Балалайка
Балалайка (русӣ: балала́йка) — сози мизробии халқии русӣ, ки 3 тор дорад. Онро ба зарбаи ангуштони панҷаи дасти рост менавозанд.
Бо фосилаи кварта ва унисон (торҳои дуюму сеюм) ҷӯр мешавад: тори якум «ля»-и октаваи якум, тори дуюм «ми»-и октаваи якум ва тори сеюм «ми»-и октаваи якум. Диапазони балалайкаи прима аз нотаи «ми»-и октаваи якум то «фа»-и октаваи сеюмро дар бар мегирад. Тори якуми он филиззӣ буда, 2 тори дигараш аз капрон тайёр карда мешавад. То охири садаи XIX дар дастаи балалайка 57 парда баста мешуд. Дар дастаи балалайкаи имрӯза аз 12 то 14 пардаи филиззӣ насб шудааст. Ақидае ҳаст, ки балалайка аз думбура ба вуҷуд омада, аз садаи XVIII дар байни халқ васеъ паҳн шудааст. Дар ташвиқу тарғиби Балалайка балалайканавоз В. Андреев хидмати шоён кардааст. Ӯ нахустин оркестри созҳои миллии русиро ташкил карда, ба он роҳбарӣ намудааст. Минбаъд В. Андреев бо ҳамкории Ф. Пасфоскин балалайкаро такмил дода,
- балалайкаҳои прима,
- балалайкаҳои секунда,
- балалайкаҳои алт,
- балалайкаҳоибас
- балалайкаҳои контрабасро сохтанд.
Дар байни ин созҳо Балалайкаи прима ҳамчун сози оркестрӣ ва якканавозӣ мавқеи намоён пайдо кардааст.
Адабиёт
вироиш- Соколов Ф., Русская народная балалайка, М., 1962;
- Музыкальный энциклопедический словарь, М., 1990.
Сарчашма
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.