranicaonline.org/articles/dushanbe
  13. https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20200603/russkii-dom-zarazka-i-detskii-sadik-istorii-infektsionnih-bolnits-dushanbe
  14. 14.0 14.1 14.2 14.3 http://www.citypopulation.de/Tajikistan.html
  15. Перепись населения Таджикистана 2010 года
  16. https://tj.sputniknews.ru/20211012/tajikistan-itogi-perepis-naseleniya-1042793998.html
  17. https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
  18. Отголоски приватизации, или Столица без заводов…. 23 сентябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 сентябри 2015.
  19. ТЭЦ-2 на вес золота: Китай «вернёт» свои инвестиции на рудниках Таджикистана. Sputnik (28 ноябри 2019). 28 ноябри 2019 санҷида шуд.
  20. [ http://www.dushanbe.tj/economic/industry/ Бойгонӣ шудааст 19 Декабри 2012  сол.]
  21. Ифтитоҳи корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷилои ҶДММ «Асрори санг» дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон
  22. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи коркарди санги хоро ва мармарро ифтитоҳ намуданд
  23. 23.0 23.1 нусхаи бойгонӣ. 31 октябри 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2012.
  24. 24.0 24.1 24.2 24.3 Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 70. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7
  25. 25.0 25.1 Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 71. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7
  26. 26.0 26.1 Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 72. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7
  27. 27.0 27.1 Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 73. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7
  28. 28.0 28.1 28.2 28.3 Шиносномаи шаҳр(тоҷ.). www.dushanbe.tj. 3 апрели 2021 санҷида шуд.
  29. Шиносномаи шаҳр Бойгонӣ шудааст 11 июли 2013  сол. Сайти расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе(тоҷ.)(рус.)(англ.)
  30. Шаҳрҳои шарик. Муносибатҳои хориҷӣ Бойгонӣ шудааст 3 апрели 2016  сол. Сайти расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе(тоҷ.)(рус.)(англ.)
  31. Шаҳре, ки он ҷо зистан мефорад. 8 ноябри 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 марти 2015.
  32. The 20 least liveable cities on Earth
  33. Осорхона, саҳни тамошо ва кинотеатри 5D. Маҷмааи "Истиқлол" чиро дар бар мегирад?(тоҷ.). www.asiaplustj.info/tj/ (10 сентябри 2022). 21 сентябри 2022 санҷида шуд.

ПайвандҳоВироиш

  • Дар сайти http://www.dushanbe.tj/ метавонед донистаниҳое ба забони русӣ дар бораи шаҳри Душанбе дастрас кунед.

НигаредВироиш

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: